Нақлиётҳои ҷамъиятиро GPS-навигатор назорат мекунад

GPS

Сар намуда аз соли 2014 фаъолияти нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанберо GPS-навигатор, ки дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ насб карда шуданд, тариқи Системаи идораи ягонаи муттамарказ назорат карда мешаванд.  

Аллакай корҳои таъмирӣ ва насби таҷҳизотҳо дар Маркази ягонаи диспетчерии назди Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» оғоз шуданд.

Ояндаи наздик таҷҳизотҳои хурди GPS ё ин ки GPS-треккерҳо дар ҳамаи троллейбусҳо (дар хатсайри №1) ва автобусҳо (дар хатсайри №3) насб мегарданд, ки барои қабул ва ирсоли маълумот ба радифи назоратии нақлиётҳо ва лавҳаҳои маълумотдиҳӣ бо вақти воқеӣ дар ҳамаи истгоҳҳои хиёбони Рӯдакӣ хизмат мекунад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки таҷҳизотҳои хурди GPS ё ин ки GPS-треккерҳо на танҳо дар троллейбусҳо ва автобусҳо инчунин дар нақлиётҳои ҷамъиятие ки дар хатсайрҳои гуногуни пойтахт хизмат мерасонанд, насб карда мешаванд.

Шавкат Саидов котиби матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки ин лоиҳа ду сол пеш баррасӣ гардида буд.

«Ин гуна таслимот аз ҷониби шаҳрдории Душанбе аллакай 2 сол қабл роҳандозӣ гардида буд. Айни ҳол аз ҷониби субъектҳои алоҳидаи мусофиркашонӣ ва як ташкилоте ки бевосита бо шаҳрдори оид ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ сару кор дорад  атрофии ин чиз татбирҳои мушаххас роҳандозӣ кардаанд.

Ин танҳо дар хиёбони Рӯдакӣ не, балки дар тамоми шаҳр роҳандозӣ карда мешавад»,- иброз намуд котиби матбуоти Ҳукумати Душанбе, Ш. Саидов.

Абдуҳалим Маҷидов мудири Шӯъбаи равобит бо аҳоли ва Воситаҳои ахбори оммаи Муасиссаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» оид лавҳаҳои маълумотдиҳӣ ва раванди кори, ин лавҳаҳо чунин иброз намуд.

«Мақсад ин пеш аз ҳама назорати фаъолияти воситаҳои ҳамон нақлиётҳое, ки дар онҳо ҳамин чизҳо насб шудаанд.

Аввал дар хати сайри троллейбуси №1 ва хати сайри автобуси №3 ин гуна таҷҳизот пайваст карда мешавад ва танзимгари асосӣ, ин муттамарказ мебошад, ки ҷадвали корӣ, аз рӯи ин ҷадвал кор бурдани воситаҳои нақлиёт, диспетчер ҳамаи ҳамин равандҳои фаъолияти нақлиётҳои ҷамъиятиро тариқи ин марказ назорат карда, идора мекунад.

Мо дар нақша дорем, ки пеш аз ҳама дар 35 истгоҳҳои хиёбони Рӯдакӣ таблоҳои маълумотдиҳанда насб кунем, ин гуна таблоҳо оиди нақлиёти наздиктарин дар куҷо ҳасту пас аз чанд дақиқа дар ҳамин истгоҳ расида меояд, маълумот медиҳад», - А. Маҷидов.

Ҷумаҳон Давлатов директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии  «Автобус 1» иброз дошт, ки ба автубосҳои хатсайри рақами 3 аллакай бо GPS треккерҳо насб карда шуданд.

«Мо аллакай дар 12 воситаҳои нақлиёт GPS-треккерҳоро насб кардем, лекин онҳо ба ягон ҷо пайваст нашудааст.

Моро бояд ба онҳо насб кунанд, ки мо онҳоро назорат кунем. Пас аз ба анҷоми ин хатсайр, мо насби GPS-треккерҳоро ба хати сайри №8 мегузарем», - Ҷ. Давлатов.

Абдулхайр Алиев директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлати «Троллейбус» бошад иброз медорад, ки айни ҳол дар ягон троллейбуси хатсайри рақами 1 GPS-треккерҳо насб карда нашудаанд.

«Корҳои тайёри ҳасту то ҳол пайваст карда нашудаанд, танҳо дар хатсайри троллейбуси №1 пайваст карда шудааст, чунки онҳо дар кӯчаи маркази мегарданд.

Агар натиҷа нишон диҳад, ки ин чиз барои фоидаи ҷамъият ҳаст, баъд ба ҳамаи воситаҳои нақлиёти ҷамъияти ин гуна таҷҳизотҳо пайваст карда мешаванд, лекин имрӯз ба таври пилоти дар хатҳои сайри автобуси №3 ва троллейбуси №1 насб карда шудааст», - А. Алиев. 

Лоиҳаи «Дастгирии идораи устовори нақлиётҳо дар шаҳри Душанбе» аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ гардида истодааст.

Лоиҳа аз чанд марҳила иборат аст, ки марҳилаи аввал бояд то нимсолаи якуми соли 2014 ба анҷом расад.

Ин лоиҳа ба Ҳукумати шаҳри Душанбе имконият медиҳад, ки нақлиётҳои ҷамъиятиро дар сатҳи баланд назорат кунад, аз рӯи хатсайрҳои муайян шуда, ҷадвали кор, суръат, риоя кардани бехатарӣ ҳангоми ҳаракат ва хизматрасониҳои нақлиётҳои мусофиркашоние ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд.

Дар чорчӯбаи лоиҳа дар назар аст, ки барои рафту омади нақлиётҳои ҷамъиятӣ, хатҳои махсус ҷудо карда шуда, дар канори рости хати роҳ, хатҳои зарди бо ҳудуди 15 км кашида мешаванд ва нишонаҳои махсус дар роҳҳои хатсайрҳои нақлиётҳои ҷамъиятӣ насб карда мешаванд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh