Норасоии муаллимон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон

muallima

Ҳарчанд сол то сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умуми  бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардида бошад ҳам, вале мушкилии норасоии омӯзгорон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо то ба имрӯз ҳаллӣ худро наёфтааст.

Ба ҳолати 20 – уми декабри соли 2014 норасои омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 204 нафарро ташкил  медод, ки асосан аз фанҳои забонҳои англисӣ, русӣ, забону адабиёти тоҷик, таърих, математика, физика, химия, биология, география, технологияи информатсионӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ мебошанд.

Эҳсони Хушвақт котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj сабабҳои асосии норасидани муаллимонро дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ чунин арзёбӣ намуд.

«Яке аз сабабҳои асосии норасоии муалимон дар муасисаҳои таълимӣ, ин пеш аз ҳама ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон аст.

Ҳамчунин нарасидани омӯзгорон – муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷои манзил ва дигар сабабҳо омили норасои муаллимон дар муасисаҳои таълимӣ буда метавонанд.

Соли 2014 тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3826 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм равон карда шудааст.

Дар ҳолати пурра ба ҷои кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, норасоии маскур метавонад бартараф шавад», - иброз намуд котиби матбуот Э. Хушвақт.

Абдураҳмон Юлдошев сардори Шӯъбаи меъёрбандӣ ва музди меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи музди миёнаи моҳонаи муаллимони мактабҳои миёна чунин гуфт.

«Ба ҳисоби миёна муаллиме ки маълумоти олии дорад 650 сомонӣ аз рӯи як ставка ташкил медиҳад. Баъд ғайр аз ин, барои муаллимаҳо, агар муаллими забони русӣ бошад, барои тафтиши дафтар, диктант фоизҳои иловагӣ пардохт карда мешавад», - гуфт А. Юлдошев.

Дар ҳамин ҳол, Санавбар Хоҷаева корманди Раёсати иқтисод ва ба нақшагирӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илм иброз дошт, ки муаллимон аз рӯи категорияи маълумоти таҳсилоти касбӣ музди меҳнат мегиранд, ки аз ставкаҳои корӣ иборат аст.

«Дар мактаби миёна омӯзгороне, ки дар синфҳои ибтидои кор мекунанд як стафкаашон 20 соатро ташкил медиҳад. Дар синфҳои болои аз 5 то 11, 18 соатро ташкил медиҳад.

Муаллимоне бо таҳсилоти миёнаи касби дар синфҳои ибтидои кор мекунад, як ставкаи онҳо 408 сомонӣ муқаррар шудааст, аз синфи 5-ум то 11-ум 385 сомонӣ.

Бо таҳсилоти миёнаи касбии дараҷаи II дар синфҳои ибтидои барои як ставка 433 сомонӣ ва дар синфҳои болои 412 сомонӣ. Бо таҳсилоти миёнаи касбии дараҷаи I дар синфҳои ибтидои 454 сомонӣ ва дар синфҳои болои 433 сомонӣ.

Бо таҳсилоти олии касби дар синфҳои ибтидои 478 сомонӣ ва дар синфҳои болои 454 сомонӣ, таҳсилоти олии касбии дараҷаи II дар синфҳои ибтидои 528 сомонӣ ва дар синфҳои болои 503 сомонӣ, таҳсилоти касбии оли дараҷаи I дар синфҳои ибтидои 575 сомонӣ ва дар синфҳои болои 528 сомонӣ, таҳсилоти олии касби дараҷаи олӣ дар синфҳои ибтидои 649 сомонӣ ва дар синфҳои болои 597 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Илова ба ҳамин маош 15% иловапулӣ барои тавтиши дафтар ва 20% барои роҳбари синфӣ пардохт карда мешавад, ҳамаи ҳамин муқаррарот дар тартиби пардохти музди меҳнати корманди соҳаи маориф дарҷ карда шудааст», - иброз намуд С. Хоҷаева.

Мирҳусайн Нарзиев коршинос масоили сиёсӣ мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар на танҳо муаллимони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ намерасанд, балки забон ва адабиёти тоҷик низ.

«Дар Тоҷикистон имрӯзҳо на фақат муаллимони забони русӣ, балки муллимони забон ва адабиети тоҷик ба таври кофӣ, кифоя нестанд ва он кадрҳое ки Мактабҳои олӣ имрӯз таёйр мекунанд, аксарияташон барои марди-корӣ баромада, аз Тоҷикистон рафта истодаанд, забон ба муаллимҳо он кадар маош намедиҳад, ки дар ҳамчун муаллим шуда кор кунанд», - иброз намуд, коршинос М. Нарзиев.

Барои ҳал намудани мушкилии ҷойдошта, соли 2014 тибқи фармоиши вазири маориф ва илм 3 ҳазору 826 нафар мутахассиси ҷавони равияҳои омӯзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд, аз он ҷумла ба ВМКБ 422-нафар, Хатлон 1 ҳазору 320-нафар, Суғд 931-нафар, Ноҳияҳои тобеи марказ 818-нафар ва ба Душанбе 335-нафар, ки аз ин нишондод 2 ҳазору 595 нафар ё 67% ба ҷойи кор ҳозир шуда, 1 ҳазору 231 нафар ё 32% ба ҷойи кор ҳозир нашуданд ва танҳо 4 нафар ё 0,2% маблағҳои буҷетиро баргардониданд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh