Дар Тоҷикистон занҳои танфурӯш зиёд шуда истодааст

tanfurush

Дар Тоҷикистон сол то сол занҳое, ки ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, зиёд шуда истодааст. Дар муқоиса бо соли гузашта занҳое, ки тани худро мефурӯхтанд, 240 нафар зиёд шудаанд, ки синну соли онҳо аз 18 то 35-ро дар бар мегирад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 897 нафар аз ин ҳисоб 36 нафари онҳо ноболиғ, занҳои танфурӯш ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 240 нафар зиёд шудааст. Агар соли 2013, ин шумора 1 ҳазору 597 нафарро нишон диҳад, пас соли 2014, ин шумора 1 ҳазору 897 нафарро нишон медиҳад, ки 47 нафари онҳо ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд.

Шаҳобидини Мирзо сармутахасиси Шӯъбаи ташкилии ҳуқуқ ва иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оила иброз дошт, ки яке аз сабаби асосии даст задани онҳо ба ин кирдор, ин аз паст будани фарҳанги худи шахс ва инчунин дур мондан аз тарбия падару модар аст.

«Дар бисёр маврид вақте, ки бо чунин  шахсон ҳамсӯҳбат мешавем, онҳо як масъаларо пеша мекунанд, ки ин вазъияти иқтисодӣ аст, лекин қайд кардан зарур аст, ки тамоми шахсоне ки имрӯз дар ҷумҳурӣ кор мекунанд, онҳо ҳам бисёр вазъияти иқтисодии хуб надоранд, лекин ба ин хел корҳои бад ахлоқона машғул намешаванд.

Агар ки ҷойи кор ба онҳо пешниҳод куни барои аз роҳашон гардондан, онҳо розӣ намешаванд», - иброз мекунад Ш. Мирзо.  

Корманди Вазорати корҳои дохилӣ оид ба чораҳои пешгири чунин гуфт. «Барои пешгири ин ҳолат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат низ як қатор чораҳо андешида мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейдҳо гузаронида мешаванд ва ҳангоми боздошт шудан, онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Ҷавондухтароне ки ба танфурӯшӣ машғул шуда истода агар боздошт карда шудаанд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд», - иброз намуд корманди ВКД ҶТ.

Зубайдулло Розиқ собиқ сардори Академияи Ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин иброз дошт.

«Ягога роҳи пешгирии фоҳишагӣ таъмин намудани тарбияи ахлоқии  насли наврас аст, аз мактаб сар намуда, дар рафтору тарбия дар мавзӯи Худо-шиносӣ. Агар тарбияи мо илтибот ба Худо-шиносӣ надошта бошад, натиҷаи хуб дода наметавонад, ин як роҳи асосии пешгирӣ аст.

Дигар роҳи пешгирии асосӣ, ин риояи қонунҳои Ислом аст, вақте ки қонунҳои Ислом дар насли наврас риоя карда шавад, мисол, тарзи либоспӯшӣ, тарзи равиши ахлоқӣ ва ғайраҳо, пас ба ҷамъият насли навраси солим тақдим мешавад», - мегӯяд З. Розиқ.

Фируза Додова духтури занона иброз дошт, занҳое, ки ҳамеша ба ин кор машғул ҳастанд, ба организми онҳо зарари манфии калон мерасонад.

«Танфурӯшӣ ба саломати зарар мерасонад, якум ба бе насли оварда мерасонад, дуюм ба бемориҳои музвини бачадон оварда мерасонад, инчунин доимо ба хурӯҷи бемориҳои гуногун, сеюм ин ки масалан ба бемории вируси норасоии масъунияти одам оварда мерасонад, ки ин тамоман табобат нашаванда аст», - иброз намуд духтури занона Ф. Додова.

Сокини пойтахт Абубакр Талбаков иброз дошт, ки волидайнҳо ба ин кирдор гунаҳкор ҳастанд, чунки фарзанди худро дар синни ноболиғӣ ба шавҳар медиҳанд.

«Сабаби заноне ки бисёртар фоҳиша мешаванд дар он аст ки падару модар дар ҳамин замона фарзандонашонро ба синну соли балоғатнарасида ба шавҳар медиҳанд ва дар зиндаги нофаҳмиҳо мешавад, аз ҳамин сабаб ҷудошавии оила барпо мешавад ва дар он вақт занҳо ба фоҳишагӣ ё танфурӯшӣ машғул мешаванд», - иброз ақида намуд сокини пойтахт А. Талбаков.

Вале дигар сокини пойтахт Аслиддини Асозода сабаби даст задани занҳоро ба танфурӯшӣ, дар шароити ичтимоии онҳо ва кам будани маош арзёбӣ мекунад.

«Сабаби ба бероҳаги рӯ овардани занон дар кули кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, ҳатто дар кишварҳои низомашон исломӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Фикр мекунам, ки сабаби аслии рӯ овардани зани тоҷик ба бероҳагӣ камбудии  ичтимоӣ аст, яъне нарасидани маош камбудии ҷойи кор, агар ҷойи кор бошад, пас музди шоиста надорад», - ибрози ақида намуд, дигар сокини пойтахт А. Асозода.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи нафарони гирифтори бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) зиёд шудааст. Дар 6 моҳи охири соли 2014, зиёда аз 450 нафар шаҳрвандони кишвар ба ин бемори мубтало шудаанд, ки  нисбат ба соли 2012, 20-25 нафар зиёд мебошанд. Аз ин шумор 182 нафарашон занон ва 54 нафарашон кӯдакони то сини 14-сола мебошанд.

Қайд мекунем, ки дар соли 2012 дар қаламрави ҷумҳурӣ занҳои танфурӯш 1 ҳазору 349 нафар, дар соли 2013 1 ҳазору 597 ва дар соли 2014 1 ҳазору 897 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки сол то сол ин шумора шуда истодааст. Занҳои танфурӯш бисёртар дар ҷойҳои бисёр аҳолинишин ва марказҳои ноҳия, вилоятҳо ба назар мерасанд, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғон-теппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва ғайраҳо.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh