47 %-и аҳолии Тоҷикистон бо пахши рақамӣ таъмин гардидаанд

pahshi rakami

Тоҷикистон имрӯз мувофиқи Барномаи давлатии «Рушди пахши рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» бояд то соли 2015 пурра ба пахши рақамӣ гузарад. Айни замон аз 6 давраи гузариш аз пахши анологӣ ба пахши рақамии заминӣ, аз соли 2010 панҷ давраи он бо маблағи зиёда аз 18 млн. сомонӣ, амалӣ карда шудааст.

Айни ҳол 47 %-и аҳолии Тоҷикистон бо пахши рақамӣ таъмин гардидаанд, аниқтар сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғон-теппа, Кӯлоб, Хоруғ ва навоии гирду атрофи ин шаҳрҳо.

Самад Ҳикматов муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки айни ҳол 4 телевизион ва радиои давлатӣ ба пахши рақамӣ гузаштаанд.

«Имрӯз «Шабакаи якум»-и телевизони Тоҷикистон, муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» инчунин 4 радио: «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози тоҷик» ба пахши рақамӣ гузоштанд.

Телевизионҳои хусусӣ низ ба бахши рақами аз рӯи имконият метавонанд, дар баробари шабакаҳои давлатӣ, онҳо ҳам барномаҳои худро ба воситаи пахши рақамӣ, намоиш диҳанд.

Фарқи пахши рақамӣ аз анологӣ, сифат олӣ, аз ҷиҳати иқтисодиро гирам агар барои пахши аналогӣ барои ҳар як шабака агар, ки мо якто фиристандаро истифода барем, дар инҷо ба воситаи як фиристанда чандин шабакаҳои телевизионӣ метавонем дар як мавҷ паҳн намоем, боз як ҷиҳати мусбии пахши рақамӣ ин сарфакории қувваи барқ аст», - иброз намуд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио С. Ҳикматов.

Азимулло Юсупов корманди масъули Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» оид ба марҳилаҳои гузариши аз пахши аналогӣ ба рақамиро чунин арзёбӣ намуд.

«Пахш намудани барномаҳои «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» аз 7 майи соли 2010 фиристандаи пахши рақамӣ бо стандарти аврупоӣ DDSHI2, MPEG4 дар шабакаи телевизонии 46 бо иқтидори 2500вт дар шаҳри Душанбе насб  карда шуда, ба истифода дода шуд.

Ин хати фиристандаи баланди мавҷҳои телевизиони рақамиро таъмин менамояд ва шахсоне ки имконияти хариди телевизионҳои ҳозира замонро надоранд метавонанд аз ҳамон телевизионҳои пешинаи худ бо истифода бурдани «Декод» асбоби хурде, ки ба мавҷпаҳнкунандаҳои (антенна) оддие, ки дар бозорҳои бо нархи 20-25 сомонӣ фурӯхта мешаванд, харида ба телевизионҳо худ пайваст кунанд ва озод аз 10 барномаҳое, ки дар бастаи рақамӣ мавҷуд аст, аз онҳо истифода баранд ва ё тамошо кунанд», - иброз намуд, корманди ҶСК «Телерадиоком» А. Юсупов.

Умед Мадумаров муаллими калони кафедраи асосҳои назарияи радиотехника ва электротехникаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оиди тафовут ва бартариҳои техникаи рақамӣ аз техникаи аналогӣ чунин гуфт.

«Фарқи мавҷҳои радио ва телевизион дар техникаи рақамӣ ва аналогӣ, якум дар техникаи рақами сифат хеле дар сатҳи баланд аст нисбат ба аналогӣ, дар техникаи рақамӣ мавҷҳо аз рӯи коди ду рақама коркард ва интихоб карда мешавад ва шумораи шабакаҳо дар як фиристанда 16 диод зиёд аст.

Дар техникаи аналогӣ бошад, ҳамаи ин камбудиҳо дида мешаванд, якум навъи аналоги ва қонуни «Синнусоид»-и пахш карда мешавад ва дар таркиби худ ин сигнал метавонад тарафи қабул на худи сигналро, балки бисёр сигналҳои монеадор (помех)-ро қабул мекунад», - иброз намуд коршиноси соҳа У. Мадумаров.

Қайд мекунем, ки баъди гузариш аз пахши анологӣ ба пахши рақамии заминӣ мавҷқабулкунандаҳо бояд қабули стандарти телевизионии рақамии DVB - S2 – ро дошта бошад. Баъд аз пурра гузаштан аз пахши анологӣ ба пахши рақамии заминӣ, барномаҳои телевизионӣ бо формати анологӣ қатъ намегарданд ва то соли 2018 баробар бо пахши рақамӣ, пахш карда мешаванд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh