Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд шуда истодаанд

sadama

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон зиёд шудани садамаҳои нақлиётиро дар паст будани маърифати иштирокчиёни роҳ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва итоат накардан ба чароғаки роҳнамо аз тарафи баъзе аз ронандагон мебошад, вале худи ронандагон иброз медоранд, ки сабабҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар ноҳамвории роҳҳо мебошанд.

Тибқи иттилои Раёсати БДА-и ВКД-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 ҳазору 514 адад садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта аниқтар соли 2013, 48 адад ва ё 3,33% зиёд мебошад. Дар натиҷаи рух додани садамаҳои нақлиётӣ 446 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалок расидаанд.

Инчунин, дар ҳамин давра дар кишвар зиёда аз 1 млн.у 90 ҳазор далелҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки назар ба соли 2013, 130 ҳазор далел зиёд мебошад. Аз ин шумора нисбати 641 ҳазору 605 далели қоидавайронкуни протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, беш аз 57 млн.у 240 ҳазор сомонӣ ҷарима, аз ин ҳисоб 26 млн.у 600 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурии Маркази "Шаҳри бехатар" ба фоидаи буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шуданд.

Ба ақидаи Муҳибулло Холов корманди БДА «Боиси ин садамаҳо зиёдкунии суръати ҳаракат аз ҷониби ронандагон аст. Бисёр ронандагон аз ўҳдаи идораи автомобил набаромада ба садама дучор мешаванд. Сабаби рух додани садамаи нақлиёти аз суръати баланд будани ҳаракати ронандагон ба амал меояд».

Абдуғаффор Ҷабборов роҳгузар ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj қайд кард, ки бисёре аз ронандагон ба чароғаки роҳнамо аҳамият намедиҳанд.

«Ҳар вақте, ки ман гузаргоҳи пиёдагардро мегузарам, баъзе аз ронандагон роҳ надода ба суръати баланд мегузаранд бар зами ин, ки чароғаки пиёдагард сабз асту мошингард сурх»-илова кард ӯ.

Ронандаи дигар Исматулло Воҳидов сабабҳои сар задании садамаи нақлиётиро ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати мумфаршии роҳ ва кам будани аломатҳои роҳу хатҳои уфуқӣ мебошад.

«Сабабҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар он аст, ки аломатҳои роҳ ниҳоят кам буда, роҳгузарон аслан дарк карда наметавонанд, ки кадом минтақаи роҳ барои гузаштан мувофиқ аст»- афзуд ӯ.

Ҳамчунин, РБДА-и ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки баҳри бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои максаднок бо номи шартии «Назорат» дар қаламравии ҷумҳурӣ 80 амалиётҳои «Пиёдагард», «Муоинаи техникӣ», «Садо», «Автобус» ва  «Кӯдакон» гузаронида шудаанд, ки дар натиҷа он зиёда аз 50 ҳазор қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ошкор ва нисбати гунаҳкорон ҷазоҳои маъмурӣ андешида шудааст.

Муаллиф: Лайло ШЕРБЕКОВА, Сунатуллои РАШИД

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh