Хонандагони мактаб ба аёдати тифлони ятимхона рафтанд

kudako

Як гурӯҳ хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и пойтахт, ба аёдати тифлони ятимхонаи воқеъ дар Қарияи боло буда, рафтанд ва аз ҳолу аҳволи кӯдакони бошандаи онҷо хабардор гаштанд.

Меҳрубон Файзуллоева, ки бевосита ташкилкунандаи ин иқдом миёни хонандагон буд, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори сайти хабарии dastbadast.tj қайд намуд, ки мақсад аз гирифтани чунин тасмим дар он аст, ки бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба кӯдакону бошандагони хонаҳои кӯдакон ва ятимхонаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

“Ин аввалин иқдоме буд, ки мо хонандагони мактаб онро роҳандозӣ намудем, ба хотири мустаҳкам намудани робитаҳо миёни мактаббачагон ва кӯдакони бошандаи ятимхохонаҳо мо қатъан азм дорем, ки минбаъд ин иқдомро идома дода, мунтаззам аз аҳволи бошандагони ятимхонаҳо хабардор шавем” қайд кард ӯ.

Мураббияи ҳамин ятимхона Гуландом Саидова, ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки кӯдакони ин ятимхона асло танҳо нестанд, чунки парастории онҳоро бевосита роҳбарияти давлат ба ӯҳда гирифтааст.

“Барои ҳар як кӯдаки маскуни ин ятимхона тамоми шароитҳо барои буду бош фароҳам оварда шудаанд, то ки кӯдакон танҳо будани худро эҳсос накунанд”- мегӯяд ӯ.

Дилкушои Маҳмадалӣ хонандаи дигар, ҳангоми сӯҳбат чунин гуфт, ки ба аёдати тифлони ятим аввалин амротиба аст, ки меояд, чун ин тасмим бароияш хеле хуш афтод, мақсад дорад, ки минбаъд низ ба хонаи кӯдакон тез-тез ояд.

“Акнун дигар кӯшиш мекунам, ки ба аёдати ин тифлакон мунтаззам оям, ҳисси бетарафии волидайни ин кӯдакон маро ба ҳаяҷон овард,ки чӣ гуна онҳо тавонистанд фарзандони худро маскуни хонаи ятимон кунанд”- илова кард вай.

Бошандагони хонаи ятимони Қарияи боло зиёда аз 100 нафар буда, ҳаммонанди ин шумора дар дигар ятимхонаҳои ҷумҳурӣ кӯдакони бепарастор умр ба сар мебаранд, ки шумораи умимиашон аз ҳазорҳо зиёд аст.

Муаллиф: Гаҷина Наҷмиддинова

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh