Номувофиқии нархҳои бозор бо музди меҳнат

Bozor

Дар баробари зиёд гаштани музди маоши кормандон нарху навои бозор низ баланд мегардад, ки бевосита барои шаҳрвандон имконияти ба даст овардани ниёзхои заруриро фарохам намесозад. Баландравии нархи ҳамагуна маҳсулоти ниёзия аввалия мушкилотест, ки сокинони шаҳри Душанберо ба ташвиш овардааст. 

Дар ин замина баланд будани нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро дар бозор сокинони пойтахт дар худсарона баланднамоии нарх аз ҷониби савдогарон медонад, вале савдогарон дар навбати худ ин мушкилиро ба таври худ шарҳ медиҳанд. 

Мадинаи Соҳиб соҳибкори бозори марказии шаҳри Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj оид ба афзун будани нархҳо андешаронӣ намуда гуфт, ки ба баланд рафтани нархҳои бозор тоҷирону соҳибкорон гунаҳкор нестанд, чунки соҳибкорон барои ба бозор овардани маҳсулот маблағи зиёд сарф мекунанд ва табиист, ки онро бояд аз ягон ҳисоб руйпӯш намоянд. 

«Худи мо борро аз шаҳру ноҳияҳои меорем, айни ҳол нархи роҳкиро ба самти Душанбе низ қиммат гаштааст, ба ғайр аз ин моро зарур аст, ки ҳангоми воридкунии бор аз Чин боҷҳоро пардохт кунем, барои мо ҳам зиндагӣ кардан даркор аст, мо маҷбур мешавем, ки нархи борро баланд кунем то, ки ҳама хароҷотҳоямон руйпӯш шаванд», -қайд кард ӯ. 

Савдогари дигари ин бозор Зайнаб Саидова иброз медорад, ки авдогарон кӯшиш мекунанд, ки то ҳадди зарурӣ нархҳоро поён фароранд, вале ин ҳам харидоронро қаноатманд карда наметавонад ва онҳо ба ҷангу хархашаро шурӯъ мекунанд. 

«Харидорон омада аз мо талаб мекунанд, ки нархҳоро поён фарорем, вале бо вуҷуди паст кардани нархҳо онхо ҳеҷ чиз намехаранду ба торҳои асаби мо нохун мезананд, мо кӯшиш мекунем то ҳадди зарурӣ нархҳоро паст кунем, вале ин чизро харидорон низ бояд дарк кунанд, ки пасткунии қатъии нарх аз мо вобаста нест» - афзуд номбурда. 

Шоҳиддин Шамсов, ки бевосита ба интиқоли маводи ниёзи аввалия машғул аст, ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки зарур аст муносибати ҳукумати кишвар бо сокинон ва хосатан соҳибкорон наздик карда шаванд, то ки ҳукумат тавонад аз вазъияти ҷойдошта ба пуррагӣ иттилоъ пайдо кунад. 

«Нархҳо аз мо вобаста нестанд, мо наметавонем бо кӯшиши худ онҳоро тағйир дода, ё ки пасту баланд намоем, барои ин лозим аст, ки муносибати сохторҳои дахлдор бо савдогарону сокинон зичтар карда шавад»- қайд кард Ш. Шамсов. 

Сокини шаҳри Душанбе Зӯҳро Раҳмонова ҳангоми сӯҳбат қайд, кард, ки оилаҳои серфарзанд имкони харидани як халта ордро ҳам надоранд, чунки музди меҳнат ниҳоят кам буда, қисме аз аъзоёни оила ҳатто ҷойи кор ёфта наметавонанд. 

«Нархҳои қиммати бозор имкони харидорӣ намудани ҳамагӣ як халта ордро медиҳанд, агар оила серфарзанд бошанд, онгоҳ барои ин гуна оила харидани як халта орд ҳам хеле душвор мегардад, дар як моҳ ҳамагӣ 200 сомонӣ маош мегирем ин маблағ барои таъмин 9 нафар аъзои оила хеле ночиз аст», - мегӯяд З. Раҳмонова. 

Мудири бахши меҳнати омор Неъматулло Бойназаров ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj қайд намуд, ки алабатта мушкилти ҷойдошта аз мадди назари мақомотҳои дахлдор дур нест ва аз ин лиҳоз дар ин самт коррҳо ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда истодаанд. 

«Камомади нишондиҳандаи маош нисбат ба сабади истеъмолӣ айни ҳол яке аз мушкилии асосии натанҳо шаҳри Қурғонтеппа балки тамоми ҷумҳурӣ аст, вале чораҳои мусоидат намудан ба баландравии музди кор ҳамаҷониба андешида шуда истодаанд», қайд кард ӯ. 

Тавре, ки Сангалӣ Раҳимов иқтисодчӣ иброз намуд, бинобар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар самти мувофиқат кардани нишондиҳандаҳои музди кор бо сабади истеъмолии аҳолӣ зиёд кор кардан зарур аст, барои ин моро мебояд як системаи мураттаб ва мукаммали мубориза баҳри мувофиқафтодани ин нишондиҳандаҳоро рӯйи кор орем. 

«Мушкилоти ҷойдошта аллакай қисмати зиёди аҳолиро асар карда, омил барои ақибмонии иқтисодиёти куллии Тоҷикистон мегардад», - мегӯяд иқтисодчӣ. 

Тибқи иттилои Ҳукумати Душанбе баҳри ғани гардонидани дастархони сокинони пойтахт ҳар ҳафта аз тарафи Ҳукумати пойтахт ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан арзон аз нархҳои бозор ташкил ва гузаронида мешаванд. 

Дар ҷумҳурӣ айни ҳол нишондиҳандаи миёнаи музди кор ба 200 сомонӣ мерасад, ки бино бар иттилои иқтисодшиносон нисбат ба нархҳои вуҷуддошта камтар аст ва маҳз дар сурати боло бурдани нишондиҳандаи мазкур метавон сабади истеъмолии аҳолии кишварро ғанӣ гардонид. 

Муаллиф: Низомиддин ИСОЕВ 

акс аз: kloop.tj 

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh