Ба талабот ҷавобгӯ набудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш

transport dushanbe

Аз сабаби зиёд шудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, аксарияти онҳо имрўз ба талаботҳои сифатию стандартӣ ҷавобгў нестанд. Сокинони шаҳри Душанбе бар он ақида ҳастанд, ки нақлиётҳои мусофиркаши талаботҳои шаҳрвандонро қонеъ гардонида наметавонанд.

Корманди Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуда ба хабарнигори dastbadast.tj чунин ибрози ақида намуд, ки ронандаҳои мошинаҳои мусофиркаши пойтахт бо мусофирон муомилаи хуб надоранд, бар замми ин нақлиёти аксари ронандаҳо дар ҳолати бад қарор дорад, ки метавонад, бевосита сабабгори сар задани ҳодисаҳои нохуш гардад. 

«Дар ҳақиқат имрўзҳо дар пойтахт воситаҳои нақлиёти мусофиркаш хело ҳам зиёд шудаанд, аммо хизматрасонии онҳо на он қадар босифат аст, чунки ронандагони воситаҳои мусофиркаш, на маданияти муомила доранду на маданияти рафтор, ба ин нигоҳ накарда онҳо инчунин худсарона бе иҷозатномаи мақомоти дахлдор ҷойҳои нишасти иловагӣ месозанд, арзиши роҳкироро баланд мекунанд, ба тозагии дохил ва беруни воситаи нақлиёт он қ адар аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, хуб мешуд, ки ба ҷойи микроавтобусҳои старекс, мерседес автобусҳои замонавӣ ба хатсайрҳо вобаста карда мешуданд ва ба мардум хизмат мерасонданд», - иброз дошт у.

Вале, Меҳроҷ Обидов, яке аз ронандаи микроавтобуси старекс мегӯяд, ки дар шароити имрўза хизматрасонии воситаҳои нақлиёт ва алалхусус таксию микроавтобусҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

«Таксию микроавтобусҳо фаъолияти худро бонизом ва бо таври фаврӣ ба роҳ мондаанд, ки бевосита талаботҳои мусофиронро қонеъ карда метавонанд», - афзуд номбурда.

Ҳасанҷон Худойқулзода корманди соҳаи маориф ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj аз хизматрасонии воситаҳои нақлиёти имрўза норозигӣ баён карда, чунин мегӯяд.

«Имрўз сифати хизматрасонии воситаҳои нақлиёте, ки дар Душанбе хизмат мерасонад баъзан костагиву камбудиҳо доранд.

Махсусан муносибати ронандагон бо мусофирон ё ин, ки худи техникаҳо дар ҳолати на он қадар хубқарор дошта, баъзан ронандаҳо аз ҷои нишаст зиёд одам мегиранд, ки ин боиси норозигии аҳолӣ мегардад», - иброз дошт Ҳ. Худойқулзода.

Моҳсафар Раҳимова сокини пойтахт оиди ин масъала чунин ибрози ақида намуд.

«Воситаҳои нақлиёти имрӯза моро қонеъ гардонида метавонад, чунки дар ҷое, ки ман зиндагӣ мекунам нақлиётҳои замонавӣ хизмат мерасонанду саривақт ба ҷои лозима бурда мерасонанд».

Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳамарӯза 1617 воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 694 адад автобусҳо, 78 – 80 адад троллейбусҳо, 49 микроавтобусҳо ва 1260 адад нақлиётҳои шахсии корхонаҳо дар 88 хатсайр ба мусофирон хизмат расонида истодаанд. 

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh