Ҳолатҳои ба хонаи пиронсолон бурдани волидайн

domp

Ҳолатҳои ба хонаи пиронсолон бурдани шахсони калонсол дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд шуда истодааст.

Сафар Убайдуллоев роҳбари яке аз Хонаи пиронсолон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj сабаби аслии дар хонаи пиронсолон зиндагӣ кардани муйсафедонро дар надоштани хонаи истиқоматӣ ва ба бепарастории онҳо медонад, чуноне ки худи Убайдуллоев мегӯяд.

«Дар хонаи пиронсолон мо тамоми шароитҳо барои буду боши истиқоматкунандагон ба куллӣ вуҷуд дорад, сари вақт се маротиба ба бошандагон хӯрок дода мешавад, вале ба ҳар ҳол бояд шахсони пирон да хонаи худ зиндагӣ кунанд», - афзуд С. Убайдуллоев.

Тавре, ки яке аз бошандагони ин Хонаи пиронсолон ки худро Назокат муаррифи намуд, хангоми сӯҳбат қайд, кард ӯро духтараш ба Хонаи пиронсолон овардаву дигар хабар нагирифтааст.

«Духтарам маро ба хонаи пиронсолон оварда гуфт, ки боз омада маро мегирад, вале дигар наомад. Дар вақти дар хонааш зиндагӣ карданам, ҳамавақт таклиф мекард, ки ман бояд ба хонаи пиронсолон равам», - мегӯяд у.

Бошандаи дигари Хонаи пиронсолони мазкур Азамат Содиқов ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки дар Хонаи пиронсолон тамоми шароитҳо барои зиндагӣ кардан хуб буда, онхо ба табобат ҳам фарогирифта мешаванд.

«Хуб аст, ки Хонаи пиронсолон дар шаҳр амал мекунад, мо дар ҷойҳои хуб зиндагӣ намуда истодаем, аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашем», - иброз намуд А. Содиқов.

Мунира Шаропова донишҷӯ ва сокини пойтахт сабаби ба Хонаи пиронсолон овардани волидайнро дар хуб ба роҳ намондани муносибатҳои оилавӣ мебинад.

«Борҳо шоҳиди ҳодисаҳое шудаам, ки дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ миёни келину хушдоман, писарон модарони худро ба хонаи пиронсолон меоранд ва боре ҳам фикр намекунанд, ки ин ҳосида метавонад ба сари худи онҳо низ биёяд», - қайд кард М. Шаропова.

Салоҳиддин Субҳонов корманди соҳаи маориф бар он андеша аст, ки сабабҳои ба хонаи пиронсолон бурдани волидайн зиёданд, сабаби асосии он вайроншавии муносибатҳои аъзоёни оила аст.

«Ба Хонаи пиронсолон бурдани падару модар аз сабукфикрии ҷавонон бармеояд. Ин гуна ҳолатҳоро метавон даҳшат ном бурд, зеро нафароне, ки волидайни худро ба хонаи пиронсолон мебаранд, ҳеҷ андешаи хизматҳои падару модар барои худашонро намекунанд», - афзуд С. Субҳонов.

Фаррух Нурхонов хонандаи мактаби миёна атрофи масъалаи зиёд шудани шумораи пиронсолон дар Хонаҳои пиронсолон чунин мегӯяд, ки мумкин аст фарзандон аз волидайни худ ранҷе дида бошанд ё волидайн онҳоро хуб тарбия накарда бошанд.

«Агарчанде сабабҳои дастзадани баъзе аз афрод ба амалҳои зишт аз қабили падару модари худро ба хонаи пиронсолон бурдан зиёд аст, вале ҳеҷ як сабаб набояд асос барои бурдани падару модар ба хонаи пиронсолон бошад», - хонандаи мактаб Ф. Нурхонов.

Дар хонаи пиронсолони шаҳри Қурғон-теппа ки он миёнаҳои асри гузашта бунёд гардидааст, 11 нафар шахсони бепарастор нигаҳбонӣ мешаванд, ки аз ин шумора 4-тои онҳоро занон ва 7-тои онҳро мардони синну соли гуногун ташкил медиҳанд.

Ин ҳолат боиси ташвиш ва нигаронии мақомотҳои дахлдор гардида, масъулини кумитаҳои дахлдор азм доранд, то корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Муаллиф: Парвина РАСУЛОВА, Сабоҳат ҚУРБОНОВА 

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh