Мушкилоти партов дар шаҳри Душанбе

musor

Нисбати солҳои гузашта партовгоҳҳои кўчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе хубтар фаъолият карда истода бошанд ҳам, вале вазъи санитарӣ ва тозагии гирду атрофи қуттиҳои партовҳое, ки дар шаҳр мавҷудаст бо бўи баду ифлоси худ сокинони шаҳрро зиёд ба ташвиш овардааст, чунки чунин ҳолатҳо ба саломатии сокинон зарари ҷиддӣ  мерасонад.

Тавре аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иброз доштанд, қуттии партовҳо дар ҳама  кӯчаву маҳаллахои шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шудааст, аммо мушкилоти асоси дар он аст, ки истифодабарии он аз тарафи сокинон хуб риоя карда намешавад.

«Қуттиҳои партовҳое, ки дар маҳаллаҳои шаҳр мавҷуд аст, бисёри вақт даруни қуттиҳо холи асту партовҳо дар атрофи он гузошта шудааст. Ин аз сабаби надонистани талаботҳои муҳити зист мебошад, ки мо муҳити зистро ифлос менамоем. Қуттии партовҷоҳо вобаста ба ҳамон маҳал ҳар рўз бояд тоза карда шавад».

Дар ҳамин ҳол, ба қавли бархе аз сокинони дигар, рафтори нодурусти одамон ба чунин ҳолат боис шудааст. Афроде пайдо мегардад, ки партови худро на дар қуттиҳои махсуси партов, балки дар атроф ва ё дар ҳамгашти кўчаҳо мерезанд.

Онҳое, ки мегўяд кормандони ободонии марказ масъулияти худро дуруст иҷро намекунанд, далел пеш меоранд, ки онҳо сари вақт партовҳоро тоза намесозанд.

Истиқоматкунандаи кўчаи Борбади шахри Душанбе Дилором Сайдаҳмадова мегўяд, ки  қуттиву ва партовҳое, ки дар шаҳр мавҷуд аст ба талаботҳои замонавӣ ҷавобгӯ нест.

«Мутаассифона дар шаҳри мо қуттиву партовҳое, ки ҳаст ба шароитҳои гигиенӣ ҷавобгу нест. Солҳои зиёд гирду атрофи ҳамон партовгоҳҳо пур аз партовҳо шуда, дар вақти бози кардани кӯдакон дар назди қуттии партовҳо ба ҳар гуна касалӣ дучор шуданашон мумкин аст», - иброз дошт Д. Сайдаҳмадова.

Вале, Сафархон Саидов ки дар кӯчаи Пушкин истиқомат мекунад мегўяд, ки партовгоҳҳо сари вақт бо як реҷаи муайян аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зист тоза карда мешавад.

«Партовгоҳҳо дар кӯчаи мо дар як рўз як маротиба бо реҷаи муқаррар гардида тоза карда мешавад», - иброз дошт С. Саидов.

Истиқоматкунандаи маҳаллаи «Палитехникум» Ҷамшед Ашуров чунин ақида  дорад, ки дар он маҳалла қуттиҳои партовгоҳҳо дар 2-3 рўз як маротиба тоза карда мешавад ва он ҳам ба таври дуруст не.

«Дар назди ҳамаи хонаҳҳои баландошёна қуттиҳои партов аст, вале дар маҳаллаи мо, қуттиҳои партов барои шаш бинои баландошёнае, гузошта шудааст, ки  бевосита буйи ғализи он вориди хонаҳои истиқоматӣ мегардад. 

Партовҳо  аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зист, сари вақт тоза карда намешавад, партов ҷойҳо  дар 6 рўз як маротиба тоза карда мешаванд», - иброз дошт Ҷ. Ашуров.

Бахҳиддин Алиев сокини пойтахт иброз медорад, ки ба ифлос будани кӯчаҳо бештар худи шаҳрвандон гунаҳкоранд, чунки маводи истеъмолнамудаи худро дар ҷойи муайяншуда намепартояд.

«Борҳо шоҳиди бевоситаи он гаштаам, ки худи сокинон партовҳоро дар кӯчаҳову растаҳо ва ҷойҳои пешомада мепартояд, ки дар натиҷа ифлосии шаҳрро асос мегузоранд, барои роҳ надодан ба ин гунна корҳо маданияти шаҳрнишинии сокинон зарур аст, ки баланд бардошта шавад», - афзуд Б. Алиев.

Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе барои партофтани партов 6 соат вақт дар як шабонарӯз барои сокинони пойтахт муқаррар карда буд. Бо дастури шаҳрдорӣ, сокинони пойтахт бояд партовҳои хонаашонро танҳо аз соати 17:00 то соати 23:00 ба нуқтаи партовҷамъкунӣ партовҳоро бароранд, шасхоне ки қарори мазкурро риоя намекунанд, ба ҷаримабандӣ кашида мешаванд. 


Барои ҳалли мушкилоти ичтимои пойтахт шаҳрдорӣ сомонаеро таҳти унвони «Мо метавонем!» роҳандозӣ намуд, то ки сокинонони шаҳр дархосту шикояти худро оид ба масъалаҳои коммуналӣ ба Ҳукумати шаҳри Душанбе арзёбӣ кунанд.


Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh