Фавти кӯдакони то синни 5-сола аз гуруснагӣ

kudakoni-gurusna

Дар натиҷаи тадқиқоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Барномаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Бонки ҷаҳонӣ маълум гардид, ки дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ ва ё хӯроки носолим 35% кӯдакони то синни 5-сола фавтидаанд.

Тибқи иттилои ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ, яъне камхӯрокӣ ё нарасидани хӯроки серғизо дар 10 соли охир сабаби марги зиёда аз 7,5 ҳазор кӯдаки синни соли то 5 сола гардадидааст.

Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабанигори dastbadast.tj иброз доштанд «камхурӣ сабаби кам шудани вазни кӯдак ва қадпастӣ, харобӣ кам шудани микроэлементҳое чун йод, оҳан, витаминҳо ва ғайра оварда мерасонад».

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ таҳлили мазкур бо мақсади баланд бардоштанӣ иқтисодиёти мардум ба роҳи барномаи озуқаворӣ дар Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Тавре аз ЮНИСЕФ изҳор доштанд: «Гуруснагӣ бештар ба кӯдакон таҳдид карда, ба касалиҳои обравии шикам, харобӣ, камвазнӣ ва ба қадпастӣ оварда мерасонад, ки ин аз надонистани меъёри хӯроки кӯдакон мебошад».

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати ташкил ва хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ иброз намуд, ки тадқиқоти гузаронда дар кишвар муайян кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2003 сатҳи бемории камхунӣ (анемия) дар байни занҳои аз 15 то 49 солаи қобили таваллуд аз 41,2 то 28,2% то инҷониб кам шудааст.

«Яъне, ин беҳтар шудани сатҳи хӯрокаи занонро нишон медиҳад, вале ҳанӯз ҳам ин нишондодҳо моро қонеъ гардонида наметавонад, чунки аз 3 як ҳиссаи кӯдакони мо то ҳоло қадпастӣ доранд. Аз ин рӯ, мақсади мо низ он буд, ки сабабҳои онро пайдо кунем», - иброз намуд сардори Раёсати ташкил ва хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ ба хабарнигори dastbadast.tj.

Ба қавли коршиноси соҳаи тиб, Шералӣ Раҳматуллоев яке аз омилҳои таъсиррасон ин манъи рекламаи ғизои сунъӣ ва он маводҳое, ки аз дигар ҷумҳури ба ҷумҳурӣ дохил мешаванд, мебошад.

«Аз ин рӯ, ба кӯдак то 6 моҳагӣ бояд танҳо шири модар дод ва баъди 6-моҳагӣ ғизоҳои иловагии табииӣ, масалан, аз картошка, сабзӣ, карам, шалғам, каду атола (пюре) карда хуронанд», - афзуд Ш. Раҳматуллоев.

Тибқи иттилои сардори Шӯъбаи хизматрасонии ичтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шумораи аҳолии камбизоат 231 ҳазор мебошад. Вале ӯ ба он ки кӯдакон аз камхӯрокӣ ранҷ мебаранд, розӣ шуда наметавонад. Зеро Ҳукумат ба оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонад.

«Оилаҳои камбизоат аз кӯмакҳои иҷтимоӣ бархурдоранд ва ин ҳеҷ номумкин аст, ки бо як тадқиқоти номуайян дақиқ карда бошанд, ки кӯдакони то сини 5 сола аз гуруснагӣ вафот карда бошанд», - изҳор дошт у ба хабарнигори dastbadast.tj.

Табаралӣ Ғаниев, коршиноси масоили иқтисодӣ ва мудири кафедраи иқтисоди меҳнат ва менеҷменти касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки набудани барқ низ омили пас шудани сатҳи зиндагии мардум буда метавонад. Аз ин рӯ, қашшоқиву гуруснагӣ асосан дар деҳотҷойҳо ба назар мерасад.

«Аз аҳволи мардуме, ки дар деҳот зиндагӣ мекарданд, масъулин камтар хабар доранд. Бояд дар мадди аввал сатҳи ақлонӣ ва дониши мардумро баланд кард. Сатҳи ақлонӣ, ки баланд шуд, сатҳи зиндагӣ низ хуб мешавад», - иброз намуд, коршиноси масоили иқтисодӣ Т. Ғаниев.

Бояд қайд намуд, ки ҳар соат дар ҷаҳон 300 кӯдак аз гуруснагӣ ё хӯроки носолим мефавтад, ки дар як сол ҳудуди 2,6 млн. нафарро ташкил медиҳад.

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh