Роҳҳои вайроншудаи пойтахт дар интизории таъмири асосӣ

roh-vayrona

Барои таъмири ҷории роҳҳои шаҳри Душанбе ҳамасола аз буҷаи пойтахт маблағҳои зарурӣ ҷудо карда намешаванд. Ба ақидаи мутахассисон, ронандагон ва пиёдагардон роҳҳои таъмир дидаи ҷорӣ, баъд аз як мавсими зимистон, ҳолати роҳро исбот мекунад, ки ба барфу борон роҳ мутобиқат намекунад.

Ба гуфти ронандагон ва пиёдагардони шаҳри Душанбе ҳолатаи имрӯзаи роҳҳо ба талобот ҷавобгӯ нест, ба он нигоҳ накарда таъмири роҳҳо дар пойтахт идома доранд, агар таъмир ҳам шаванд ба талаботи имрӯза, яъне сифати ҳолати роҳ мутобиқат намекунад, ғайр аз ин таъмир бештар дар кӯчаю хиёбонҳои марказӣ ва протоколӣ ба анҷом расонида мешавад, вале роҳҳои нақлиётгард ва махсусан пиёдагарди кӯчаю хиёбонҳои дур аз марказ тули 5-10 соли охир таъмири асосӣ надидаанд.

Соли 2014 тибқи нақша 19 роҳҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, аниқтар асосан роҳҳои марказии пойтахт: кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С. Шерозӣ то охири кӯчаи Ҷомӣ, қисми ғарбии купруки хиёбони С. Шерозӣ – гардиши нақлиётии кӯчаи Соҳилӣ, чорраҳаи кӯчаҳои Борбад – Ҷомӣ, кӯчаи Умари Хайём аз кӯчаи Турсунзода то баромадгоҳи хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Пушкин, кӯчаи Носири Муҳаммад аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Дӯстии Халқҳо, кӯчаи Карим Манн аз хиёбони С. Шерозӣ то тамомшавии кӯчаи Фучик, ҳамчунин роҳҳои асоси дар маҳаллаҳои Шафтолузор то баромадгоҳи гӯристони шаҳрӣ, дар минтақаи Меҳробод ба таъмир фаро гирифта шуда буданд.

Ба қавли роҳсоз аз идораи Раёсати истифодабарӣ ва нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки аз гуфтани номаш худдори кард, роҳҳои пойтахт тамоман ба талабот ҷавобгӯ нест, чунки ин роҳҳои мумфаршӣ дар давраи Шӯравӣ сохта шуд, аз солҳои 90-ум то ҳол таъмир нагардидаанд. Барои ҳамин чуқуричаҳо рох зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз он изҳор нигаронӣ намуд, ки Ҳукумати шаҳр таъмирии ҷории роҳҳои марказиро ба идораҳои роҳсозии ноҳияҳо вогузор кардааст.

«Таъмири роҳҳои марказиро бояд Раёсати истифодабарӣ ва нигаҳдории роҳҳо накунад. Барои он ки беҳад зиёд аст, қариб 80-90 фоизи роҳҳоро таъмир кардан даркор аст. Бояд тендер ташкил кунанд то ягон корхона роҳҳоро таъмир кунад».

Абдулҳамид Абдулазизов, мутахассиси соҳаи роҳҳо ба хабарнигори dastbadast.tj дар ин маврид чунин ибрози андеша намуд:

«Хунукӣ низ сабаби тез-тез вайрон ё корношоям шудани роҳ мегардад, яъне хунукӣ сахт, ки шуд обҳо ях кардаанд, роҳро хунук мезанад», - гуфт у.

Аммо ронандагонро ҳолати ногувори роҳҳои пойтахт ба ташвиш овардааст ва масъулин ба ҳама роҳҳои шаҳр диққати якхела зоҳир намекунад. Яъне, роҳҳое, ки марказӣ ҳастанду барои гузаштани меҳмонҳои хориҷӣ таъмири хуб мешаванду роҳҳои канори маркази шаҳрро танҳо чуқурчаҳоро пур мекунанд.

Аз ҷумла, Авазхон Раҷабов, як ронандаи нақлиёти мусофирбар дар сӯҳбат чунин гуфт.

«Бояд ҳамаи роҳҳо якхел бошанд. Яъне, роҳи дуюмдараҷаро низ таъмир кунанду якумдараҷаро ҳам. Зеро дигар ин роҳҳои ба кор намеояд, дар 1км. роҳ қариб 2-3 ҳазор чуқурӣ дорад», - иброз кард ронанда А. Раҷабов.

Ба гуфти коршиноси роҳ Абдулҳамид Абдулазизов, низ роҳҳои марказӣ аз роҳҳои дигар фарқ доранд, барои ҳамин дер вайрон мешаванд. Чунки роҳҳои марказӣ таъмири капиталӣ мешаванд, аммо роҳҳои дигар танҳо чуқуричаҳоро пур мекунанд.

«Роҳҳои марказиро пурра ва аз нав мумфарш, яъне, иваз мекунанд. Роҳҳои дигарро ҷойҳои пора-пораро мумфарш мекунанд, барои ҳамин фарқ аз замин то ба осмон зиёд аст», - изҳор дошт мутахассиси соҳа.

Аммо тибқи иттилои Ҳукумати Душанбе роҳҳо ба аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа тақсим нашудаанд, балки дар шаҳр роҳҳо ба худ категорияҳои муайян доранд. Ва дар баробари роҳҳои марказӣ роҳҳои каноравии шаҳр низ таъмир карда мешавад.

Ҳамчунин, ба иттилои Ҳукумати Душанбе ғайр аз таъмири ҷории роҳҳо айни ҳол дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе азнавсозӣ ва таъмири капиталӣ рафта истодааст, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети шаҳр ва он дар назар аст соли 2015 пурра дар 19 роҳҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт таъмирҳо ба анҷом расонида шаванд.

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh