Шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ акнун ба Россия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар карда метавонанд

zagranpasport-tajikistan

Бо пешниҳоди сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Россия минбаъд муҳоҷирони тоҷик бо шиносномаи хориҷӣ вориди ин кишвар бояд шаванд.

Ҳарчанд дар сафари ахири Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расид, аммо баъди он ин аввалин мушкил нест, ки барои муҳоҷирон пеш меоранд. 

Пешниҳоди вуруди муҳоҷирон бо шиносномаи хориҷӣ нахуст аз тарафи Виктор Иванов, сардори Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Россия шуда, аз ҷониби Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар дастгирӣ ёфтааст. 

Сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Россия Константин Ромодановский гуфтааст: «Вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Россия бояд тавассути шиносномаи хориҷӣ сурат бигирад».

Ҳамчунин, ӯ қайд кардааст, ки ин масъалаи оддӣ нест, онро «ҳатман бояд ҳал кард» ва шиносномаи хориҷӣ ба онҳо имкон медиҳад, монеҳои бюрократии ба Россия воридшавиро кам кунад.

Аммо ҳоло ҳама сирро фош намекунам, инҷо пешниҳодҳои мушаххасе ҳастанд», — гуфтааст Константин Ромодановский.

Дар ин замина аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳар давлат ба тартиботи сиёсии худаш нигоҳ карда, қарору қонунҳои худро мебарорад.

«Россия ба тартиботи сиёсии худ нигоҳ карда чунин қарор баровардааст. Пеш аз ин шаҳрвандони мо ба ғайр аз Россия дигар ба ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) бо шиносномаи хориҷӣ мераванд», — иброз доштанд аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

Акнун муҳоҷирон дар баробари он ки, ки барои чипта пул қарз мекунанд, бояд тақрибан 494 сомонии дигар барои шиносномаи хориҷӣ супоранд. Тавре дар ин маврид як масъули Шӯъбаи раводиддиҳӣ ва бақайдгирӣ гуфт: «Расман барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ 404,25 сомонӣ (75$) барои бланка, 60 сомонӣ андоз, 30 сомонӣ барои тайёр кардани лозим аст ва муддати 15-20 рӯз омода мешавад».

Муфаззал Қодиров, ки 10 сол инҷониб ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, мегӯяд, ки то ин дам бо шиносномаи тоҷикӣ боре мушкилаш наомадааст. Дар ҳудуди Россия низ бемалол равуо мекунад. Вале мегӯяд, агар шиносномаро оҷилан гирифтан хоҳӣ нархаш тамоман гарон меафтад.

«Гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои муҳоҷирон, ки худ бо пули қарз чипта харидорӣ мекунанд, боз як мушкили дигар аст. Чунки дар мо ба таври қонунӣ гирифтани он мушкил аст. Аммо агар оҷилан гирифтан хоҳӣ ба воситаи шинос ё пул тамоман гарон мешавад», — гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе аз чунин қарор изҳори бе иттилоӣ карда гуфтанд, ки айни замон муҳоҷирон ба Россия тавассути шиносномаи тоҷикӣ сафар карда истодаанд.

Бояд гуфт, зимни сафари худ президент Владимир Путин ба Тоҷикистон бо ҳамтои худ Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ба имзо расониданд. Дар он ду масъала — яке зиёд кардани мӯҳлати иқомат, дигаре зиёд кардани мӯҳлати кори муҳоҷирони тоҷик мебошад.

Тавре котиби матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт: «Тибқи ин ёддошт мӯҳлати иқомати беқайди муҳоҷирони тоҷикро, ки ҳудуди се рӯз буд ба 15-рӯз дароз карданд. Иҷозаи кор аз як сол ба се сол дароз карда шуд, яъне онҳо пештар баъди гузаштан аз як сол бояд аз сарҳад мегузаштанд. Ҳозир бошад тибқи ҳамкори то се сол метавонанд бе ягон мушкилӣ кору фаъолият намоянд. Ин фурсат танҳо ба муҳоҷирони тоҷик дода мешавад».

Аммо ба қавли таҳлилгарон Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 то 15 рӯз зиёд кардани мӯҳлати дар қайди ҳатмии ҷойи зист будани муҳоҷири кории тоҷик дастовард нест, балки надонистани қонунгузории Россия дар ин бахш аст.

Надонистани забон ва қонунҳои амалкунандаи Федератсия Россия аз ҷониби муҳоҷирон боиси қабули қонуни нав гардид, ки аз 1-уми январи соли 2015 муҳоҷироне ки ба қаламрави Россия барои коркунӣ сафар мекунанд, бояд аз имтиҳони оиди донистани забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқро супоранд ва ҳангоми бомуваффиқият супоридани имтиҳонҳо онҳо дорои Сертификат мешаванд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ аз онҳо талаб карда мешавад.

Саймиддин Дӯстов дар ин маврид гуфт: «Ин қонунгузорӣ ҳамчунин иҷозатро то 7 рӯз додааст. Бар замми ин, укроинҳо 5-6 соли пеш муҳлати 90-рӯзиро аз Россия имтиёз гирифта буданд. Дар ҳоле ки қирғизҳо 5 сол пеш аз Россия имтиёзи то 6 моҳ бидуни иҷозатнома кор карданро ба даст оварданд».

Бо ин вуҷуд, маҳз баъди сафари президенти Россия, Хадамоти федералии муҳоҷират лоиҳаи қонунеро омод, ки махсус барои муҳоҷирони тоҷик будааст. Яъне, дар Россия барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади Россия ва ташкили ғайриқонунии муҳоҷират мўҳлати иҷрои ҷазо то 5 сол боло бардошта мешавад. Барои содир кардани ин ҷиноятҳо ҳангоми дар ҳолатҳои вазнинкунанда қарор доштан, то 7 сол дароз карда мешавад.

Бо қабул шудани ин лоиҳаи қонун, акнун ин тарзи қонунвайронкунӣ аз ҷазои маъмурӣ ба ҷиноятӣ гузаронида мешавад.

Барои муҳоҷирон ташвишовар ин аст, ки мўҳлати депортатсия ё ихроҷи муҳоҷирон, ки 5 сол буд, то ба 10 сол боло карда мешавад.

Ҳамчунин бояд кайд намуд, ки аз 20-уми декабри соли 2014 дар Тоҷикистон фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба самти тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсия Россия бо шиносномаҳои дохили Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh