Барои имомхатибони тоҷик имруз Маркази таълимии махсус фаъолият карда истодааст

imomkhatib

Дар Душанбе барои имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон Маркази омӯзишӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин гуна марказ махсус имомхатиб омода карда мешаванд. Вале бархе таҳлилгарон ба он назаранд, ки Ҳукумати кишвар мехоҳад ба ин восита фаъолияти масҷидҳову имомхатибонро таҳти назорати худ гирад.

Ба гуфтаи роҳбари Маркази омодасозии имомхатибони ҷумҳурӣ Атовулло Қосимов, таъсиси ин Марказ танҳо ба хотири тарбияи имомхатибони ҷавони боилм ва огоҳ мебошад.

Тавре ӯ ба хабарнигори dastbadast.tj гуфт: «Таъсиси марказ танҳо ба хотири пайдо сохтани имомхатибони ҷавон ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин самт сурат гирифт».

Ҳамчунин, ӯ илова намуд, ки муддати таҳсил дар ин Марказ се моҳ  буда, пас аз он хатмкунандагон иҷозати имомхатибиро мегиранд.

Дар ин маврид Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, таъсиси маркази омӯзиши барои имомхатибон танҳо барои назорат бурдан аз болои кори эшон аст.

«Таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои имомхатибон ба хотири он аст, ки шурӯъ аз давраи омӯзиш дар кори онҳо назорат ҷорӣ шавад. Яъне барои аз кори имомхатибон хабардор гаштан, баҳонаи хубест», — қайд кард М. Ҳайит.

Атовулло Қосимов ба он бовар аст, ки баъди аттестатсия гузаронидан миёни имомхатибон маълум гардид, ки аксарияти имомхатибон бедонишона ба тарбия ҷомеа машғул буданд.

Дар ҳамин ҳол муовини раиси ҲНИТ гуфт: «Имомхатибоне, ки баъди аттестатсия бо ҷурми бесаводӣ хориҷ шудаанд, бесавод ва беилм набуданд. Гуноҳи онхо танҳо он буд, ки ҳукуматро мадҳ намекарданд».

Ҳамчунин, ба қавли вай, оянда баромаду мавъизаҳои ин имомхатибон низ таҳти назорат хоҳад буд.

Дар мавриди ин икдом коршинос Мӯсо Асозода бар он назар аст, ки агар дар воқеъ таъсиси марказ тавонад бесаводии имомхатибонро барҳам занад, пас, чораи хеле хуб аст.

Тавре ӯ қайд кард: «Аслан ҳар гуна омӯзиш бар нафъи кор аст. Чун имомхатибон фардҳое ҳастанд, ки таълим ва тарбияро ба ӯҳда доранд, бояд такрор ба такрор омӯзиш бигиранд».

Вале дар ин зимн, руҳонии кишвар Бурҳониддини Халилаллоҳ изҳор медорад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои бар ивази 7 ҳазор доллар харидани мансаби имомхатибӣ мушоҳида мешуд, ки ин аз доираи илм берун аст.

«Таъсиси ин гуна марказ метавонад, тозиёна бар амали ноҷои баъзе аз имомхатибони ҷоҳил бизанад. Хуб аст агар ҳамаи имомхатибон аҳли фаҳм бошанд ва барои тақвияти илми худ омӯзиш гузаранд», — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, пештар дар Тоҷикистон қонунҳое қабул шуданд, ки ба қавли таҳлилгарон озодии динии мардумро маҳдуд мекунад. Аз ҷумла, Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул гардид, ки тибки он гирифтани маълумоти олии динӣ дар хориҷ аз кишвар маҳдуд гардид.

Тибқи Қонун «Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд» рафтани наврасон то синни 18 ба масҷидҳо ва дар хонаҳои шахсӣ дарси динӣ додани имомхатибон манъ карда шуд ва монанди ин.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh