Нерӯгоҳҳои хурди барқии зиёд шуда истодаанд, вале бебарқӣ ҳамоно идома меёбад

lampa

То соли 2914 мумкин ин лампаҳо аз бе барқӣ хонаҳои тоҷиконро равшан кунад ва ё баръакс аз онҳо умуман шаҳрвандони Тоҷикистон барои равшании хонаҳо истифода набаранд, инро танҳо «вақт» нишон хоҳад дод?!

Ҳамасола дар Тоҷиқистон баробари сар шудани мавсими тирамоҳ дар минтақаҳои дурдасти кишвар маҳдудияти барқ ё ба истилоҳ лимит сар мешавад.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон имсол ки боришот кам шудааст, эҳтимол меравад, қувваи барқ нисбати соли гузашта маҳдудтар шавад.

Аммо Ҷамъияти саҳомии кушодаи холдинги (ҶСКХ)-и «Барқи тоҷик» бовар мекунонад, ки соли ҷорӣ интиқоли қувваи барқ ба аҳолӣ нисбат ба солҳои гузашта хубтар ба роҳ монда шудааст.

Масъулин сабаби беҳтар шудани вазъро ба истифода додани нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-2» ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ шарҳ медиҳанд. 

Ба қавли котиби маркази матбуоти «Барқи тоҷик» зимистони соли равон таъмини қувваи барқ ба аҳолии ҷумҳури аз рӯи меъёр сол то сол беҳтар мешавад, яъне агар чанд сол қабл норасоии ҳамасолаи қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон 4-4,5 млрд кВт соатро ташкил медод, имрӯз он ду баробар кам шудааст.

«Ҳоло камбуди барқ 2-2,2 млрд. кВт соат дар як сол аст. Асосан норасоии  барқ аз ҳисоби лампаҳои каммасраф, пурра ба кор даровардани НБО-и Сангтӯда-1 ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ кам гардид.

Ин зимистон ҳам зарур аст, ки барқро маҳдуд кунем. Зеро бо вуҷуди ба истифода додани нерӯгоҳҳои нав, талабот ба қувваи барқ рӯз то рӯз меафзояд», – гуфта шуд аз маркази матбуоти «Барқи тоҷик».

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2009 бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ бояд дар 4 сол бо нерӯгоҳи барқ эҳтиёҷоти мамлакат таъмин карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар давоми солҳои охир дар мамлакат  252-нерӯгоҳи хурди  барқии обӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа таъминоти аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо барқ хеле беҳтар гардидааст.

Бо ин вуҷуд, ба андешаи коршиносон дар кишвар камбуди қувваи  барқ пас аз ба анҷом расидани сохтмони НБО «Роғун» бартараф хоҳад шуд, чунки ғайр аз ин нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» дигар роҳи бартарафи камбудии ҷойдоша нест, агар роҳи бартараф вуҷуд медошт шаҳрвандони ҷумҳурӣ тули ин қадар солҳо дар сардиҳои кишвар бе барқ намешиштанд, аз ин сабаб роҳи ҳал ва умед танҳо аз НБО «Роғун».  

Бонуи Раҷабзода як сокини ноҳияи Восеъ  бовар надорад, ки дар се-чор соли оянда низ мушкили барқ дар Тоҷикистон ҳал шавад, зеро чунин ваъдаҳоро ҳамасола аз ҷониби масъулин мешунавад, аммо то кунун ҳал нашудааст.

«Росташ аз ҳар дафъа ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурд хурсанд мешавам ва орзу мекунам, ки дар минтақаҳои мо низ кош серобӣ мешуду чунин нерӯгоҳҳо месохтанд.

Аммо ба «ду сол баъду се сол баъд барқ пурра мешавад» -гуфтанҳои масъулин бовар надорам, чунки даҳ соли охир инҷониб ҳамасола ин гапро мегӯянд», - мегӯяд сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj

Ба гуфти коршиноси соҳаи энергетика Ғуломиддин Сайфуддинов чун ҳаво имсол гарму камбориш омад, камбуди барқ имсол бештар эҳсос хоҳад шуд.

«Ман  гумон  мекунам, ки ин зимистон  мушкилтар  мешавад. Зеро аз сабаби гармии зиёд пиряхҳо зиёд об шуданд. Захираи оби НБО «Норак» 4,5 млрд куба метр обро ташкил медод, ки аз ин 0,5 млрд. куба метр об кам шудаааст», - иброз дошт коршиноси соҳа Ғ. Сайфуддинов.

Соли гузашта ҳарчанд дар аввал ба миқдори 10-12 соат ба аҳолии манотиқи дурдаст барқ медоданд, аммо баъдан тақрибан ду моҳ шабонарӯзӣ онро хомӯш карданд.

Бояд ёдрас шуд, ки дар 8 моҳи соли равон 20 нерўгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт/с. сохта, ба кор дароварда шуд ва сохтмони 17 нерўгоҳи хурди дигар бо иқтидори умумии 7,9 ҳазор кВт/с. дар арафаи анчомёби қарор дорад.

Солҳои охир дар натиҷаи амалишавии Барномаҳои энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерӯгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳҳои «Помир-1», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб-Шимол» ва «Конибодом-Боткент», зеристгоҳи «Сомонӣ» имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис диҳанд.

акси: Умар ХУДОЁРОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh