Шири сунъӣ меҳри одамиро кам мекунад

shir1

Вазорати тандурустии ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон муайян кардааст, ки  барои таъмини як кӯдак аз таваллуд то синни 6-моҳагӣ бо маводҳои омехтаи гуногуни ғизоӣ, 52 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст.

Агар ҳар қуттӣ 70 сомонӣ ($13)-ро ташкил дихад, пас дар 6 мох 3 хаз.у 640 сомонӣ ($676) лозим мегардад.

Мақсади тарғиби шири модар

Аз соли 2001 аввали моҳи август дар Тоҷикистон ҳамчун маъракаи Даҳрӯзааи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз чунин як барномаи умумимиллӣ дастгирӣ ва тарғиби синамаконӣ мебошад, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Точикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) амалӣ мегардад.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбати тарбия ва ғизодихии кӯдакон гузаронидани вохӯриҳо, дастрас намудани маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба фоидаи шири модар, тарзҳои дурусти синамаконӣ, омӯзонидани занҳои ҳомила  ва занҳои ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати вобаста ба ин масъала зимни сӯҳбат чунин иброз дошт.

«Барои таъмини як кӯдак аз таваллуд то синни 6-моҳагӣ бо маводҳои омехтаи гуногуни ғизоӣ, 52 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст. Агар ҳар қуттӣ 60-70 сомонӣ ($12,42-13)-ро ташкил дихад, пас дар 6 моҳ 3.120-3.640 сомонӣ ($645-676) лозим мегардад.

Вале даромади як оила чӣ қадар аст? Аз ин лиҳоз, кӯдакони худро бо шири сина ғизо дихед. Беҳтарин ғизо барои кӯдак ин шири модар мебошад. Ҳар як инсон дар ҳаёташ як бор имконият дорад, ки шири модарро истеъмол намояд, ин ҳам бошад дар давраи то 2-солагӣ».

Манфиатҳои шири модар

shir2

 

Шири модар меҳру муҳаббат нисбати модарро зиёдтар мекунад. Ба гуфтаи коршиноси соҳаи тандурустӣ Саида Ҷобирова, синамаконӣ роҳи аз ҳама самарабахши пешгирии фавти кӯдакони то 5-сола ба ҳисоб меравад.

«Дар 6 мохи аввал вакте, ки кӯдак таҳти хатар қарор дорад, додани танҳо шири модар кӯдакро аз дарунравӣ ва дигар сироятҳои умуми ҳимоят мекунад.

Ҳамчунин, кӯдаконе, ки танҳо шири модар мехӯранд, 2,5 маротиба камтар ба бемориҳо дучор мешаванд ва 25 маротиба камтар бо сабаби дарунравӣ дар шаш моҳи аввали ҳаёташон дар муқоиса бо кӯдакони истеъмолкунандаи дигар намуд ширҳои сунъӣ мефавтанд», - гуфт ӯ ба dastbadast.tj

Дар ҳамин ҳол, намондаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Собир Қурбонов дар ин маврид қайд намуд, ки дар Тоҷикистон модарон қариб ҳамаи кӯдаконро то дусолагӣ, ҳеч набошад дар давоми чор моҳи аввали баъди таваллуд, бо шири сина ба воя мерасонанд.

«Соли 1995 собиқ иҷрокунандаи директори Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз дошта буд, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад, ки ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот  диҳад.

Аз ин рӯ, ман аз ҳамаи модарон даъват ба амал меорам, ки кӯдакони худро ақаллан то шашмоҳагӣ танҳо шири модар маконанд», — гуфт намояндаи ЮНИСЕФ дар Точикистон ҳангоми сӯҳбат.

Хатари ғизои сунъӣ

Таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумхурӣ дар солҳои 1997-2009 гузаронидашуда нишон медиханд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба пештар ба бемориҳои сироятии меъдаю руда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

«Агар кӯдак ғизои сунъи гирад, пас хатари гирифтори бемориҳои сирояти, аз ҷумла бемории дарунрави 15 маротиба зиёд аст нисбати кӯдаконе, ки бо шири модар ғизо мегирад. Махсусан агар кӯдакон бо пистонак аз шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшави зиёд мешавад.

Чунки тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача хело мушкил аст.  Ғизоҳои сунъӣ дорои маводҳои зидди сироят нестанд. Аз ин рӯ кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мегиранд, тез-тез ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор шуда, бемории онхо дуру дароз давом меёбад ва ин кӯдакро хеле лоғар менамояд.

Оҳане, ки дар ғизои сунъӣ мавҷуд аст, бо тамом ба бадани кӯдак ҷаббида намешавад. Барои ҳамин кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол менамоянд, ба бемориҳои камхунӣ гирифтор мешаванд», - изҳор дошт коршиноси соҳа, Шералӣ Раҳматуллоев ба хабарнигори dastbadast.tj

Ҳамчунин, ба гуфтаи Наргис Комилова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳарчанд зарар дорад, шояд модарон маҷбур мешавад, ки фарзандашро шири сунъӣ медихад.

«Модароне ҳастанд, ки худашонро ғам намедиҳанд. Яъне, модароне ҳастанд, ки 1-2 рӯзи аввал баъди таваллуд шир надоранд, маҷбуран синаашро ба кӯдак намедиҳаду дарҳол аз шири сунъӣ истифода мебарад», - гуфт Н. Комилова.

Аз тарафи дигар, Наргис Комилова хатари шири сунъиро дар он медонад, ки шири сунъӣ бе бемеҳриву бегонагии фарзанд ба волидайну хоҳару бародар оварда мерасонад.

«Ҳар қадар занҳо ба фарзандон шири табии худро диҳем, ҳамон қадар меҳру муҳаббатамон нисбати якдигар зиёдтар мешавад. Ин насиҳат аз гузаштагонамон боқӣ мондааст.

Яъне, пештар фарзандон ба волидайн ва акаву хоҳар ба ҳамдигар меҳр доштанд . Ҳозир бошад на меҳр асту на муҳаббат. Барои, ки аз як пистони модар шир намехӯранд»,- изҳори нигаронӣ кард ин модар.

Фаҳмондадиҳӣ дар таваллудхонаҳо

Дар мавриди он ки дар таваллудхонаҳо ба занон чӣ гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, Шамсиддин Қурбонов, директори Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj гуфт, ки аз соли 1998 сар карда дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст.

«Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ  моњияти  масъалаи мазкурро  ба  назар гирифта,  ҳанӯз  соли  1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корро  оғоз  карда буд.

Яке аз 10 принсипи  бомуваффақияти синамаконии атфол аз ҳама асосиаш он аст, ки дар таваллудхонаҳо модару кӯдак якчоя хастанд. Ин дар даврони Шӯравӣ набуд, аммо ҳозир ин принсип амалӣ мешавад.

Яъне, баъди 2-соат аз шӯъбаи таваллуд занро ба шуъбаи  модару кӯдак мегузаронанд. Ва дар асоси ҳамин принсип модару кӯдак то лахзаи аз таваллудхона баромадан ҳамроҳ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид намуд, ки танҳо як корманди тиб наметавонад пурра фоидаи шири модару зарари ширҳои сунъиро ба ҳамаи занон фаҳмонад.

Аз ин рӯ, ба қавли Шамсиддин Қурбонов, дар таваллудхонаҳо ғайр аз он ки то таваллуд ба занон маслиҳату машварат мегузаронанд, боз брошюраҳои махсус вобаста ба ин масъала тақсим мешавад, ки дар онҳо муфассал қайд шудааст.

Бояд гуфт, аз соли 1998 сар карда дар тамоми таваллудхонаҳои Ҷумхури Тоҷикистон 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст.

Аммо Савригул Тағоева, як модари тоҷик, ки дар 3 кӯдаки худро солҳои пештар дар зоишгоҳ таваллуд кардааст, мегӯяд, ки он вақт фоидаву зарари шири модарро ба занҳо намефаҳмонидан. Аз ҷумла, ӯ ба хабарнигори kloop чунин гуфт:

«Шояд фоиди шири модарро акнун дарк кардаанд, барои ҳамин тарғиб карда истодаанд. Ҳарчанд, ман 3 фарзанди худро дар таваллудхона таваллуд карда будам, аммо ба мо дар бораи шири модар чизе намегуфтанд.

Аммо тибқи гуфтаҳои калонсолон, ман ҳарсеашро ба шири худам калон кардаам. Зеро шири модар дар воқеъ, дастрас, бепул ва фоидаовар аст».

Дар ҳамин Наргис Комилова мегӯяд, ки ҳангоми дар таваллудхонаи №2 фарзандашро таваллуд кардан, духтурон ба ӯ тавсия доданд, ки шири модар аз шири сунъӣ хубтар аст.

Чунки агар ба кӯдак шири модар дода шавад, вақти дандон баровардани кӯдак  бе ягон азоб дандонҳояшро мебарорад.

«Ҳатто вақте кӯдаки ман бемор шавад, бисёрии духтурон аз дору дида ба ман зиёдтар маконидани шири модарро маслиҳат медиҳанд».

Ёдрас мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷањон аз 1 то 7 август ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ва дар Тоҷикистон бошад, аз соли 2001 сар карда, Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Муаллиф ва акси: Фарзона ДАВЛАТОВА

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh