Сохтмони калонтари Масҷид дар ИДМ идома дорад

masjidi-kalon

Сохтмони калонтари Масҷиди ҷомеъ барои 15 ҳазор дар Душанбе идома дорад. Масҷиди мазкур дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ҳамто надошта бо арзиши умумии $100 млн. ($70 млн. маблағгузории давлати Қатар ва $30 млн. Тоҷикистон) бунёд шуда истодааст. 

Тибқи ҳисоботҳои ғайрирасмӣ зиёда аз 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия мардикорӣ мекунаду ҳамасола 600-700 тобуташон ба ватан оварда мешавад. 

Аммо ба гуфтаи бархе шаҳрвандон масъулин ҳамоно мехоҳанд бо сохтани чойхонаи калонтарин, китобхонаи калонтарин, байрақи калонтарин ва театри калонтарин аз худ намуна нишон диҳанд.

Ҳадафи масҷиди бузург 

Аммо баъзе коршиносони дигар ба ин ақидаанд, ки сохтани ин масҷид бори дигар нишон медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз манфиати мусалмонони кишвараш дифоъ мекунад. 

Аз нуқтаи назари «Ислом» ҳам бино кардани масҷид кори савобу амали нек ба шумор меравад, вале сохтмони ин масҷид андешаҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. 

Баъзе аз коршиносон бар он назаранд, ки таъсиси ин масҷид барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, аммо гурӯҳи дигар дар ин маврид андешаи дигар доранд.

Саид Умар Ҳусайнӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамчунин  муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон иброз намуд, ки «Аслан ҳар масҷиде, ки дар рӯи замин бино мешавад, мақсад аз он ибодати Худованд аст. Бино кардани ҳар масҷид ба он хотир аст, ки бояд дар он масҷид Худованд  ибодат карда шавад.

Агар масҷид ба ғайр аз ин ҳадаф, бо ягон ҳадафи дигар сохта шуда бошад, бояд бидонем, ки аз сохтани он масҷид фоидае ба масҷидсоз намерасад, балки шояд  зарар  ҳам биёрад». 

Аммо ба ақидаи у дар таърих масҷидҳое ҳастанд  бо  номи масҷидҳои зирор, масҷидҳои зирор гуфта масҷидҳоеро мегӯянд, ки аслан ба ҳадафи тафриқа андохтан миёни муслимин сохта мешаванд. 

«Бинобар ин мо умедвор ҳастем, ки ин масҷид барои ибодати Худованд аст, чун мардуми Тоҷикистон умдатан мусалмон, диндӯст ва масҷидӯст ҳастанд», - гуфт С. Ҳусайнӣ ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj 

Ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Мухторов ба ин назар аст, ки мақсад аз бунёди ин масҷид аввалан васеъ кардани ҷой, фароҳам овардани имконот барои ибодат ва барои меҳмонон ҳамчун як макони ибодатии мутамарказонидашуда муаррифӣ кардани он мебошад. 

Бояд гуфт, соли 2009 вақте дар кишвар Бузургдошти Имоми Аъзамро таҷлил мекарданд, зимни як гуфтушунид бо ҷониби Давлати Қатар тасмими бунёди калонтарин масҷид гирифта шуда буд. 

Ба гуфтаи Саъдӣ Юсуфӣ, рӯзноманигори тоҷик, муҳимтарин ҳадаф ин муайян кардани сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи дину диндорӣ ва динварзии мардуми кишвар аст. Ӯ гуфт:

«Бо ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хост ба ҳамагон нишон бидиҳад, ки  барои таъмини ҳуқуқҳои мусалмонони кишвар чораҳои мушаххасеро амалӣ мекунад». 

Монеаву тарғиби намозхонӣ 

Дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир якчанд масҷид бо сабабҳои гуногун баста шуданд. Ҳамчунин тибқи дигар қавонини ҷумҳурӣ рафтани ҷавонони то 18- соларо ба масҷид манъ карданд ё ин ки бо рӯсарӣ иҷозат надодани духтарон дар мактабҳо то ҷое шубҳа ва норизоии дигар кишварҳо ва ҳатто худи мардумро ба миён оварда буд. 

Вале дар ҳамин ҳол сохтмони ин масҷиди бузург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон  ақидаҳои дигареро ҳам ба вуҷуд овардааст. 

Аммо С. Юсуфӣ, бобати ин масъала мегӯяд, ки манъи рафтани ҷавонони то 18 сола як равиши дурусте дар қиболи диндорони кишвар набуд. 

«Ман намехоҳам дар бораи ниятҳо қазоват кунам. Аммо ин нуқтаро бояд зикр кард, ки дуруст аст иддае аз масоҷид бо сабабҳои гуногун баста шудаанд, вале чанд вақти ахир ҳукумати шаҳри Душанбе чанд масҷиди мамнӯъшударо барои фаъолият иҷозат дод.   

Аммо дар масъалаи манъи хурдсолон аз рафтан ба масҷид комилан номувофиқам, ин як равиши дурусте дар қиболи диндорони ҷумҳурии мо нест», - гуфт ӯ. 

Ба қавли С. Юсуфӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ ибодати хурдсолон онҳоро аз дарсу таҳсил дур намекунад. Баръакс, бо гирифтани тарбияи масҷид ва якҷоя кардани он бо дарси мактабиашон боиси рушду такомули ҳам илмӣ ва ҳам  мазҳабияшон метавонад гардад. 

Аммо, С. Ҳусайнӣ дар ин маврид изҳор медорад, ки дар кишвари мо яқ миқдор масҷидҳо баста шуданд. Баъзе ниҳод ё ашхосе ҳастанд, ки ба дингароии мардум, ба мусалмон шудани мардум хуш надоранд, аз ҳамин хотир баъзе монеаҳо  мегузоранд. 

Аз ҷумла, ӯ чунин иловар кард: «Бо баҳонаҳои зиёде масоҷидро мебанданд ё хароб мекунанд. Баъзеашон мегӯянд, ки ин масҷид ба талаботи асри ҳозир ҷавоб намедиҳад,  бояд масҷидҳои хубу зебо сохта шавад».

Мавлон  Мухторов бошад, баста шудани масҷидҳои қонуниро комилан рад кард. «Ягон масҷиде,  ки расман  ба қайд гирифта шуда буд,  баста нашудааст. Ва маконҳое,  ки баста шудаанд, ба сифати масҷид ҳуҷҷатгузорӣ нашудаанд», - қайд кард ӯ. 

Дар ҳамин замина як нафар корманди Ҳукумати Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj гуфт, ки дар шаҳри Душанбе баръакс  ба зиёда аз даҳ масҷиде, ки 5-вақта буданд, иҷозат дода шуд, ки дар онҳо намози ҷумъаро бигузоранд. 

«Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе тамоми масҷидҳое, ки дар шаҳри Душанбе буданд, ҳамаашро аз нав тарҳрезӣ кардем, аз ҷиҳати бехатарии сӯхтор,  аз ҷиҳати бехатарии заминларза, аз ҷиҳати бехатарии дар дами селоба набудан, аз ҷиҳати бехатарии эпидемиологӣ комиссия гузаронда, аз нав дида баромада, ба аксарият сертификати замин додем, қисмеро супориш додем, ки баъзе ҷойҳои масҷидро мустаҳкам  намоянд», - гуфт корманди Ҳукумати шаҳри Душанбе. 

Масҷид заруртар ё корхона? 

Тоҷикистон 20-сол мешавад, ки  ҳамчун кишвари соҳибистиқлол шинохта шудааст ва тӯли ин солҳо масҷидҳои зиёде дар гӯшаву канори он бино ёфтаанд. 

Дар хусуси сохтани ин масҷиди бузург, дигар иншоотҳои бузургу дар ИДМ якто ҳамеша ақидае пайдо  мешавад, ки бо пули дар сохтмони ин иншоот сарф мешуда метавон чандин корхонаву фабрикаҳои беҳтар бунёд карда, мардумро бо кор таъмин кард. 

Тавре Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ  муовини сарвазири кишвар  ва ҳамчунин собиқ вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар мегӯяд: «Ба сад миллион доллар масҷид сохтан зарур нест.

Ба ҷои сад миллион дар даҳ миллионаш масҷид сохтан мумкин, ба навад миллиони боқимонда ё корхонаи саноатӣ ва ё бемористони хубтар бино кардан имкон дорад.

Зеро тавре ба мушоҳида мерасад, мо ҳозир аз надоштани беморхонаҳо танқисӣ мекашем, лабораторияҳои ташхисӣ надорем». 

Аммо ба қавли Саъди Юсуфӣ, чун сохтмони масҷид аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад, табиист, ки шартҳои амалӣ шудани ин лоиҳаро низ ҳамонҳое, ки пул медиҳанд, мегузоранд. 

«Дар маҷмӯъ дар олами Ислом мисли ин лоиҳаҳо,  яъне сохтани масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо, ба осонӣ маблағгузор меёбанд ва ин бармегардад ба ҷаҳонбиние, ки дар зеҳни мардуми мусалмони кишварҳои гуногун, алалхусус дар кишварҳои нафтхез ва кишварҳои халиҷи Форс  вуҷуд дорад. 

Ҷанҷоли чунин лоиҳаҳо камтар аст ва ба ҳамин хотир ин гуна лоиҳаҳоро метавон ба роҳатӣ маблағгузорӣ намуд. Вале агар ин тасмим дар дохили Тоҷикистон гирифта мешуд ва куллан ин як лоиҳаи тоҷикӣ мебуд, ба назари ман беҳтар буд», - хулоса кард рӯзноманигор. 

Дар ҳамин ҳол, корманди ҳукумати шаҳри Душанбе дар анҷоми сӯҳбат гуфт, ки ба навбат ҳамаашро месозем «Масалан дар Ҳисор фабрикаи бофандагию  ресандагӣ сохта шуд, дар ҷойҳои дигар низ бо навбат ҳамааш сохта хоҳад  шуд». 

Бояд ёдрас шуд, ки фармоишгари лоиҳаи  ин масҷиди бузург «Мактаби хусусии муҳандисии давлати Қатар» мебошад. 

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Comments  

 
0 #1 Zarina 2015-02-10 15:13
ЗУРРРРРРРРРРРРР РР КУУУ
Quote
 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh