Тоҷикистон манбаи об аст ва он набояд обро қимат кунад

obi-nushoki

Шурӯъ аз 1-уми январи соли ҷорӣ қимати об сари ҳар нафар зиёда аз 4 сомони шуд. Сабаби инро масъулини об дар тағийрёфтнаи ҳолати иқтисодӣ, арзёбӣ намуданд. Аммо ин, миёни аҳолӣ норозигиро ба миён овардааст, ки чун Тоҷикистон аз лиҳози манбаҳои обӣ бой аст, бояд об барои аҳолиаш бе пул бошад.

Тибқи нархномаи наве ки аз 1-уми январи соли 2015 амалӣ карда мешавад, арзиши истифодабарии оби нӯшокӣ ва ихроҷӣ бе обҳисобкунакҳо (бо назардошти андози иловашуда 18% барои 1м3) барои сокинон пойтахт, ки дар хонаҳои аз 1 то 12 ошёна истиқомат мекунанд ба ҷойи 4,54 сомонӣ, 5,69 сомонӣ, барои истиқоматкунандагони аз 12 ошёна боло ба ҷойи 5,59 сомонӣ, 7,13 сомонӣ, корхонаҳои буҷавӣ барои 1м3 оби нӯшокӣ ва ихроҷӣ ба ҷойи 1,36 сомонӣ, 1,71 сомонӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷоий 3,59 сомонӣ, 4,48 сомонӣ ва инчунин бо обҳисобкунакҳо сокинони пойтахт ба ҷойи 0,41 акнун 0,52 сомонӣ пардохт хоҳанд намуд.

Сабаби қимат намудани арзиши обу нӯшокию ихроҷиро Ҳукумати шаҳри Душанбе дар боло шудани арзиши қувваи барқ, маҳсулотҳои кимиёвӣ барои тоза намудани об ва бо мақсади бозгардонидани кредитҳои Бонки ҷаҳоние, ки барои татбиқи лоиҳаи бо об таъминкунии пойтахти Тоҷикистон ҷудо гардида буд, арзёбӣ мегардад.

Тавре аз Шӯъбаи банақшагирии иқтисодӣ ва молияи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд «Ҳангоми баланд бардоштани арзиши оби нӯшокӣ ва ихроҷӣ буҷаи ҳар хонавода ба назар гирифта шуд».

Аммо аксаран ба ин андешаанд, ки Тоҷикистон аз оби нӯшокӣ хеле бой аст, аз ин рӯ, чизеро ки Худованд арзонӣ доштааст, набояд мардумро маҳрум сохт.

Аз ҷумла, Эраҷ Рамазонов ҷомеашинос ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj чунин мегӯяд. «Баланд бардоштани нархи обро ман дастгирӣ намекунам. Зеро Тоҷикистон аз оби нӯшокӣ хеле бой аст. Аз тарафи дигар, имрӯз ҳаёт чунин шуда, ки барои аз ҳаво нафас кашидан ҳам бояд пул диҳӣ».

Ба андешаи ҷомеашинос, қабл аз баланд кардани қимати об, масъулин бояд миёни мардум пурсиш ва ё тадқиқоте мегузаронданд то муайян кунанд, ки ҳам аз лиҳози омор ва ҳам музди миёнаи меҳнат мувофиқат кунад.

«Ман фикр мекунам, ки пеш аз ин тасмим аввал бояд татқиқотҳо мегузарониданд. Шахсан ман ҷое баҳсу ҳадаф ва нақшаҳои баланд бардоштани нархи обро нашунидаам.

Ҳатто тариқи барномаи ахбори телевизион ҳам. Ва боварӣ дорам, ки бисёрии мардум хабардор нестанд. Барои ҳамин ҳам, баъди қиматшавӣ ҳангоми пулҷамъкунӣ боиси нофаҳмиҳои мардум мегардад», - иброз намуд Э. Рамазонов.

Ҳарчанд, сокинони шаҳри Душанбе аз қимат шудани нархи об огоҳ набуданд, аммо вақте бо чанд нафари онҳо ҳамсӯҳбат шудем, изҳори норозигӣ карданд.

Саидҷамол Ҳасанов, як сокини шаҳри Душанбе низ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бояд об бе пул бошад.

«Зеро кишвари мо аз захираи об хело ҳам бой аст. Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки тавре ки Туркманистон  гази худашро бе пул кардааст, Тоҷикистон ҳам баҳри дастгирии халқаш оби худашро бояд бе пул кунад ва ё ақаллан, арзонтар.

Метарсам, кадом рӯз дар Тоҷикистон ҳар як қадами мондаат пулакӣ мешавад», - мегӯяд у хабарнигори dastbadast.tj

Сокини дигари пойтахт Шӯҳрат Қурбонов низ ба ин назар аст, ки барои давлате, ки захираи обаш дар Осиёи Марказӣ бесобиқа асту аз ҳама минбарҳо даъвои серобӣ мекунем, аммо дар ҳамин ҳол дар дохил халқи худро  бо об таъмин карда наметавонад, шармандагӣ аст.

«Ғайр аз ин, тавре дар ҳама санадҳо гуфта мешавад, ки зиёда аз 70%-и аҳолии Тоҷикистон камбизоат мебошанд, баланд бардоштани нархи об  комилан нодуруст мебошад.

Зеро бар замми ин қадар қиматӣ дар бозорҳо боз як зарба ба мардуми оддӣ мегардад», - ибрози ақида намуд у.

Бо вуҷуди ин, Обид Арифов бо боварӣ гуфта натавонист, ки кадом роҳи истифодабарии об барои мардум арзонтар аст. Ба қавли у,  хоҳ аз рӯи дастгоҳи обченкунанда, хоҳ сари ҳар нафар маблағ пардохта шавад, ягон фарқият надорад.

Аммо ба ақидаи Шӯҳрат Қурбонов, агар дастгоҳи ҳисобкунаки об аз тарафи давлат ройгон ва бефиреб ҷорӣ насб шавад, хуб мешуд. Яъне, дастгоҳҳо босифат бошанду дар ҳисоб хато нишон надиҳанд.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос ки гуфтани номашро нахост мегӯяд, ҳар тасмиме, ки бар зарари мардум гирифта мешавад, бояд намояндагони онҳо дар парлумон барояшон фаҳмонанд.

«Вакилони халқ бояд бо мардум вохӯрӣ мегузарониданд, ки ҳаминхел баланд бардоштани нарху навои об ба назар гирифта шуда истодааст ва дар ин бора сокинон чи ақидаҳо доранд», - иброз намуд ҳуқуқшинос.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Душанбе ҳамагӣ 30 ҳазор муштарӣ бо обҳисобкунак таъмин мебошанд.

Айни ҳол, дар пойтахт марҳилаи дуюми насби обҳисобкунакҳо (барои оби хунук) амалӣ шуда истодааст, ки аз моҳи марти соли 2014 оғоз ёфта то моҳи декабри соли 2015 идома меёбад.

Мувофиқи нақша то моҳи декабри соли 2015 дар ш. Душанбе бояд 76 ҳазору 500 адад, аниқтар дар ноҳияҳои Фирдавсӣ 24 ҳаз. 042 адад, Сино 33 ҳаз. 448, Шоҳмансур 16 ҳаз. 458 ва дар баъзе маҳаллаҳо 12 ҳаз. 472 адад обҳисобкунакҳо, насб карда шаванд. Шумораи умумии муштариёни об дар пойтахт 760 ҳазорро ташкил медиҳад.

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh