Ихтироъкорони ҷавон ҳастанд, вале кашфиёташон истифода намешаванд

gahvora

Қариб дар ҳар як донишгоҳи олӣ маҳфилҳои ихтироъкорон вуҷуд дорад, ки дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки онҳо дар кишвар кам нестанд. Вале амалӣ шудани офаридаҳои онҳо дар пешрафти соҳаҳои мухталиф ва дар умум рушди Тоҷикистон ба назар намерасад.

Вале то куҷо ин маҳфилҳо метавонанд барои дар амал татбиқ шудани лоиҳаҳои ихтирокон саҳмгузор бошанд, Аҳрор Ҷаъфаров, роҳбари маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии ДТТ ба хабарнигори dastbadast.tj гуфт: «Дар Донишгоҳ бо сарпарастии бевоситаи маъмурият донишҷӯёни навовар ҳавасманд шуда, ҷиддан кор мекунанд».

Масалан, Айёмиддини Хайриддин донишҷӯи факултаи технология ва дизайни Донишгоҳи технологӣ бо кӯмаки устодонаш охирин ихтирои кардааш мошини сабукрави аз қувваи офтоб ҳаракаткунанда аст, ки кор болои он пурра ба анҷом расидааст.

«Дар мавриди ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани ихтироотҳои мо иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ низ метавонад саҳм гузорад. Зеро мо — донишҷӯёни ихтироъкор кӯшиш менамоем, ки дар сатҳи байналмилалӣ ихтироотҳои моро бипазиранд», - қайд кард А. Хайриддин.

Дар воқеъ, маҳфилҳову озмунҳо дар бештари макотиби олии кишвар зиёданд, вале ҳеҷ кадоме аз ихтироот барои рушди кишвар амалӣ нашудааст.

Сайдалӣ Мирзоев мутахассиси пешбари Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки маҳфили ихтироъкорони ҷавони донишгоҳашон қариб 45 нафар ихтироъкорони ҷавонро гирд овардааст.

Ихтироъкории донишӯён аслан самти ихтирооташон техникаю технология аст, аз қабили мошинҳо. Бевосита дастгирии донишҷӯёнро донишгоҳ амалӣ намуда, ба воситаи баргузор сохтани озмунҳо қадрдонии ихтироъкорон бо унвонҳову ифтихорномаҳо ва маблағҳои муайян қадрдонӣ мешудаанд.

«То ҳол ихтироъкории донишҷӯёни мо дар миқёси ҷумҳурӣ тадбиқи васеи худро наёфтааст. Масалан, соли гузашта як донишҷӯдухтари донишгоҳи мо технологияи тайёр кардани духиро амалӣ намуд, вале маълумот надорам, ки истеҳсол карда истодааст ё не», - иброз намуд С. Мирзоев.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, ихтироъкорӣ асосан дар самти илмҳои дақиқ, аз қабили кимиё, физика, компютер аст.

Вале, муовини ректор оид ба илми ДМТ гуфта натавонист, ки ин ихтироъҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд ё не.

«Агарчӣ кулли шароитҳо барои таъмини донишҷӯён фароҳам шуда бошад ҳам, вале месазад бо онҳо бештар кор кард», - изҳор дошт, муовини ректор оид ба илми ДМТ.

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки монанди асосгузори тибби ҷаҳон Абуалӣ Сино касе ихтироъкор нест. Шодмон Раҷабов, роҳбари дастгоҳи ДТТ дар ин маврид гуфт:

«Дағал карда гӯем, дар байни донишҷӯёни мо Сино барин олимон нестанд, ки тавонанд дар самти ҷарроҳиву дигар амалҳои вобаста ба тиб навоварие карда бошанд. Ҳол он, ки худи онҳо чӣ будани ҷарроҳиро намедонанд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Саидалӣ Мирзоев дар Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ихтироотҳои ҷадиде, ки донишҷӯён барои амалии он кӯшиш карда истодаанд, ин дубора коркарди партовҳо мебошад. Дар сурати амалӣ гардидани он метавон то ҳади имкон ин мушкилот бартараф гардад.

«Дар маҷмӯъ ихтироотҳои донишҷӯёни мо дар самтҳои технологӣ, химиявӣ, мошинсозӣ ва коркарди пахта мебошад, - гуфт ӯ.

Вале ба қавли таҳлилалгарон, Тоҷикистон дар давраи аввали истиқлолият бисёр мутахассисону ихтироъкорони беҳтаринашро аз даст дод. Муҳити илмие, ки иқтисодиёт, саноату технологияи Тоҷикистонро метавонист ба давраи нав омода ва ё ин муҳитро дигаргун созад, куллан дар ҳолати карахтӣ мондааст.

Аз ин рӯ, месазад, ки ихтирооти донишҷӯёнро дастгирӣ карда, амалӣ намуд то ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад.

Дар воқеъ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷиҳати навоварӣ нисбатан пешсафтар аст ва донишҷӯёни он то ҷое кӯшиш доранд, ашёҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯро ихтироъ кунанд. 

moshincha 

Масалан, донишҷӯи факултаи барномасозии донишгоҳи мазкур Исфандиёр Раҳматов гуфт, ки вақте барои тағйирот воридан кардан ба дуғкаши қадима барномаи пешниҳоднамудаашро донишгоҳ мақбул дониста, барои амалиаш шароит фароҳам овард. 

«Навоварӣ дигаргун намудани сохтори фаъолияти асбоби миллии дӯғкаши дастӣ аст, ки бештар дар деҳот истифода мегардад. Маъмулан дар деҳотҳо ба ҷои он аз мошини ҷомашӯӣ истифода мекунанд, ки албатта зарар барои саломатӣ дорад», - ибрози ақида намуд И. Раҳматов.

Асбоби дигари ихтироъсохтааш компютерест, ки бо 12В фаъолият менамояд. Ғайр аз ин, тамоми ҷузъҳои компутери номбурда дар дохилаш ҷойгир буда, хеле роҳат аст, ки барои ихтирои ин компутор се моҳ кӯшиши шабонарӯзӣ сарф кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Иброҳим талилгар гуфт, ки бештари мутахассисону ихтироъкорон бар асари нооромиҳои бавуҷудомада ба дигар давлатҳо ҳиҷрат карданд. Бархе аз эшонро синнашон ба ҷое расидааст, кадрҳои баландихтисоси ивазкунандаи онҳоро бояд тайёр намуд.

Вале, чунин ба назар мерасад, ки роҳбарияти донишгохҳо бо баргузории чанд озмун иктифо намуда, аз ҷониби Ҳукумату давлат маблағгузории хуб ҳам намешавад.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, барои дарёфти кашшофон ва навоварони ҷавон ҳамасола дар сартосари ҷумхурӣ озмуни «Ихтироъкори ҷавон» баргузор мешавад.

Аслан, хонандагону донишҷӯён бештар дар бахшҳои конструктор, автоматика ва кибернетика, радиоконструксия, ихтирои техникӣ афзалият доштаанд.

«Ғолибон бо ифтихорномаи Вазорати маориф сарафроз гардонида шуданд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳама озмунҳо танҳо як чиз аст-беҳбуд бахшидан ба сатҳи дониш ва ба ин васила ҳавасмандгардонии донишҷӯён», - қайд гардид аз Вазорати маориф ва илм.

Шамсуллои Обидхӯҷа, донишҷӯи факултаи хизматрасонӣ ва маркетинги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj изҳор дошт, ки ӯ барномаҳои ёрирасони компютерӣ барои осонии кори корхониҳо ва шахсони алоҳидаро таҳия кардааст, ки ояндаи наздик метавонад ҷойи қаламу дафтари одатиро бигирад.

Вале, муовини ректор оид ба илми ДМТ гуфта натавонист, ки ин ихтироъҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд ё не.

«Агарчӣ кулли шароитҳо барои таъмини донишҷӯён фароҳам шуда бошад ҳам, вале месазад бо онҳо бештар кор кард», - изҳор дошт, муовини ректор оид ба илми ДМТ.

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки монанди асосгузори тибби ҷаҳон Абуалӣ Сино касе ихтироъкор нест. Шодмон Раҷабов, роҳбари дастгоҳи ДТТ дар ин маврид гуфт:

«Дағал карда гӯем, дар байни донишҷӯёни мо Сино барин олимон нестанд, ки тавонанд дар самти ҷарроҳиву дигар амалҳои вобаста ба тиб навоварие карда бошанд. Ҳол он, ки худи онҳо чӣ будани ҷарроҳиро намедонанд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Саидалӣ Мирзоев дар Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ихтироотҳои ҷадиде, ки донишҷӯён барои амалии он кӯшиш карда истодаанд, ин дубора коркарди партовҳо мебошад. Дар сурати амалӣ гардидани он метавон то ҳади имкон ин мушкилот бартараф гардад.

«Дар маҷмӯъ ихтироотҳои донишҷӯёни мо дар самтҳои технологӣ, химиявӣ, мошинсозӣ ва коркарди пахта мебошад, - гуфт ӯ.

Вале ба қавли таҳлилалгарон, Тоҷикистон дар давраи аввали истиқлолият бисёр мутахассисону ихтироъкорони беҳтаринашро аз даст дод. Муҳити илмие, ки иқтисодиёт, саноату технологияи Тоҷикистонро метавонист ба давраи нав омода ва ё ин муҳитро дигаргун созад, куллан дар ҳолати карахтӣ мондааст.

Аз ин рӯ, месазад, ки ихтирооти донишҷӯёнро дастгирӣ карда, амалӣ намуд то ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад. 

Дар воқеъ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷиҳати навоварӣ нисбатан пешсафтар аст ва донишҷӯёни он то ҷое кӯшиш доранд, ашёҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯро ихтироъ кунанд.

cholopcha

Инчунин, ин барномасози оянда мегӯяд, ки барномаи дигаре таҳия намудааст, ки барои шахсони маъюб, хосатан нобиноён пешбинӣ шуда, хондани матнҳои тоҷикиро ба ин гуна нафарон осон мекунад. 

Вале ба андешаи Муҳаммад Иброҳим аксари ҷавонони тоҷик имрӯз ба таъриху филология ва адабиёт шавқи бештар зоҳир менамоянд, аммо он донишҳои дақиқе, ки барои ихтироъкорӣ муҳиманд, аз мадди назар каме дур мондаанд. Барои он ки як ихтироъкор тавонад рушд кунад, илмҳои дақиқ, заҳмати зиёд ва шароити хуби қонеъкунандаро талаб менамояд.

«Тоҷикистон дар давоми 20-сол ин имконро надошт, ба ҳамин тариқ муҳити илмии мо то андозае заиф гардид. Ҳукумати кишвар агар ин падидаро ҳамчуноне, ки таблиғ карда истодааст, сармоягузориву ҳимояти ҷиддӣ намояд, барои инкишофи ин раванд хеле муфид хоҳад шуд», - гуфт коршинос М. Иброҳим.

Зеро ба эътиқоди вай, агар донишро умумӣ ва миллӣ накунанд, бо ворид кардани технологияи нав наметавонем ин масъаларо баррасӣ намоем. Барои тарбияи ихтироъкорон сараввал бояд мутахассиси хуб омода намоем, чун бе заминаи баланди илмӣ наметавон чизе навоварӣ намуд ё ба соҳаҳои нави илмӣ ноил гардид.

Ихтироъкорони ҷавон мегӯянд, ки пеш аз он ки чизи наверо кашф созанд ва ё ягон воситаи амалкунандаро тағйир диҳанд, пеш аз ҳама барои беҳбуд бахшидан ба кори мардум аст.

Аз ин рӯ, умед доранд, ки ихтирооташонро худи кишвар ба воситаҳои лозимии ҳамарӯзаи рӯзгор табдил медиҳад. Масалан, гаҳвораи худҷунбоне ихтироъ шудааст, ки дар зераш аз ДВД насб шуда, баробари гиряи кӯдак гаҳвора ба ҷунбиш медарояд ва диски дарунаш фаъол мегардад.

Вале то ҳол Ҳукумати Тоҷикистон барои дар фурӯш гузоштани ин гаҳвора тасмиме нагирифтааст. Вале таҳлилгарон бовар доранд, ки агар он пешкаши мардум гардад, серхаридор мешавад. 

Dastbadast.tj

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh