Гузариш ба Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон идома дорад

el-portal

Дар Тоҷикистон барои гузаштан ба Ҳукумати электронӣ соли 2003 замина гузошта шуда, барои омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ дар ин самт тасмими ҷиддӣ гирифта шудааст. Айни ҳол шабакаи ягонаи давлатии байни мақомоти идоракунӣ таъсис ёфта, ки ба он 48 мақомот пайваст шудааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур масъули Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон ба хабарнигори dastbadast.tj иттилоъ дод, ки барои татбиқи технологияҳои иттилоотию камуникатсионӣ ва дар заминаи он ташаккул додани ҳукумати электронӣ як қатор корҳо ба анҷом расида истодаанд.

Яке аз самтҳъои татбиқи ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ, ин таъсиси шабакаи давлатӣ байни мақомоти идоракунии давлати мебошад.

«Ба воситаи раёсати хизмати далатӣ шабакаи ягонаи давлатӣ байни мақомоти идоракунӣ, ки ба он 48 мақомот пайваст шудааст марказонида мешавад», - арзёбӣ шуд аз Раёсати хизмати давлатӣ.

Инчунин, ба иттилои ин Раёсат, шабакаи марказӣ дар Раёсати хизмати давлатӣ ҷойгир шуда, дар баробари мукотиботи электронӣ байни вазорату идораҳо махзани иттилоотию ҳуқукии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо номи «Адлия ва феҳристи автоматикунонидаи хизматчиёни давлатии Тоҷикистон» гардиш мекунад.

Бояд гуфт, шабакаи ягонаи иттилоотӣ барои бе варақа гардиш намудани ҳуҷҷатҳои байни мақомот, пешниҳоди ҳисоботи гуногун, аз ҷумла ҳисоботи оморӣ, шароит фароҳам месозад, ки сарфаи варақаи зиёд, вақти кормандон ва маблағро таъмин менамояд.

Тибқи иттилои Раёсати мазкур, барои кор дар шабакаи ягонаи иттилоотӣ, ҳар як мақомоти давлати ӯҳдадор гардидааст, ки барои насби таҷҳизоти сервери утоқҳои алоҳида, бо назардошти талаботи техникӣ ва бо мусоидати роҳбарони аввали мақомотҳо, шароит дар ҳар як коргоҳ фароҳам оварда шудааст.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон маълумот доданд Хадамоти алоқа ҳамаҷониба омода аст.

Айни ҳол, Ҳукумати электронӣ вазорату идораҳое, ки бояд ба ин масъала кор баранд, ҳамаи онҳо аз тарафи шабакаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти мазкур байни ҳам пайваст шудаанд.

Тавре аз хадамоти мазкур ба хабарнигори dastbadast.tj гуфтанд «Ин масъаларо мо бо Раёсати хизмати давлатӣ барои аз худ намудани кор бо ҳукумати электронӣ давра ба давра таъсис додаем.

Дар давраи аввал таҳовули маълумотҳо ба ҳар як корманди соҳа аз тарафи хадамоти алоқа ва Раёсати хизмати давлатӣ барои азхудкунии шахсони байни он 48 вазорату идораҳо, кор карда, рафти омӯзиши онро ҳамачониба амали карда истодаем.

Дар оянда нақша доранд, ки тамоми кишвар ба шабакаи ҳукумати электронӣ фаро гирифта шавад. Зеро дар хусуси таъмини шабакаи интернети онҳо аз мамлакатҳои хориҷа аллакай таҷрибаи кофӣ гирифтаанд ва метавонанд бо нархномаи муйаяне онро дар муомилаи ҳукуматӣ ҷори созанд».

Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj аз маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфтад, то имрӯз дар амал татбиқ шудани Ҳукумати электрониро ба сифати аъло ҳам набошад, то ҳадди имкон ҳис мекунад.

Аммо сабаби аз соли 2003 то имрӯз ҳоло ҳам ба таври пурра ҷорӣ нашудани онро дар тайёр набудани вазорату идораҳо унвон кард.

Дар ин маврид Вазорати корҳои хориҷа иброз намуданд, ки айни замон ҳамаи кормандони вазорат ба воситаи як усули хизматрасонӣ, яъне ба воситаи почтаи электронӣ, додугирифти ҳамаи ҳуҷҷатҳоро анҷом медиҳанд.

Ба андешаи аксари мусоҳибон, ин тарзи корбарӣ ба манфиат, сарфаи вақт ва аз оворагии корҳои беасос эмин медорад.

Ба ақидаи коршиноси сиёси Давлат Назрӣ пештар кормандон вақти зиёди худро барои навиштани мактуб ва бурда расинидани он ба ҷои лозима сарф карда, инчунин чанд муддати дигар ҷавоби онро интизор мешуданд. Ин амал боиси пас мондани кор ва ба мушкил дучор шудани муомилаи байни ҳамкорону дигар вазоратҳо ва корафтодаҳо мегашт.

Ба ақидаи аксари коршинос ва кормандон Ҳукумати электронӣ метавонад хароҷотҳоро кам кунад.

Манучер Ҳоҷиев як масъули дигари Корхонави воҳиди давлатии «Тоҷикматлубот» мегӯяд, таҷрибаи кормандони давлатӣ дар ин самт кофӣ нест ва шояд ҳангоми кор бурданашон дар ин самт мушкил эҷод шавад.

Аммо ӯ гуфт, ки талаботи ҷомеаи имрӯза водор месозад, ки аз ӯҳдаи кори ҳукумати электронӣ баромад

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгар Ҳикматулло Сайфулозода ба он назар аст, ки дар таъсиси ҳукумати электронӣ вақт муйаян кардан зарурат надорад. Зеро чунин таҷрибаҳоро мардум, хусусан кормандон зиёд дидаанд, ва дар ҳоли муйаян шудани вақт, одам сукут варзида, то замони расидани он рӯз интизор меистад.

«Бояд ҳар соат баҳри пурқувват намудани ҳукумати электронӣ саҳми худро гузорем, то аз ҳавасмандӣ ва дастгирии мо зудтар кор бо ин ҳукумат байни тамоми вазорату идораҳо ба роҳ монда шавад», - иброз намуд таҳлилгар.

Ба андешаи Ҳикматулло Сайфулозода, агар Ҳукумати электронӣ рӯи кор ояд, хеле мушкилотҳо ва хароҷотҳо бартараф мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷаласаю маҷлисҳо соатҳои тулони нишаста, маърузаи ҳар як роҳбар ва намояндаи онро намешунавем.

Ва ҳамаи он маърӯзаҳоро дар ҷаласаю маҷлис не, балки дар сайтҳои худ ҷо месозанд ва шахсони хоҳишманд метавонад маълумоти заруриро аз онҷо гиранд.

«Тавре маълум, дар даъвати ҳар як ҷаласа чӣ қадар маблағи беҳуда сарф мешавад. Хусусан, таклифи намояндагони вазорату идораҳо, истифодаи варақаҳои зиёд ва масрафи маблағи зиёди онҳо ҳама бар зарари кор мансуб мешавад», - гуфт Ҳ. Сайфуллозода.

Айни ҳол гузариш ба Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила идома дорад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh