«16-рӯзи мубориза зидди хушунати хонаводагӣ»

nasi

Дар Тоҷикистон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабри соли равон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии зидди хушунат алайҳи занон» «16-рӯзи мубориза зидди хушунати хонаводагӣ» эълон шудааст.

Дар ин самт созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занони ватаниву хориҷӣ саҳмгузор буда, як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд. Яке аз паҳлӯҳои хушунати хонаводагӣ ин барвақт ба шавҳар додани духтарон мебошад, ки ҳарчанд мақомотҳои дахлдор барои пешгирии он чораҳо меандешанд, вале боз ҳам ба назар мерасад. Масалан, мақомот ва масъулин бавар мекунонанд, ки пайи ҳалли ин мушкил ҳастанд ва барвақт ба шавҳар додани духтарон пас аз иҷозатномаи суд сурат мегирад.

Ба ақидаи Манзура Саломова ҳуқуқшиноси маркази «Бонувон» дар шаҳри Душанбе, духтароне, ки барвақт ба шавҳар мебароянд, ҳатман аз суд иҷозатнома мегиранд.

«Дар умум вобаста ба барвақт ба шавҳар додани духтарон чорабиниҳо мегузаронем, бештар дар маҳаллаҳо дар мактабҳои миёна ва бо падару модарон сӯҳбатҳо доир мекунем.

Бисёрии он духтароне ба шавҳар мебароянд, ки аз суд иҷозатнома гирифтаанд. Яъне, агар синнашон ба18 нарасида ба шавҳар баромаданӣ ҳастанд, метавонанд ба суд ариза пешниҳод кунанд, суд дар асоси вазъияти оила қарор мебарорад», - иброз намуд ҳуқуқшинос М. Саломова.

Ба ақидаи Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов сармутахассиси Шӯъбаи ташкили ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ду соли оихр тибқи қонун, яъне аз сини 18 боло бастани ақди никоҳ дар кишвар бештар ба назар мерасад.

Аммо аз маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj гуфта шуд, ки аксари ҳолатҳои қонуншикании волидайн дар мавриди бармаҳал ба шавҳар додани духтарон аз ҷониби кормандони милиса ошкор мегардад.

«Кам ҳолатҳое мешавад, ки ягон нафар шаҳрванд ба кормандони миллиса барои барвақт ба шавҳар додани духтарон шикоят намояд. Аз ин рӯ, кормандони Шӯъбаҳои корҳои дохила ин ҳолатҳоро худашон ошкор мекунанд. Бештар чунин далелҳо дар ноҳияҳои дурдаст ба қайд гирифта мешавад.

Баъди таъғирот ворид кардан синни никоҳӣ ва назоратро пурзӯр намудани кормандони корҳои дохилӣ вақтҳои охир ғайриқонунӣ ба шавҳар додани духтарон кам ба қайд гирифта мешавад», - гуфта мешавад аз ВКД Тоҷикистон.

Намояндаи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди олии Тоҷикистон дар мавриди барвақт додани духтарон ба шавҳар ба хабарнигори dastbadast.tj чунин иброз кард.

«Ҳозир қонунгузорӣ синни никоҳро аз 18-солагӣ муқаррар кардааст. Аммо суд тибқи талаботи моддаи 13-и Кодекси оила дар ҳолатҳои истисноӣ ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Яъне, агар онҳо камбизоат ва ҳеҷ кас надошта бошанд, метавонанд ба суд барои кам кардани синни никоҳӣ муроҷиат намоянд».

Дар ҳамин ҳол, Манзура Саломова мегӯяд, марказашон дар ҳамкори бомасъулони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, вазорати маориф, мақомоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шаҳри Душанбе бо волидон вохӯриҳо доир мекунанд.

«Ҳастанд падару модароне, ки бе иҷозат ва ё бе ягон сабаб духтарашонро ба шавҳар медиҳанд. Сабаби барвақт додани духтарон ба шавҳар дар он аст, ки бештари падару модарон духтарашонро аз ҷиҳати иқтисоди таъмин карда наметавонанд.

Ва барои ҳамин онҳо мехоҳанд, ки онҳо духтарашонро тезтар ба шавҳар диҳанд ва аз сарашон сабук кунанд. Ман фикр мекунам ин хел одамон хато мекунанд», - гуфт М. Саломова.

Ба гуфтаи Маҳмудов Зафар намояндаи адвокатҳои Тоҷикистон пештар баъзе ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳуҷҷатҳоро қалбакӣ карда аз синни 16-17 солаги духтарони ҷавонро ба шавҳар медоданд ва аз хониш ҳам мемонданд.

Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори он аст, ки духтарон дар мадди аввал савод гиранд. Ӯ чунин қайд кард: «Занҳо агар нахонанд, дар оянда барои онҳо мушкил мешавад. Аммо то ҷое ин ҳолатҳо бартараф шуда истодаанд».

Воқеан, аксари занони ҳамсӯҳбатамон чун таҳсил накардаву бармаҳал ба шавҳар баромадаанд, ҳангоми сӯҳбат аз ин хатои худ изҳори пушаймонӣ карданд.

Аз ҷумла, Гулноза Бозорзода сокини шаҳри Душанбе, таҳсилашро давом надода, ӯро падару модараш ба шавҳар доданд. Сабаби инро ӯ чунин шарҳ дод.

«Сабаби барвақт ба шавҳар баромаданам дар он буд, ки набудани буҷети хонаводагӣ барои хондани ман намерасид. Гарчанде, ки дар лаҳзаҳои мактабхониам бисёр орзуи ба ягон донишгоҳ дохил шуданро доштам, аммо афсус мехӯрам, ки падару модарам маро ба шавҳар доданд ва нагузоштанд ин орзуи ман амалӣ шавад.

Ҳарчанд, ҳоло сатҳи зиндагиам хуб ҳам бошад вале афсус аз он мехӯрам, ки барои чӣ хонданро давом надодам то ин зиндагиро хуб дарк намоям».

Дар ҳамин ҳол, сармутахассиси Раёсати тахсилоти томактаби ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон ба ин назар аст, ки падару модаре, ки духтарашро аз мактаб бароварда, ба шавхар медихад, аз вазорати маориф ё мактаб инро пинҳон мекунанд.

«Вазорати мориф дар мавриди барвакт додани духтарон ба шавхар бисёр чорахое дида истодаанд ва хело чиддӣ рафта истодааст. Аммо мо шахрвандон наметавонем, ки хамаи вазниниро ба дӯши муаллим гузорем.

Мо бояд хама тарафа чорахо андешем. Агар конуне барои пешгирии ин хел ходисахо дар мактабҳо қабул мегардид, бисёр нагз мешуд. Зеро мактаб ӯхдадор аст таҳсили хоҳ духтар, хоҳ писарро танҳо то синфи 9-умӣ назорат кунад. Баъди синфи 9 ӯ ихтиёрӣ аст.

Аммо вакте мо пурсон мекунем, ки «барои чӣ намемонед дар ягон чо дониш омӯзад», онхо дар чавоб мегӯянд: «ман хукук дорам, ки баъди синфи 9-умӣ духтарамро аз мактаб гирам, касе ин хукуки маро махдуд карда наметавонанд».

Ҳамчунин, кормадни соҳаи маориф илова намуд, ки дар хар як махаллахо нозирон минтақавӣ кор мекнанд ва вақте мудири мактаб огох мешавад, ки духтари ноболиғро аз мактаб барои шавхар додан, мегиранд, истодаанд бояд ӯ нозирони минтакавиро огох кунанд.

«Аммо ҳоло кариб хамаи духтарон то охир мактабро хонда истодаанд ва аз вакте ҳамин конунро бароварданд, бисёри падару модарон метарсанд. Ва ҳаминро бояд кайд кунам, ки барои ояндаи чавонон мо хаматарафа сахмгузор бошем».

Дар воқеъ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигарамон, ки худро Парвина муаррифӣ карду аз ифшои насабаш худдорӣ намуд, бесаводӣ боиси шарм ҳатто дар назди фарзандон мегардад. Тавре ӯ гуфт:

«Маро ҳарчанд ба сину солам мувофиқ шавҳар доданд, вале саводи кофӣ надорам. Ҳоло соҳиби фарзанд ҳастам ва вақте онҳо аз ман чизеро пурсиланӣ мешаванд, ва ё барои иҷрои вазифаи хонагиашон наздам меоянд, баҳонаеро пеш меораму худро канор мегирам.

Зеро шарм медорам, ки бигӯям модарат ҳеҷ чизро намедоанад. Агар хонданамро дар мактабу Донишгоҳ идома медодам, ҳозир дар назди фарзандонам шармсору шарманда намешудам. Вале кӯшиш менамоям, ки фарзандонам соҳиби маълумоти олӣ бошанд ва дар зиндагӣ мақеъи худро ёбанд».

Дар ҳамин ҳол, сармутахассиси шӯъбаи ташкили ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оила изҳор дошт, ки то ҳол ба кумитаашон барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва ё барои маслиҳат пурсидан касе муроҷиат накардааст.

«Ҳарчанд барои маслиҳат гирифтан волидон ба мо муроҷиат намекунанд, вале намояндагони кумита барои пешгирӣ кардани издивоҷи ноболиғон ҳамроҳи падару модарон ва хонандагон корҳои фармондадиҳӣ мегузаронем», - гуфт у.

Ёдрас мекунем, ки «16-рӯзи мубориза зидди хушунати хонаводагӣ» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии зидди хушунат алайҳи занон» дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳамкории зичи мақомотҳои давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

акс аз: kloop.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh