Меҳнат карда ниҳол мешинонанд, аммо назорат намекунанд

archa

Ҳамасола шурӯъ аз нимаи моҳи ноябр дар саросари ҷумҳурӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркуниву ободонӣ ниҳолҳои зиёди ватаниву хориҷӣ шинонда мешаванд.

Масъулин инро барои беҳбуд бахшидан ба ҳолати ҳифзи муҳити зист ва ба ин васила афзудани даромаднокӣ аз ҳисоби ниҳолҳои мевадор ва сояафкан медонанд.

Аммо дар ин самт маблағҳои калон ҳам сарф шуда, ниҳолҳои бешумор шинонида мешаванд, ки таҳлилгарон ба ин назаранд, ки на ҳамаи онҳо ба иқтисодиёти кишвар фоидаоваранд.

Масъулин ба он хотир маҳз дар моҳҳои ноябр-декабр сурат мегирад, ки дар ин моҳҳо замин нарм буда, новобаста аз чигунагии навъи дарахтон ин мавсим боровар мебошад.

Тибқи иттилои сардори Раёсати растании Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Аббосхӯҷа Яхёхӯҷаев, ҳамасола дар ин мавсим ба истиснои дарахтони тропикӣ ва ситрусӣ, ки дар гармхона парвариш меёбанд, ҳама намудаи дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан нишонда мешаванд.

Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъди шинонидани ниҳолон дар баъзе ноҳияҳо ҳар гуна ҳайвонот дарахтонро ба нестӣ оварда мерасонанд.

«Дар минтақаҳо дарахтонро бештар чорвои хонагӣ, аз қабили харгӯш, гов, гӯсфанд мехуранд, дар натиҷа дарахтон пӯсида, боровариашон суст мегардад», - гуфт Аббосхӯҷа Яхёхӯҷаев.

Вале муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ — экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳисориев дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj изҳор дошт, ки барои кишвар дарахтоне бештар манфиатоваранд, ки дар баробари ҳусни шаҳрро зебо кардан, мевадиҳанда бошанд.

Зеро барои беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардум низ мусоидат хоҳад кард. Чуноне маълум гардид, дар баробари он ки аз ниҳолони ватанӣ мешинонанд, барои хариди дарахтон аз хориҷа низ маблағҳои калон сарф мешаванд, аммо чун иқлим мутобиқат намекунад, онҳо ба нестӣ мераванд. Инро ба назар гирифта, имсол масъулин тасмим гирифтанд то ба ивази ниҳолҳое, ки аз хориҷа ворид мегарданд, ниҳолҳои худиро бештар истифода намоянд.

Тавре Муҳаммадҷон Ҳисориев дар ин маврид гуфт: «Мутобиқат ба иқлим ва вазъи табииро албатта, маводҳои дохилӣ бештар соҳибанд. Аммо аз болои он ниҳолҳои шинондашуда барои он ки хуб парвариш ёбанд, назорат ҷиддӣ бурда мешавад ва ин гуна назорат бевосита ба зиммаи шахсони масъул вогузошта мешавад.» Дар ҳамин ҳол, ба андешаи ӯ, чунин мавсимҳо ба пайдоиши ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат карда, ба буҷаи оила ва давлат низ даромад меорад.

Олимҷон Сафаров, кошиноси масоили cоҳа ба он назар аст, ки дарахтони ороишӣ ғайр аз ҳусни шаҳрро зебо кардан, инчунин ҳаворо низ тоза мекунанд. Аз ин нуқтаи назар бештар дарахтони ар-ар, арча, шоҳболут (каштан) афзалиятноктаранд.

Ба андешаи коршинос низ, масъалаи муҳим баъд аз шинонидани дарахтон ин назорат аз болои хуб нумӯъ ёфтанашон мебошад. Зеро зиёд ба назар мерасад, ки масъулин маблағ сарф карда ниҳол мешинонанд, аммо аз даҳто яктои он месабзаду халос.

Сабаби инро Олимҷон Сафаров чунин шарҳ дод: «На ҳамеша бархе афрод меҳнати дигаронро ғамхорӣ мекунанд. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки аз тарафи худи шахсони масъул бетафовутӣ зохир мегардад. Баъди супоридани ҳисобот, дигар назорат намекунанду дар натиҷа хосил хуб намешавад.

«Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, дар баъзе махаллаҳои атрофи шахри Душанбе ба нестӣ рафтани ҷангалзорҳо ба назар мерасанд, ки дар он ҷойҳо замоне ба қавли сокинон, аз анбӯҳи дарахтони мевадор ва сояафкан ба назар мерасид.

Хурсанд Давлатов, муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷазо барои вайрон кардани ҷангалзорҳо дар қонунгузории ҷорӣ ҷанбаҳои заруриро дар бар намегирад. Вале аз соли 1994 гирифтани майдонҳои ҷангалзорҳо ба ҳисоб гирифта нашудааст.

Тавре ӯ дар ин маврид гуфт: «Тибқи қарори № 410-и Кодекси ҷангал ҷазо ба сифати пардохти ҷарима пешбинӣ шудааст. Вале қайд кардан даркор аст, ки қонуни амалкунанда ҳама ҷанбаҳои заруриро дар ин самт фарогир нест. Аз ҳамин ҷиҳат Кодекси нави ҷангал ба тасвиб расид. Вале ба ҳисоб гирифтани майдонҳои ҷангалзорҳо аз солҳои 1994 инҷониб ба амал наомадааст.»

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, котиби матбуоти раис шаҳри Душанбе, дар пойтахти кишвар барои шинонидани ниҳолон аз буҷаи давлат, аз ҳисоби корхонаҳо ва шахсони алоҳида маблағ ҷудо мешавад.

«Барои назорати ниҳолони шинондашуда мо мутассадиёнро ӯҳдадор месозем, ки назорат ҳатман ҷорӣ гардад ва ҳолатҳои буридани дарахтон ё шикастани онҳо пешгирӣ гардад»,- изҳор дошт Шавкат Саидов ба хабарнигори dastbadast.tj

Вале Аббосхӯҷа Яхёхӯҷаев мегӯяд, барои гузаронидани ин гуна маъракаҳо маблағ аз буҷаи давлат чудо гардад ҳам, ниҳоят кам ва он ҳам барои бунёди боғҳо, ки мо имсол дар майдони 50га бунёдашро ба нақша гирифтаем равона гардидааст.

«Дар умум шинонидани дарахтон аз ҳисоби шахсони алоҳида, корхонаҳои давлатӣ ба амал меояд, вале аксаран маблағгузорӣ аз ҳисоби мардум сурат мегирад», - гуфт ӯ.

Дар ин замина Амрохон Расулов, роҳбари дастгоҳи Мачлиси намояндагони Тоҷикистон ба хабарнигори dastbadast.tj гуфт, ки вакилон бевосита ниҳолшинонӣ намекунанд, вале бар зиммаи ҳар як корхона, муассиса, ташкилот шинонидани дарахт вогузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд барои парвариш ва назорати хуб ё вусъат ёфтани ниҳолхо маблағ ҷудо намешавад. Ҳар нафар бояд барои кабудизор ва сарсабз гардонидани шаҳри худ, макон ва манзили худ, дар ин маърака саҳмдор бошад.

Воқеан, солҳои охир Президенти кишвар мавсими ниҳолшинониро ба як маъракаи умумихалқӣ табдил додааст. Яъне, аввал ӯ худ кормандони Дастгоҳи иҷроияи президентро сарҷамъ намуда, интихобан дар мавзее ниҳол мешинонанду баъдан тамоми идораву сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи давлатӣ ба таври ҳашар шурӯъ мекунанд.

Масалан, соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри миллат бо фарзандону наберагони худ ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат беш аз 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонданд.

Соли 2011 бошад, президент дар мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт дар майдони 15 гектар боғи нав бунёд карда, садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуд.

акс аз: president.tj

Dastbadast.tj

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh