ЮНИСЕФ: 90 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон ба кӯдакистонҳо дастрасӣ надоранд

kudakon

Тибқи иттилои Хазинаи Кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) мактабҳо барои кӯдакони маъюб мутобиқ ва муҷаҳҳаз нестанд. Аз ин рӯ, аз 30 ҳазору 313 кӯдакони маълул, ки ба қайд гирифта шуданд, танҳо қисмати камтарини онҳо ягон намуди таълимро гирифтааст.

Ҳамасола 1-уми июн ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон» дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ЮНИСЕФ баёнияеро дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳои кӯдакон пахш кардааст.

Аз намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба хабарнигори dastbadast.tj гуфтанд, ки аз миёни 30 ҳазору 313 кӯдакони маълулиятдошта танҳо қисмати камтарини онҳо ягон намуди таълимро гирифтааст.

Зеро мактабҳо барои кӯдакони маълулиятдошта мутобиқ ва муҷаҳҳаз нестанд, ки ин ҳам поймол шудани ҳуқуқи ин қишри ҷомеа ба таҳсил ба ҳисоб меравад.

Аз намояндагии Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба хабарнигори dastbadast.tj гуфтанд: «90 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон ба кӯдакистонҳо дастрасӣ надоранд».

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки давлатҳои демократӣ дар тамоми қонунҳои худ манфиатҳои кӯдаконро ҳамавақт дар мадди аввал мемонанд. Ба он хотир ки кӯдакон ва пиронсолон шахсоне ҳастанд, ки муҳтоҷанд.

«Дар Тоҷикистон на ҳамаи падару модарон умедворанд, ки фарзандонашонро ояндаи хуб интизор аст. Зеро имрӯз аксарияти падарон дар муҳоҷират ҳастанд кӯдакон аз меҳри падар дуранд»,- гуфт ӯ ба хабарнигори dastbadast.tj

Аммо бархе волидайн ба он боваранд, ки ҳуқуқҳои кӯдаконашон дар Тоҷикистон ҳимоя мешаванд. Масалан, рӯзи 1-уми июн ҳамасола чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ барои кӯдакон доир мешавад, инро бархе ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон унвон мекунанд.

Баҳрӣ Назарова, модари як нафар иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони боистеъдод «Сапеда-2012», ки рӯзи 1-юми июн баргузор шуд, гуфт:

«Ман ҳуқуқҳои фарзандонамро медонам ва бохабарам. Масалан, як писари ман, ки истеъдод дорад, дар ҳама чорабиниҳо иштирок мекунад».

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос изҳор медорад, ки кӯдакони оворагарду бепарастор зиёд аст. Чунки падарон муҳоҷират мераванду модарон ҷои кор надоранд ва кӯдакон оворагардӣ мекунанд, ба мактаб намераванд ва ҳатто дуздӣ мекунанд.

«Гуфта наметавонам, ки имрӯз ҳама кӯдакон хушбахтанд. Аксарияти муҳтоҷанд. Масъалаи дигар ин саломатии кӯдакон мебошад. Имрӯз, ки ҳама хизматҳо пулакӣ шудаанд, аз ин чиз ҳам маҳруманд», — қайд кард О. Бобоназарова.

Дар ин замина аз ЮНИСЕФ иттилоъ доданд, ки дар Тоҷикистон 16 фоизи кӯдакон дар шароити фақири шадид зиндагӣ менамоянд.

Дар муқоиса бо ҳамсолони доротар, кӯдакони оилаҳои камбизоат ду баробар бештар дар зери хатари то синни панҷсолагӣ фавтиданро доранд ва ё аз кӯтоҳқадии бебозгашт дар асари камғизоӣ ранҷ мекашанд.

Ҳамчунин, дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Институти Омбудсмен бозрасии нақзи ҳуқуқи кӯдаконро оғоз кардааст.

Ин ҳамкорӣ барои он равона шудааст, ки масоили поймол шудани ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор бигирад ва ҳамчунин барои шунидани овози кӯдакон аз тарафи ҳукумат шароит фароҳам оварда мешавад.

«Мо бояд итминон ҳосил намоем, ки ба тамоми кӯдакон новобаста аз вазъият барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо шароит фароҳам оварда шудааст, то онҳо тавонанд ҳаёти босамар ва бо эҳтиром гузаронанд»,- изҳор доштанд аз намояндагии ЮНИСЕФ.

акс аз: kloop.tj

Dastbadast.tj

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh