Дар заминҳои Тоҷикистон чиниён кишт мекунанд

dehkononi-chin 

Деҳқонони чин ният доранд, ки дар заминҳои Тоҷикистон киштро зиёд кунанд. Деҳқонони Ҷамъияти саҳоми кишоварзи Чин дар Тоҷикистон бо даъвати призденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омаданд.

Заминҳои кишоварзии ба ихтиёри давлати Чин гузошта шуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон муайян шудаанд, мӯҳлати истифодаи заминҳои Тоҷикистон номуайан буда, бо таври иҷора фаъолият мекунанд.

Мавсими кишити кори чиниён аз ҳамин тирамоҳ шурӯъ мегардад, ки фаъолияти он вобаста аз деҳқонони чинӣ мебошад.

Сармутахасиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки деҳқонони Чин айни ҳол, дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 122гектар пахта, 64гектар ҷуворимакка ва 43гектар ҷав кишт кардаанд, дар 49гектари дигар гармхона ба нақша гирифта шудааст, айни ҳол 43гектар Замин холӣ мондааст

Абдусаломи Абдураҳмон сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор зимни сӯҳбат қайд кард ки деконони чини, ин ҳамешагӣ нест аз ҳамин сабаб, ин норозиги деҳқонони тоҷикро ба миён оварда наметавонад.

«Деҳқонони чинӣ баръакс ба деҳқонони тоҷик фоида мерасонанд, яъне ки деҳқонони тоҷик корҳои онҳоро дида дар оянда мисли деқонони чинӣ ҳосили хуб ба даст меоранд.

Соҳаи кишоварзӣ чихеле мо медонем пешрафтагӣ аст, хуб мешуд ки таҷрибаи онҳоро деҳқонони мо омӯзанд ва бинанд ки онҳо дар соҳаи кишоварзӣ дастовардҳо доранд ва чихел онро ба даст меоранд», - иброз намуд коршиноси соҳа, А. Абдураҳмон.

Мансур Абдуҳалимов яке аз деҳқонони тоҷик зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj норозигии худро доир ба масъалаи маскур изҳор кард ва чунин гуфт.

«Аз ҷиҳати дигар ба кишту кор машғул нашудани деҳқонон дар беошӣ марди тоҷик мебошад. Марди деҳқон имрӯз ба Замин зураш намерасад, аксарият шахсоне ки соҳиби Замин ҳастанд собиқаи кори надоранд ва шахсоне ки собиқаи кори доранду аз ӯҳдаи ин кор мебароянд, ба онҳо Замин насиб намегардад.

Чиниёну дигар шахсоне ки аслан Замин кор надоранд ба онҳо имрӯз муяссар гаштааст, ки онҳоро харидорӣ намуда, онҳоро солҳои сол бекор хобида мемонанд.

Он масъулоне ки дар вилоятҳову ноҳияҳо дар бораи ҷудо намудани Замин ба деҳқонон ваъда додаанд, онҳо бо ваъдаи худ устувор набуданд», - ибрози ақида намуд деҳқон М. Абдуҳалимов.

Аммо ба ақидаи сокини шаҳри Душанбе, Саид Исмоилов сабаби бисёр кишти Тоҷикистонро ба чиниён додан, дар тараққиёти давлати Чин мебинад.

«Чиниён меҳнати зиёд мекунанд, деҳқонони мо бошад мешавад, намешавад гуфта мегарданд. Онҳо ҳам аз табиат, ҳам  технология ва ҳам доруҳо пурсамар истифода мебаранд, агар корашон дар ин самт барор нагирад ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигар мераванд», - гуфт сокини пойтахт С. Исмоилов.

Ба ақидаи дигар сокини пойтахт, Ҳурматой Қосимова чунин тасмим дар хуб кишту кор кардани деконони Чин бошад.

«Ба ақидаи ман чунин аст, ки чиниҳо давлати пешрафта аст, барои ҳамин онҳо дар ҳосилу ҳосилдори хуб мебошанд.

Онҳо худашон намеоянд, онҳоро баръакс даъват мекунанд ба заминҳои мо барои кишту кори бо истифодаи усулҳои нави хоҷагидорӣ», - афзуд Ҳ. Қосимова.  

Қайд мекунем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардуми Чин дар соҳаи кишоварзӣ солҳои охир вусъат пайдо намуда истодааст. Имрӯзҳо бисёре аз деҳқонони Чин тибқи шартномаи се тарафа байни Ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистону Чин ва худи деҳқон ба иҷора гирифта, дар он кишту кор намуда истодаанд.

акс аз: АИ "Рейтерс"

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh