Дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2014

medali

Варзишгарони тоҷик дар давоми соли 2014 дар 90 мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2013, 42 мусобиқа зиёд мебошад ва сазовори 897 медал гардиданд, ки нисбат ба соли 2013, 436 медал зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Дилшод Абдураҳимов муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиши ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар тули 9 моҳи соли 2014 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ сазовори 897 медал, аз ҷумла 250 адад медали тилло, 243 адад медали нуқра ва 404 адад медали биринҷӣ гаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013, 150 медали тилло, 113 медали нуқра ва 173 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

«Дастоварди баланди варзиши дар соли 2014 ин иштирок дар бозиҳои Осиё ба шумор меравад, ки дар он 92 нафар варзишгарони Тоҷикистон ҳамчун ҳайати расмӣ иштирок намуданд.

Имсол бештар варзишгарон Дилшод Назаров (медали тилло аз гуштини тарзи озод), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Моҳру Ҳалимова (медали биринҷӣ аз риштаи тхэквондо) ба дастовардҳо ноил шуданд, чунки онҳо дар мусобиқаи сатҳи баланд иштирок намуда буданд», - қайд намуд Д. Абдураҳимов. 

Инчунин, дар ин давра аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зиёда аз 108 мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла 84 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 24 чемпионати Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 9 ҳазору 719 варзишгар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2013, 4 ҳазору 378 варзишгар зиёд мебошад, аз ин шумора 1 ҳазору 341 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2013, 502 нафар зиёд мебошад.

Муаллиф: Юсуф САЛИМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh