Дар соли 2014 дар Тоҷикистон 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд

YArmarkai-choyhoi-korii-holi

Агентии ҳифзи ичтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи неку аҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ менамояд.

Соли 2014 дар тамоми ҷумҳурӣ зиёда аз 685-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда буданд, ки беш аз 136ҳазор ҷойҳои кории холиро дар бар мегирифтанд. Дар ин ярмарка 8ҳазору 31 ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли фаъолияташон иштирок карданд, ки 136ҳазору 353 ҷои кории холӣ пешниҳод намуда буданд.

Дар тамоми ҷумҳурӣ ба ин ярмарка зиёда аз 110ҳазор шаҳрванд иштирок намуданд. Аз ин ҳисоб 5ҳазору 346 нафар шаҳрвандон ба касбомузӣ ҷалб карда шуда, 7ҳазору 223 нафари дигар ба ҷои кор роххат гирифтанд ва 5ҳазору 505 нафари боқӣ монда бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки дар умум 1ҳазору 74 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Раҷабалӣ Гулшанов муовини сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иброз дошт, ки ҳангоме ки шаҳрванд бекор мемонад, дар ҳамин ҳолат у аз кафолатҳои ичтимоии худ тибқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғлият» метавонад истифода барад.

«Вақте ки шаҳрванд бекор мемонад ё ихтисор мешавад, у дар муддати 10 рӯз ба шуғли аҳолӣ бояд муроҷиат намояд, то ки ба у мо то се моҳ кӯмакпулии ичтимоӣ, моҳи якум 50%, моҳи дуюм 40% ва моҳи сеюм 30% ҷудо намоем.

Дар ин рӯзҳо мо шаҳрвандон кор мебарем, то ки у кори мувофиқро ба худ ҷустуҷӯ намояд ва агар у наёфт мо бо ҷои кор уро таъмин мекунем ва ё ба касбомӯзӣ фаро мегирем.

Бояд қайд намоям, ки шаҳрвандон ҳангоме ки бе кор мондан ҳатман ба шуғли аҳолии давлатӣ ба филиалҳои муроҷиат намоянд ва аз ҳуқуқи конститутсонии худ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳоли»-ро истифода баранд.   

Инчунин бояд қайд намоем, дар соли 2014, 1ҳазору 856 нафар шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятии муваққатӣ, яъне то як моҳа ва 1ҳазору 856 нафар шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятии музднок равон карда шуданд», - иброз намуд Р. Гулшанов.

Алишер Фаромузов директори Муасиссаи давлатии маркази  таълимии калонсолони Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ беш аз 100ҳазор шаҳрвандон аз рӯи 48 ихтисос, Маркази  таълимии калонсолонро хатм намуда, соҳиби ихтисос гардиданд.

«Дар соли 2014 ба маркази мо барои касбомӯзӣ бе аз 60ҳазору 346 нафар шаҳрвандон тибқи роххати шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд, ғайр аз ин шаҳрвандон ҳамчунин шасхи воқеӣ омада ихтисосҳои лозимаро барои фаъолияти меҳнатӣ аз худ мекунад.

Мо инчунин бо якчанд корхонаҳо хусуси ҳамкорӣ дорем, ки онҳо низ корманони худро барои ихтисос омӯзишӣ ба маркази мо меоранд.

Айни ҳол, дар тамоми ҷумҳурӣ 77 маркази  таълимии калонсолон амалӣ мекунад, ки дар онҳо шаҳрвандон метавонанд, бо тариқи ройгон ва пулакӣ дар 48 ихтисос бозомӯзанд, малакаи касбӣ гиранд ва ё омӯзанд», - иброз намуд А. Фаромузов.

Изатбеки Идизод сокини пойтахт мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар корхонаи саноатии калон вуҷуд доранд, вале онҳо шароити хуби кориро барои коргарон муҳайё намесозанд.

«Ҷои кор нест, барои чи ҷои кор нест, барои он ки дар ҷумҳурии мо имрӯз корхонаҳои калони саноатӣ ба ном вуҷуд дораду, вале шумораи кормандони онҳо ниҳоят кам аст ва маҳсулоте ки онҳо истеҳсол мекунанд кам дар хориҷ ва дохили кишвар харидорон дорад.

Шояд ҳамин бошад, ки мардум бо ҷои кор таъмин нестанд, мо ин гуна корхонаҳои хурду бузург дорем, онҳо дар вақти Шӯравӣ то се ҳазор кормандро ба кор қабул мекарданд, вале кани ин гуна корхонаҳо имрӯз дар ҷумҳурии мо.

Бояд як чиз қайд намоям, ки гузаронидани ярмаркаҳо супориши ҳаст ва вақте ки аз роҳбарони корхонаҳо ҷойҳои холии кориро талаб мекунанд, онҳо рӯйхати ҷои кори холиро бардурӯғ пешниҳод менамоянд ва корҷӯён тибқи пешниҳодҳое, ки аз тарафи шуғли аҳоли ба ин гуна корҳо мераванд, ки дар ҷавоб мешунаванд: «аллакай мо корманд гирифтем, шумо дер кардед» ва ё як намуди шартҳои пешниҳод мекунанд, ки корҷӯй аз рафтанаш пушаймон шуда, ба ҷустуҷӯи кори дигар оғоз мекунад», - афзуд сокини пойтахт И. Идизод.

Вале, дигар сокини пойтахт Қаландари Мӯъминзод мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар ҷои кор ҳаст, аммо музди кор барои корманд кифоягӣ намекунад.

«Имрӯз дар ҷумҳурии мо ҷои кор ҳаст, аммо маоши ин гуна корҳо ба бозори имрӯза мутобиқат намекунад, барои он ки маблағ кам аст, бозор бошад қимат.

Агар маблағ нағз мешуд, ҳамаи шаҳрвандон Тоҷикистонро тарк накарда дар ҳамин ҷо бо маоши хуб кору фаъолият мекарданд.

Ман чанд маротиба ин гуна ярмаркаҳо рафтам, вале маоше дар онҷо навишта шудааст барои зиндагии ман кифоягӣ намекунад, ҳаст ҷойҳои кории холӣ бо маоши баланд, вале ин гуна ҷой банд мебошанд», - ибрози ақида намуд, дигар сокини пойтахт Қ. Мӯъминзод.  

Тибқи ҳисоботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2014 ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 112ҳазору 634 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 72ҳазору 409 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 51ҳазору 248 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.

Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 38ҳазору 911 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз он ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда, яъне квотаҳо 2ҳазору 635 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3ҳазору 751 нафар соҳиби ҷои кор шуданд.

Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4ҳазору 885 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18ҳазору 226 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома ва тариқи худмаблағгузор дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 80ҳазору 464 нафар бинобар аз даст додани ҷои кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 251ҳазору 570 ҷои кори нав таъсис дода шудааст.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд аз ҷойҳои кории дар давраи ҳисоботӣ таъсисдодашуда 83ҳазору 29 адад ҷойҳои кории доимӣ, 84ҳазору 91 ҷойҳои кории муваққатӣ ва 83ҳазору 631 ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд.

Муаллиф: Гулнозаи РАҶАБАЛИЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh