Шумо таътили зимистонаи худро чи гуна гузаронидед?

tatil

PlayVideo

Тули як моҳ хонандагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ дар таътили зимистона буданд ва ба чи корҳо онҳо тули ин моҳ машғул буданд, ба ин савол хабарнигорони dastbadast.tj аз хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт посух гирифтанд. 

АСЛИДДИН АҲМАДОВ, хонандаи мактаби №54-и шаҳри Душанбе:

«Ман таътили кӯтоҳмуддати зимистонаи худро хеле ҳам хуб гузаронидам ва дар ин таътил бисёртар ба дарсҳои иловагӣ машғул будам. Аз сабаби оне ки ман бисёртар ба дарсҳои иловагӣ банд будам, фурсате наёфтам, ки китобҳои бадеиро хонам. Ман ин таътил дилтангӣ наовард ва баръакс ин муддат бароям ками кард, ман танҳо як маротиба ба хонаи бобою бибиам рафтам ки он аз Душанбе беру наст».

ЛАЙЛО ИСМАТОВА, хонандаи мактаби №51-и шаҳри Душанбе:

«Ман дар ин таътил танҳо сайру гашт намудам,  аммо ман дар ин таътил ба ҳеҷ куҷо сафар накардам».

ШОДМОН КАРИМОВ, хонандаи мактаби №90-и шаҳри Душанбе:

«Ман ин таътили зимистонаро ба хондани китобҳои бадеи гузаронидам, ман дар ин таътил махсусан китоби шоҳномаи Фирдавсӣ ва «Ҳафт пайкарӣ» устод Рӯдакиро хондам. Таътили зимистона ба ман хеле ҳам писанд омад, чунки ман бисёр вақти холӣ доштам ва ба бисёр китобхонаҳо рафтам, ман дар ин таътили зимистона ба назди бибию бобоям ба деҳот рафтам, ин таътили зимистона каме бошад, ҳам ба манд дил танги овард аммо хеле хуб гузашт, ба ман таътили зимистон хеле ҳам писанд омад».

ФАРИДДУН КАМОЛОВ, хонандаи мактаби №54-и шаҳри Душанбе:

«Ман ин таътили зимистонаи худро хеле хуб гузаронидам, чун ки дар ин таътил ман бисёр корҳои нотамомамро ба итмом расонидам, ман дар ин таътил биёр китобҳое ки дар китобхонаҳо фурӯхта мешаванд ҳамонҳоро хондам».

МАКНУНАИ АЗИЗҶОН, хонандаи мактаби №66-и шаҳри Душанбе:

«Ман дар ин таътил китобҳои русиро хондам ва каме бошад ҳам аз ин баҳра гирифтам. Таътили зимистона ба ман хеле писанд омад чунки ман бо ҳамроҳии оилаам ба сайру гашт рафтем ва дар ин таътил ба Боғи ҳайвонот ва ба дигар ҷойҳо рафтам. Ман дар ин таътил ба дарсҳои иловагӣ журналисти рафтам, таътили зимистона ба ман дилтангӣ наовард, чунки ин таътил ба хушу хурсандӣ гузашт,  ба ман харду таътил писанд аст».

МАШРАФ АБДУЛЛОЕВ, хонандаи мактаби №16-и шаҳри Душанбе:

«Ман таътили зимистонаи худро хуб гузаронидам, ман мутасифона ягон китоби бадеӣ нахондам, таътили зимистона ба ман писан омад, чунки ҳавояш хеле гарм буд ман дар ин таътили зимистона ба ҳеҷ куҷо сафар накардаам».

ФИРУЗ САЙФИЕВ, хонандаи мактаби №72-и шаҳри Душанбе:

«Ман ин таътилро ки ба мо 15 рӯз  дода шуда буд, хеле хуб гузаронидам ва дар ин таътил ба сирк омадам».

ТАХМИНА ТУРСУНОВА, хонандаи литсеи 2-и шаҳри Душанбе:

«Ман ин таътили зимистонаро хуб гузаронидам ва ба якчанд ҷойҳо рафтам. Ман дар ин таътил бисёр китобҳоро хондам аз қабили «Марди судхӯр»,  «Духтари оташ» ва дигар китобҳо».

ИДИБЕК САФАРОВ, хонандаи мактаби №66-и шаҳри Душанбе:

«Ман дар ин таътили китобҳои бадеӣ нахондам аммо китобҳои дарси хондам, ин таътили зимистона ба ман писанд омад чунки дар ин таътил  бисёр гаштугузор кардам, ман бисёртар дар ин таътил ба дарсҳои иловагӣ ва ба хондани китобҳо машғул шудам, таътили дарози як моҳа ба ман дилтангӣ наовард. Ба ман бисёртар таътили мавсимӣ писан аст».

СУНАТУЛЛОИ РАШИД, хонандаи литсеи 2-и шаҳри Душанбе:

«Ман таътили зимистонаи худро хеле хуб гузаронидам ман дар таътили зимистона аз нависандагони рус ва англис, инчунин тоҷикӣ низ китоб хондам. Таътили зимистона ба ман писанд омад, чунки ман ин таътилро бо дӯстони худ гузаронидам ва дар ин таътили зимистона қариб ба ҳеҷ куҷо сафар накардам, аммо танҳо ба хонаи модаркалонам рафтам».

Муаллиф: Саймуҳаммади ВАЛИ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Comments  

 
+2 #1 Шукрона Сафарова 2016-02-14 19:10
Таътили зимистонаи ман хеле хуб гузашт. Аслан ман дар таътил аз шахр берун нарафтам,аммо бибию бобоям ба хонаи мо омаданд. Зеро дар таътили зимистона ман зодруз доштам. Таътили зимистонаи худро ман бо оилаамон ва хешу дустонам хеле хуб ба охир расонидам. Боз китобхои бадеи низ хондам, ки дутои он бо забони руси нашр гардида буд. Агар вакти холиги меёфтем бо модарам ба сайту гашт мебаромадем.Таъ тили зимистонаи ман бе хаду канор нагз гузашт вале афсус ки зуд тамом шуд.
Quote
 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh