Забон – боигарии давлат мебошад, вале ин боигариро аксарияти шаҳрвандон самарнок истифода намебаранд

zaboni-tojiki

Соли 2014 дар ҷумҳурӣ барои риоя накардани муқарророти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» 19 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷаримабандӣ кашида шуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи забон ва истилоҳот дар умум соли 2014, 231 адад парванда барои риоя накардидани муқарророти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасӣ шуд, ки аз он 56 муассиса камбудии  ҷойдоштаро бартараф намуданд. Миқдори умумии ҷаримаҳо 81 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин маблағҳо ба фоидаи буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки барои шаҳрвандони воқеӣ ҷазои маъмурӣ аз 15 то 20 маоши ҳадди ақал ва барои шаҳрвандони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 маоши ҳадди ақал пешбинӣ гардидааст.

Раҳим Зулфонов сармутахасисси Шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj оид ба истифодаи калимаҳои забонҳои дигарро дар ҳудуди ҷумҳурӣ чунин арзёбӣ намуд.

«Барои чи истифода бурдани калимаҳои забонҳои дигар манъ аст, чунки забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон аст. Забони тоҷикӣ ки забони давлатии Тоҷикистон бошад, пас мо бояд бо забони тозаи тоҷикӣ ҳар як шиору овеза нависем, ҳамин хел ҳаст?!

Лекин дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое ки бо ҳамкории ва сарпарастии давлатҳои хориҷа таъсис ёфтаанд, онҳо бояд дар баробари истифодаи забони давлатии худашон, забонии давлатии Тоҷикистонро, яъне забони тоҷикиро бояд аз ҳама гуна  унсурҳои бегона тоза нигоҳ доранд.

Он калимае, вожае ва истилоҳе ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ вуҷуду тарҷума дорад, мо ҳақ надорем варианти бегонаи онро истифода барем.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки бисёр ташкилоту муассисаҳо ба номҳои ғайритоҷикӣ номгузорӣ шудаанд, ин ҳам хилофи қонун аст», - иброз намуд сармутахассиси Кумитаи забон, Р. Зулфониён.

Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳот зимни нишасти матбуоти изҳор намуда буд, ки то ҳанӯз муқаррароти қонуни  забон дар бисёр ташкилоту муассисаҳо риоя намешавад.

«Кумитаи забон бо изҳори ташвиш аз саҳлангориҳо дар номгузорӣ гуфт, баъзан номҳои таърихӣ беасос ба номи афроди алоҳида иваз шуда, такрори номҳо дар чанд маҳал низ ба назар мерасад».

Ҳамчунин намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот Раҳим Зулфонов иброз дошт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон муассиса ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ имлои забони тоҷикиро риоя намекунанд, ки ин хилофи қонуни забони давлатӣ мебошад.

«Тибқи қисми 6-и моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» Қоидаҳои имлои забони тоҷики ҳангоми навиштан бояд риоя гарданд, имрӯз дар ягон муассиса Қоидаи имлои забони тоҷикӣ риоя намегарданд, барои чи?

Барои он ки ҳар як ташкилоту муассиса дар асоси қонун ва Барномаи рушди забони давлатӣ бояд соатҳои таълимии забони давлатӣ байни кормандони худ, таъсис диҳанд.

Дар тамоми ташкилоту корхона чи хусуси, чи давлати Қоидаҳои имло ҳам бояд омӯзонда шавад, бо маблағҳои худи ташкилот», - илова намуд Р. Зулфониён.

Ҳуқуқшинос Насимҷон Азизов Кумитаи забон ва истилоҳотро дастгирӣ намуда иброз дошт, ки имрӯз дар ҷумҳури қонуни забон пуррагӣ риоя нагардида истодааст.

«Ҳамин қонун ба таври пурра риоя намешавад то ҷое ҳаст, ки меъёрҳои ҳамин қонун поймол карда мешавад, масалан баъзе аз тарафи тоҷирон.

Дар навиштаҷоту рекламаҳо низ терминҳо ба назар мерасад, ки бар хилофи қонун навишта шудаанд, расму усули халқиятҳои дигар давлатҳоро нишон медиҳад.

Бояд зикр намоям, ки барои риоя накардани Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати», тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ - ҷазоҳои интизомӣ ва протоколҳои маъмурӣ, пешнибӣ гардидааст», - иброз кард ҳуқуқшинос Н. Азизов.

Шоир, Нурмуҳаммад Сироҷӣ мегӯяд, ки халқи тоҷик имрӯз он вожаҳоро истифода мебарад, ки барои онҳо ин қулай аст, чунки ба забони тоҷикӣ ин вожаҳо бо тарҷума нофаҳмотар ҳастанд.

«Аслан таъсири бештари калимаҳои русӣ дар нутқи гуфтугӯии мардум дар ҳамон нутқи даҳонии мардум истеъмол мегардад.

Дар аксарияти терминҳои русӣ дар забони тоҷикӣ тарҷумаи солими худро  надоштаннд аз ҳамин лиҳоз калимаҳои русӣ дар забони мо бисёртар истифода мешаванд, вале калимаҳои интернатсионалӣ ё ин ки англисӣ, ё ин ки лотинӣ ва юнонӣ.

Ин гуна калимаҳо то ба имрӯз тарҷумаи мутобиқи худашонро дар забони мо наёфтанд, барои ҳамин шояд барои фаҳмо будани маъно калима, баъзе шахсон калимаҳои дигар забонро истфода мебаранд.

Аслан ин саҳми Кумитаи истилоҳот бисёр бояд баланд бошад, дар тарҷумаҳои амиқ ва макмули ҳамон, ҳар як соҳа, яъне дар калимаҳои соҳавӣ», - афзуд шоир, Н. Сироҷӣ. 

Қайд мекунем, то имрӯз бо вуҷуди гузашти 25 сол аз таҳия ва тасвиби қонуни забони давлатӣ ҳамчун забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон, то ҳол ин қонун пурра иҷро нашудааст.

Бо гузашти 23 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ сомонаҳои расмии аксари вазоарту идораҳои давлатӣ бо забони русӣ ва қариб ҳамаи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва ё англисианд.

Шиору овезаҳо ва номгузории марказҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар аксар ҳолат бо забонҳои хориҷӣ сурат мегирад, то кунун ба муқаррароти Қонуни забони давлатии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд.

Риоя нагардидани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ зимни таҳияи асарҳои илмию бадеӣ таҳияи барномаҳои телевизиониву радио, навиштан ва чопи мақолаву навиштаҷоти маводи даврӣ, истифода аз шева ва гуфторҳои лаҳҷавӣ дар мавриди муошират ва коргузорӣ низ имрӯз ба назар мерасанд.

Айни ҳол дар асоси тавсияҳои гурӯҳи кори Кумитаи забон ва истилоҳот номи кошонаи ҳусни «Изумруд» ба «Зумрат», «Хюрем» ба «Хурам», қаҳвахонаи «Пиццерия вохури»-ро ба «Ошхонаи вохури» иваз карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи таомҳои гурҷии «Shisha» ба «Қаҳвахонаи ШИША» ва қавҳахонаи «Kinto» ба «Қутайси» аз ҳарфи лотини ба ҳарфи тоҷики баргардонида шуд. Номи нархномаи «Любой ҷо»-и ширкати мобилии «Билайн» ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод карда шуданд.

Кумитаи забон ва истилоҳот то имрӯз 231 муассисаро аз санҷиш гузаронид, ки аз он 175 муассиса бо парвандаи поймолкунии муқаррароти Қонуни забони давлати дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Зимни фаъолияти босамари кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз номгузории як қатор мағозаву марказҳои хизматрасонӣ аз забони бегона ба забони давлатӣ баргардонида шуда, ноқисиҳо бартараф карда шудаанд.

Масъалаи дигар, ки мавриди баррасии масъулин қарор гирифт, зарурати ба роҳ мондани давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аст.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh