Аз рӯи ихтисос кор накардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

jurnalist

Яке аз проблемаҳои муҳими Тоҷикистон тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои ҳамаи соҳаҳои ҳайётан муҳим мебошад. 

Имрӯз яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши донишҷӯён, аз ҷониби онҳо, надоштани одати мунтазам, машғул шудан ба меҳнати фикрӣ ва эҷодӣ мебошад. Аксаре аз донишҷӯён, аз ин сабаб ба дониши кифоя соҳиб намешаванд ва ҳатто донишгоҳро хатм намекунанд. 

Ин вазъият аз рӯи интихоби нодурусти касб аз ҷониби довталабон мебошад. Аксар донишҷӯён касб ва донишгоҳҳоро на аз рӯи дониш, шавқу ҳавас, қобилият ва огоҳ будан аз нозукиҳои касбҳои мухталиф, балки бо пешниҳоди калонсолон ё аз рӯи назарияи эҳтимолият интихоб мекунанд.  

Яке аз чунин соҳаҳо ин ихтисоси журналистика дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бисёре аз хатмкунандагон ба кори эҷоди машғул шуда наметавонанд. 

Мурод Муродов коршиноси соҳаи журналистика иброз дошт, ки ин соҳа хусусияти эҷоди дорад ва на ҳама хатмкунандагон аз ӯҳдаи чунин кори масъулиятнок баромада метавонанд.

«Ихтисосҳое ки хусусияти эҷодӣ доранд, маҳорату истеъдодро талаб мекунанд.

Яъне барои дар ин соҳа кору фаъолият кардан ва ё мавқеъ пайдо кардан, довталаб, донишҷӯ ё нафаре ки ба ин касб ноил шудан хоҳад, қобилияти табии бархурдор бошад ва ҳам махсусияти қонуниятҳои касбӣ огоҳ ва бархурдор бошанд.

Муттасифона, ҳамин ду омил – омили табии ва касби, таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ин омилҳо чандон мувофиқ намеояд.

Чи хеле ки бузургон гуфтаанд «Журналист метавонад кори даҳ вазирро ба иҷро расонад, вале даҳ вазир наметавонад кори як журналистро ба иҷро расонад», - иброз намуд, коршиноси соҳа М. Муродов. 

Фаррух Ҳайдаров устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар кор дар Воситаҳои ахбори омма ба ҳама кифоягӣ мекунад, вале барои ноил шудан ба куллаҳои баланди касби худ, заҳмати зиёд бояд кард.

«Журналистика як касбе ҳаст, ки заҳмату эҷодро талаб мекунад ва баъд аз он қаламро. Муттасифона аз теъдоди умумии донишҷуён сад фоизашон соҳиб қалам шуда наметавонанд, ҳастанд шахсоне ки аз болои худ кор мекунад, заҳмат мекашанд, соҳиб қалам мешаванд ва эҷодкор мешаванд, онҳо кор пайдо карда метавонанд, ин нафарҳо гурӯҳи хурд ҳастанд», - гуфт Ф. Ҳайдаров.

Вале, донишҷӯ ки дар соҳаи журналистика таҳсил мекунад, Меҳрангез Қамариддинова мегӯяд, ки сабабе аз рӯи ихтисос кор накардани хатмкунандагон ин кам будани маоши Воситаҳои ахбори омма мебошад.

«Маоше ки аз ҷониби ВАО-и кишвар дода мешавад, тамоми  талобатҳои хатмкунандагонро қонеъ гардонида наметавонад, аз ҳамин сабаб  бештари хамткунандагон ба фикри ман эшон аз касби интихобкардаашон баъдтар пушаймон мешаванд», - мегӯяд, донишҷӯи соҳа М. Қамариддинова.

Дигар донишҷӯ Матлуба Ҳасанзода иброз дошт, ки бисёре донишҷӯён ба ихтисосхои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо барои диплом дохил мешаванд.

«Бисёр шахсон тасодуфан дохил шудаанд ва ягон хел шавқу ҳавас ба ин касб надоранд, ба онҳо танҳо диплом лозим аст, касб бошад ба онҳо фарқ надорад, диплом бошад бас», - М. Ҳасанзода.

Сафарбой Самадов сармутахасиси Раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар 38 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тайёр намудани журналистон машғул ҳастанд.

«Дар Тоҷикистон 38  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаолият менамояд.

Дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия ва Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода факултетҳои журналистика фаъолият мекунанд, ки барои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳамасола мутахассисонро тайёр мекунанд», -  иброз намуд С. Самадов.

Ҳама сола муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мутахассисони касбиро аз рӯи ихтисосҳои гуногун тайёр мекунанд ва баъди ҳатми ин муассисаҳо муттахасисони ҷавон дар ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисоси доштаашон кор намеёбанд ва ё бо шароитҳои кори пешниҳодшуда рози шуда наметавонанд. Ин сабаб мешавад, ки ин мутахассион аз рӯи ихтисоси дигар кору фаъолият кунанд, ё ин ки роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh