Шумораи табибони тоҷики таҳсилкардаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар афзуда истодааст

tabib

Тайи солҳои охир бештари табибони тоҷик, ки бевосита дар Тоҷикистон таҳсил намудаанд, барои кору фаъолият ба хориҷи кишвар мераванд.

Тибқи маълумотҳои расми бештарини табибони тоҷик фаъолияти тиббии худро дар кишвари Яман ба роҳ мондаанд, вале ба андешаи коршиносон табибони тоҷикро зарур аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият кунанд, чунки то ҳанӯз ҳам дар кишвар масъалаи нарасидани табибон мушоҳида мешавад.

Аз Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигори dastbadast.tj иттилоъ доданд, ки аксари табибони тоҷики дар хориҷ фаъолият кунанда, дар Макотибҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, вале дар хориҷ рафта фаъолият мекунанд.

«Ҳастанд давлатҳое ки бо Ҳукумати Тоҷикистон оиди ниёз ба табибон созишнома ба имзо расонидаанд ва он табибоне ки тибқи ин ҳуҷҷат роххат барои кору фаъолият мегиранд, онҳо ба ҳамон давлатҳо сафарбар карда мешаванд.

Вале пеш аз сафарбар кардани табибони тоҷик ба дигар давлатҳо, вазъи норасоии табибон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ба инобат гирифта мешавад», - гуфта мешавад аз Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолӣ. 

Вале, Сафарали Исмоилов табиби кӯдаконаи Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки сабаби ба кор рафтани табибони тоҷик ба хориҷа ин аз набудани шароит ва кам будани музди меҳнат дар Тоҷикистон мебошад.

«Шароити кору фаъолият ба фикри ман дар ҷумҳурӣ бад нест, сабаб ба фикрам кам будани маблағ аст, мисол нисбат ба муаллимҳо», - иброз намуд, табиб , С. Исмоилов.

Абдуқодири Рустам мудири Шӯъбаи кадри Беморхонаи «Ибни Сино» зимни сӯҳбат иброз дошт, ки табибони тоҷик ба мисли дигар мардуми дунё барои таъмини зиндагиашон ба хориҷа мераванд, чунки маоше ки давлат ба онҳо медиҳад, барои зиндагии онҳо кофӣ нест.

«Дар мо гӯё мутобиқ ба қонуни асосӣ, табобат, дармон  ройгон аст, вале дар амал танҳо медонем, ки дар Бемористонҳо то ба табибон пуле надиҳӣ, табобати босифат гирифта наметавонӣ.

Аз ҷониби дигар ин муҷҷозот дорад, таҷҳизоти моли маҳсуб мешавад вақте, ки табиб аз бемор пул мегирад ва инҳо маҷбур ҳастанд, барои он ки бидуни дарди сар зиндагиашонро таъмин кунанд, ба хориҷа мераванд», - ибрози ақида кард А. Рустам.

Алишери Файзулло сокини шаҳри Душанбе иброз менамояд, ки табибони тоҷик бояд барои ҳифзи сиҳатии оммаи тоҷик дар Тоҷикистон фаъолият кунанд.

«Бояд қайд кард, ки табибони тоҷик яке аз беҳтарин табибон дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, маъмул ва машҳур ҳастанд, аз ин лиҳоз онҳо бештар, рӯ меоранд, ба мамлакатҳои хориҷа ба хотири оне, ки баъзе аз онҳо барои ҳимоя кардани рисолаҳои дипломӣ, рисолаҳои номзадии худ ё баъзе аз онҳо шояд қаноатманд, нашудан ба моши дохили мамлакат аз ин лиҳоз онҳоро рӯ моранд, ба хориҷи мамлакат.

Ман фикр мекунам, ки бештар бисёр хуб мешуд, ки агар онҳо дар дохили мамлакат кор ва фаълият мекарданд, барои пешрафти тибби тоҷик як саҳми арзандаи хешро мегузоштанд», - иброз дошт, сокини пойтахт А. Файзулло.

Дилором Раҳматова коршиноси соҳаи тиб дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj гуфт, ки фаъолияти табибони тоҷик дар хориҷи кишвар ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам мусбӣ дорад.

«Он ҷо пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, шароити фароҳами меҳнат аст ки онҳо, он ҷоро ҷолиб мебинанд. Ман ҳамчун коршинос, дар ин ҳам ҷиҳати албатта мусбиро мебинам, ҳам манфиро.

Ҷиҳати манфии ин масъала дар он аст, ки албатта он мутахассисони таҷрибаҳое ки дар соҳаи тандурустӣ як саводу малакаю маҳорати касбии баланду дараҷа доштанд, имрӯз дар ҷумҳурии мо хеле ва хеле зарур ҳастанд.

Мусбаташ шояд дар он бошад, ки аксарияти оилаи онҳо дар ин ҷо зиндагӣ доранд, онҳо пурра кӯчида нарафтаанд, дастовардҳои хубро ба даст оварда ба ҷумҳурии мо шояд бармегарданд», - ибрози ақида намуд, коршиноси соҳа Д. Раҳматова.

Айни ҳол, дар вилояту шаҳрҳои мухталифи ҷумҳурии Яман тақрибан зиёда аз 300 нафар табибони тоҷик дар бахшҳои мухталифи тиб кору фаъолият мекунанд, ки аз миёни онҳо табибони ҷавон низ ҳастанд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh