Барнагаштани донишҷуёни Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» ба Тоҷикистон

khorija-rahsil

Ҳамасола аз Фонди президентии «Дурахшандагон» садҳо донишҷӯён ба Донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар барои таҳсил равон карда мешаванд, вале баъд аз хатми таҳсил онҳо аз баргаштан ба Тоҷикистон саркашӣ менамоянд ва ё бо сабабҳои гуногун таҳсилро хатм карда наметавонанд.

Имрӯз барои таъмини як донишҷӯ барои таҳсил дар Донишгоҳҳои олии давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз 3 то 7ҳазор доллар ва дар Донишгоҳҳои олии давлатҳои Аврупо то 5ҳазор евро барои як сол вобаста аз Донишгоҳи олӣ харҷ карда мешавад.

Самариддин Афғонов директори Маркази барномахои байналмиллалии Вазорати маориф ва илм зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки пеш аз равон намудани донишҷӯ ба Донишгоҳи олии хориҷи кишвар, шартномаи се тарафа баста мешавад.Тибқи шартнома байни донушҷӯ, волидайни донишҷӯ ва Вазорати маориф ва илм, донишҷӯ баъди хатми Донишгоҳ бояд ба Тоҷикистон баргард ва ба давлат аз рӯи ихтисос то 5сол кор кунад, агар донишҷӯ бо кадом сабабе донишгоҳро хатм карда натавонад, у бояд маблағи харҷнамудаи Фонди президентиро ба хазинаи давлат  баргардонад ва ё донишҷӯ ба ватан барнагардад ва дар он кишвари хориҷа монда кору фаъолият кунад, у маблағи таҳсилро ду баробар зиёд ба хазинаи давлат баргардонад.

«Пеш аз оне ки донишҷӯ ба хориҷи кишвар сафар мекунад мо бо у шартнома мебандем, шартномаи ду ва се тарафа. Дар ҳамон шартнома, ҳам падару модар имзо мекунанд ки дар ҳолати нахондан, дар ҳолати саркаши кардан аз хондан ва дар ҳолати дигар сабабҳо ҳамон маблағҳо ба Вазорати молия баргардонида мешаванд.

Дар ҳама ҳолат онҳо ӯҳдадор ҳастанд ба ҳамон шартномае, ки мо бо онҳо мебандем, яъне вай вазифадор аст ки баъд аз хатм ба Тоҷикистон омада 5 сол дар корхонаҳои давлатӣ кор кунад, баъди 5 сол у комилҳуқуқ аст ва метавонад ки ба ҳама ҷо сафар намуда, кору фаъиолият намояд», - иброз кард С. Афғонов. 

Абдуфаттоҳ Воҳидов коршиноси масоили сиёсӣ дар ҳамин ҳол ақидаи худро ба хабарнигори dastbadast.tj чунин арзёбӣ намуд.

«Муттасифона ҳастанд як гурӯҳ донишҷӯёне ки аз Тоҷикистон баромада мераванд, ки як вақт аз ҳисоби маблағҳои Тоҷикистон таҳсил намуда буданд.

Ман бояд гӯям ки ҳар донишҷӯе, ки аз ҳисоби давлати Тоҷикистон ба хориҷа масалан, ба Россия, ё ба Украина, ё ки ба Америка, ё ба Аврупо ба таҳсил меравад барои он Тоҷикистон маблағ сарф мекунад.

Ин маблағҳо маблағҳои кам нестанд, масалан барои дар Россия таҳсил кардан ҳар сол то $20 ҳазор аз буҷаи Ҳукумати кишвар сарф карда мешавад ва маблағҳо ҳамин дар тули 5 сол ҷамъ мешавад.

Як маблағеро ташкил мекунад барои Тоҷикистони мо ин маблағ бисёр миёншикан аст ва давлати мо ҳамин маблағро пардохт мекунад. Бинобар ҳамин онҳо вазифа доранд, ки ба Тоҷикистон биёянд ва дар инҷо кор намоянд.

Ман ҳам тарафдори Вазорати маориф ҳастам ингуна донишҷӯёне ки аз коркунӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунанд ба Суд диҳад, онҳо якумаш кӯрнамак ҳастанд ва дуюмин аз номи Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва барои хориҷа хизмат кардан мехоҳанд», - иброз намуд, коршиноси масоили сиёсӣ А. Воҳидов.

Айни замон аз ҳисоби Фонди мазкур 300 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Дар солҳои хониши 2014-2015 аз квотаи махсуси Фонди президентӣ беш аз 50 донишҷӯ низ ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар равон карда шуданд.

Қайд мекунем, ки Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми  апрели соли 2009 таъсис ёфтааст.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh