«Роҳи Ваҳдат 2015» аз минтақаи Рашт мегузарад

doroga-yedensva2015

Раҳпаймоӣ ҳарсолаи ҷавонии "Роҳи Ваҳдат 2015» («Дорога Единства 2015»), ки садҳо ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро бо ҳам ҷамъ меоварад, чун анъана аз 26 то 28 июни соли ҷорӣ баргузор гардида ба минтақаи Рашт равона мебошад. Ин роҳпаймо аз рӯи ҳисоб сеюмин ба шумор меравад.

Дар соли ҷорӣ корвони мошинҳо бо 150 нафар иштирокчиён аз хатсайри Душанбе-Роғун-Нуробод-Рашт-Ҷиргатол-Тоҷикобод гузашта, санаи 27 июн ҷашнвораи ҷавониро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва оштӣ дар кишвар, бошукӯҳ ҷашн хоҳанд гирифт.

Роҳпаймои ҷавонии "Роҳи Ваҳдат" бо ташаббуси рӯзномаи "Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» ва Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад

«Мақсади иқдоми мо – наздик намудани ҷавонони саросари кишвар ва мусоидат кардан баҳри пайдоиши бештари шиносои аз ҳаёт ва анъанаҳои минтақаҳои дигари кишвар ва дастгирӣ намудани ҳаракати ҷавонон дар кишвар мебошад - гуфт сармуҳаррири«Вечёрка»Гулнора Амиршоева - Боиси хушнудист, ки роҳбарияти кишвар ҳамасола ба ин чорабинии мо баҳои баланд гузошта, ҳамаҷониба моро пуштибонӣ мекунад».

Сомонаи расмии Раҳпаймоӣ http://www.RohiVahdat.Tj.

 

Бори аввал ин роҳпаймои автомобилҳо соли 2013 баргузор гардида, дар он 150 нафар ҷавонон бо 25 мошин аз пойтахт то шаҳри Хуҷанд (дар роҳ Истаравшанро низ дидан намуданд) роҳсипор, ду ағбаи баланди кӯҳиро паси сар намуданд. Соли гузашта ин иқдом, бузургтар дар сурати бештари ададӣ – 35 автомошина такроран баргузор гардид. Ва ин дафъа хатсайр ба ҷануб тавассути роҳи Норак- Данғара-Кӯлоб- Восеъ  ба Муъминобод равона гардида буд. Ҳамчунон дар ин роҳхат ду ағбаи кӯҳи гузашта шуд.

«Ин чорабинӣ як намунаи хуби ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, бо мақсади ба ҳам ҷамъ овардани ҷомеа мебошад - гуфт, ташкилкунандаи иқдом, директори маркази “Аржанг” Зафар Абдуллоев. –Дар бораи зарурияти муттаҳид  намудани миллат сухан рондан кофӣ нест, бояд ҳарчи бештар тавассути лоиҳаҳои муштарак фарҳанг ва анъанаҳоро ғанӣ гардонида, бо воситаи шиносоӣ бо ҳаёт ва хусусиятҳои хосӣ минтақа онро табодул диҳем. Ва мо маҳз ба ҷавонон такя менамоем, ба онҳое, ки сарнавишти фардои кишвари мо пурра аз онҳо вобастагӣ дорад».

Соли ҷорӣ нахустин маротиба дар таърихи роҳпаймо, иштирокчиён хонаи кӯдаконро дар Рашт бо як чорабинии хайриявӣ боздид хоҳанд  намуд. Ҳамчуон дар сохтмони асосии кишвар НБО-и Роғун флеш-моб баргузор намуда, бозии футболи дӯстонаро бо дастаи маҳаллӣ барои Нахустин Ҷоми «Роҳи Ваҳдат» баргузор менамоянд. Боиси қайд аст, ки бори нахуст  ба роҳпаймои автомобилӣ -мухлисони мотосиклҳо (байкерон) пайваст хоҳанд шуд.

Сарпарасти кулли роҳпаймои III-юм ширкати ҶСП «Фароз» мебошад.

Сарпарастони роҳпаймо: оператори мобилии Tcell ва ширкати "Авитсенна».

Шарикони роҳпаймо: 55 Sports Energy Drinks, «Абдулло-медиа», «БахтЭвентс»,  ширкати «Ганч Нашриёт» ва ширкати «Шедевр».

Дастгирии иттилоотӣ: Радиои «Ватан» 106FM, сайтҳои: Tribun.tj, Torrents.tj, Avesta.tj, Khovar.tj, Ozodi.org, Faraj.tj, Afisha-news.tj, Mashina.tj, TajikMama.tj , TajPhoto.info, ArtCulture.Tj, Dastbadast.tj рӯзномаҳои: «Минбари Халқ», «Фараж», «Самак», «СССР», «Варзиш-Спорт», "Вечёрка".

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh