Як рӯз аз фаъолияти кормандони соҳаи коммуналии пойтахт

pic 1362383443

Имрӯз тозагии ҷуйбуру роҳравҳо, роҳҳои пиёдагарду автомобилгард, кӯчаву хиёбонҳои ш. Душанбе бештар аз кормандони соҳаи комммуналӣ, вобастагӣ дорад.

Айни замон тозагии шаҳр ба зиммаи кормандони соҳаи коммуналии пойтахт гузошта шудааст, ки онҳо дар байни халқ бо номи “кӯчарубакҳо” машҳур ҳастанд. Шаҳрро бе ин гуна шахсон тассавур кардан ғайри имкон аст, чун тозагии пойтахт аз онҳо вобастагӣ дорад.  

Ба ақидаи бисёри сокинони пойтахт кӯчарубакҳо ба хунукии зимистон, боронии баҳор ва гармии тобистон нигоҳ накарда шаҳр аз субҳи барвақт вазифаашонро сари вақт иҷро намуда, пойтахти кишварро тоза нигоҳ медоранд.

Имрӯзҳо аз рӯи мушоҳидаю омор дар ин гуна фаъолият бештар занҳо кор намуда истодаанд.

Барои гирифтани маълумот ва аз наздик шинос шудан, аз як рӯзи кории кормандони соҳаи коммуналӣ, яъне кӯчарубакҳои пойтахт хабарнигорони Мактаби журналистика, бо корманди соҳаи коммуналӣ Нозигул Давлатова, мусоҳиба гузарониданд.

- Мехостам дар аввал фаҳмам, ки рӯзи кории Шумо чи гуна мегузарад?

Агар росташро гӯям, рӯзи кории ман ҳар хел мегузард. Ҳолатҳое мешавад, ки як рӯзи фаъолиятам хуб мегузарад, рӯзи дигар бад. Ҳамааш аз ҳолатҳо вобастагӣ дорад.

- Ҳамарӯза, агар хато накунам соати кориатон аз соати се субҳ оғоз мешавад?

Дар ҳар як минтақа соати корӣ гуногун аст. Вале, соати кории ман аз соати 9:00 субҳ оғоз шуда, то 13:00 рӯз давом мекунад. Вақтҳои кории мо вақти муайян надорад, 

tajikistan-women essay_5-l_isamova.jpgбуданд ҳолатҳое, ки ҳамаи аз кор ба хона мерафтанд, мо бошад кор мекардем, яъне соатҳои 16:00 ва ё 17:00 бегоҳ.

Ҳолатҳое мешавад, ки мо аз 8 соати корӣ зиёд фаъолият мекунем, аммо 

ба мо танҳо барои 8 соати корӣ маош медиҳанд, соатҳои боқӣ монда пардохт карда намешавад.

- Ба фикри Шумо агар як рӯз Шумо ва ҳамкоронатон ба кор набароянд, шаҳри моро чи интизор аст?

Ба фикри ман шаҳрро  чиркинӣ фаро мегирад, зеро сокинонону меҳмонон бештар шаҳрро ифлос мекунанд. Ман фикр мекунам, ки шаҳрро мо обод мекунем.

- Вазифаи Шумо бештар аз чи иборат аст?

Вазифаи ман дар ҳолати тоза нигоҳ доштани роҳҳои пиёдагард ва роҳи автомобилгард минтақаи ба ман масъул карда шуда, мебошад. Минтақаи кории ман ҳар дафъа иваз карда мешавад, барои ҳамин ман минтақаи муайянро гуфта наметавонам.

- Дар соҳаи коммуналӣ, Шумо ғайр аз рӯбучинӣ, боз ба ягон кори дигар машғул мешавед?

Ба ғайр аз рӯбучини ман боз алафҳои худрғйро дарав мекунам, гулҳо мешинонам, гирду атрофи дарахтонро нарм мекунам, дар фасли тобистон рангу бор  мекунам ва ҷӯйборҳоро аз партову лойҳо тоза мекунам.

1391523159 dvorniki_1
- Чи тавре, ки ба мо маълум аст, корҳои дар боло зикр намудаи Шуморо бояд мардон иҷро намоянд, не?

Бале, вале дар соҳаи коммуналӣ мардон хеле кам ҳастанд, бештари кормандони ин соҳа, ин занон мебошанд. Аз ҳамин сабаб мо маҷбур мешавем кори мардонаро худамон иҷро кунем.

- Соли 2016-ум ба Шумо, соли бобарор буд ё не?

Ба фикри ман соли бад набуд. Дар хонаи мо хурсандӣ, тинҷиву амонӣ буд. Дар кишварамон бошад сулҳу оромӣ муҳайё буд ва ман аз ин шодам.

Боз мехостам баргардем ба фаьолияти Шумо. Боре мешавад, ки сокинони пойтахт одоби шаҳрнишиниро риоя накарда ҷое, ки Шумо рӯбучин намуда, тоза мекунед, меҳнати Шуморо қадрдони накарда он ҷойҳоро ифлос менамоянд?

Бале, ин гуна вазъятҳо бениҳоят зиёд ҳастанд ва қариб ҳаррӯз ба чашм мерасанд. Бисёре аз сокинон одоби шаҳрнишиниро намедонанд, меҳнати моро қадр намекунанд.

Партофҳоро дидаю дониста дар ҷойҳои махсус напартофта дар куҷое, ки хоҳанд мепартоянд ва ҳатто дар рафти кори мо, моро дида боз ба ҷой рӯбучин намуда мепартоянд. Ман фикр мекунам, ки ин кори онҳо шояд бе фарҳанг будани онҳо бошад.

tajikistan-women essay_8-l_isamova.jpg

- Шумо аз ин лаҳза истифода бурда, ба онҳо чи гуфтанӣ ҳастед?

Ман аз сокинон хоҳишмандам, ки меҳнати моро поймол накунанд. Шаҳрро дар ҳолати тоза нигоҳдорӣ намоянд. Гулу буттаҳо, кабудиҳо, дарахтони пойтахтро поймол накунанд. Партовҳоро дар ҷойҳои махсуси тавсия дода шуда партоянд.

Қоидаҳои экоголивиро риоя намоянд. Меҳнати кормандони соҳаи коммуналиро ки аз субҳи барвақт баҳри ободонии пойтахти азизамон меҳнат мекунанд, қадрдонӣ кунанд.

- Дар охир чизе гуфтанӣ доред?

Инсоф ба ҳама, аз ҳамкорон то роҳбарият. Ин аст ҳарфи охири ман дар сӯҳбати имрӯзаи мо.

Ташаккур барои як сӯҳбати ҷолиб ва равшан. Саломат бошед.

Муаллиф: Парвина ГУЛБОЗХОНОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh