Пурсиш: Барои Шумо соли 2016 чи гуна сол буд?

2016-banner2

Ба ҳама маълум аст, ки соли 2016-ум дар ҷаҳон соли каме шиддатнок буд, вале ин сол чун солҳои гузашта байни сокинони гӯшаи олам, чун хуб ва ё баръакс, бад буд.

Хабарнигорони Мактаби журналистика ба кӯчаҳои пойтахт бароманд, то ки ақидаҳои душанбегиҳоро оид ба соли 2016 пурсон шаванд. Ба сокинони пойтахт чунин савол пешниҳод карда шуд: Барои Шумо соли 2016 чи гуна сол буд?  

Хушназар Иброҳимов, аксбардор

- Барои ман рости гап соли 2016, соли хело хотирмон буд, чунки дар ин сол ман фарзандор шудам ва бо ҳамин хотир ман ин солро асло фаромӯуш намекунам.

Мо дар ин сол ба водии Ҳисор бо ҳамроҳии гурӯҳии экспедитсионии  “Харангор” ба экспедитсия рафтем. Тӯли як моҳи экспедитсия, мо ба дастовардҳои бузург геологӣ, ноил гаштем. Ман ҳатто фикр намекардам, ки чунин натиҷаро мо ба даст меорем.  

Акбар Игамов, корманди бонк  

- Албатта, соли 2016 бо  якчанд  ҳодисаҳо ба ман хотирмон гашт.

Дар аввал мехостам, қайд намоям, ки соли 2016 ҷумҳурии мо соли XXV-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем.

Дар пойтахти азизамон ва дар ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт ба ин муносибат чорабинҳои калони фарҳангию фароғатӣ гузаронда шуд, ки ин ҳам барои ман хотирмон буд.

Боз дар соли 2016 Президенти кишвар Э. Раҳмон ва намояндагони якчанд  давлатҳои дигар оғози  татбики лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқии “CASA-1000” асос гузошта шуд.

Як ҳодисаи таърихӣ барои  ҷумҳурии мо, дар он буд, ки варзишгари  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар бозиҳои тобистонаи  олимпӣ соҳиби медали тилло гардид ва парчами  миллии моро дар байни ин қадар давлатҳо боло бардошт. Барои ман чунин ҳодисаҳо дар соли гузашта, хотирмон  шудаанд. 

Фирдавс Разоқов, сароянда

- Барои ман соли 2016, соли хотирмон буд, чунки ман дар ин сол барои  мухлисонам якчанд мусиқиҳои навро пешниҳод кардам. Инчунин ман дар ин сол Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, соҳиби диплом гаштам.

Шукрона Аҳмадҷонова, донишҷӯ 

- Дар соли 2016, ман бо якчанд ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шудам.

Якумаш он мебошад, ки ман бо дониши худам ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории тоҷикистон ба номи устод Саддирин Айнӣ дохил шудам.

Дуюмаш барои ман он кас, ки соли 2016 тамоми тоҷикистониҳо XXV-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро қайд намуданд, норо бо тантана ҷашн гирифтанд.

Ҳамчунин дар охири ин сол маълум гардид, ки соли 2017 дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда мешавад, ин ҳам як хотираи хубе ҳастад, ки баҳри мо ҷавонон равона карда шудааст.

Ҷамшед Юсупов, донишҷӯи Академияи  Вазорати  корҳои дохилии Тоҷикистон  

- Барои ман ин сол дар он хотир мон буд, ки ман аввалин бор дар паради ҳарбӣ бахшида ба XXV-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намудам. Рӯзи 10-уми ноябри соли 2016 бошад, мо “Рӯзи милитсия”-ро бо тантана, қайд кардем.

Як хотираи дигар дар он аст, ки соли 2016 варзишгарони мо дар мусобиқаҳои минтақавию байнайлахалқӣ бо сари баланд парчами моро баланд бардоштанд, ба Ватан бо ифтихори баланд баргаштанд, мисол Дилшод Назаров, ки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол медали тилло овард.

Аслам Баҳдуров, мутахассис оид ба соҳаи бехатарии иттилоотӣ

- Ман соли 2016 дар корхонаи худам беҳтарн мутахасси соҳаи бехатарии иттиллоот шуда, ин бароям як фахр бузург аст. Ин чунин дар ин сол ман соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудам. Акнун ман ҷасурона гуфта метавонам, ки ман ҳам ронанда ҳастам ва дар шаҳр бо автомобили дӯстоштаам ҳаракат мекунам.

Муаллиф: Насиба АҲМАДҶОНОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh