Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ба қабули меҳмонон пурра тайёр аст

kasri farhang_devashtich

Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич, ки солҳои зиёд ба таъмири асосӣ ниёз дошт, соли гузашта ба маблағи беш аз 960 ҳазор сомонӣ, аз таъмири пурра бароварда шуд.

Айни ҳол тамоми чорабиниҳои фарҳагию фароғатии ноҳия акнун дар толори замоновӣ гузаронида шуда истодаанд.

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати кишвар дар соҳаи фарҳанг, ки ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу  ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мебошад, диққати махсус дода шуда истодааст.

Тули солҳои истиқлолият дар доираҳои барномаҳои гуногун давлатӣ даҳҳо хонаю қарсҳои фарҳанг аз таъмир бароварда ва ё сохта шуданд.  

Доир ба таъмиру барқарорсозӣ, нақшаҳо, барномаю чорабинҳои фарҳангию фароғатӣ хабарнигори Мактаби журналистика бо Акбар Маҳмудов, ҷонишини мудири Бахши фарҳангӣ ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сӯҳбат намуд.

- Салом. Дар аввалан мехостам каме дар бораи таърихи Қасри  фарҳанги ноҳияатон маълумот гирам?  

Соли 2007 бо Қарори собиқ раиси ноҳияи Деваштич Каҳҳор Ойматов, кинотеатри “50-солагии Октябр” ба Қасри фарҳанг ба номи устод Абӯабдуллоҳис Рӯдакӣ баргардонида шуд. 

Аз ҳамон вақт, инҷониб тамоми чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ба муносибати ҷашнвораҳо, рӯзҳои таърихӣ, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Қасри фарҳанг гузаронида мешавад.

- Аслан ки сабабгор шуд, ки Қасри фарҳанги ноҳия таъмири пурра гардад?

Қариб ҳар сол Қасри фарҳанги ноҳия мавриди таъмир қарор дошт. Ҳуҷраҳои алоҳида таъмир мешуданд, вале ба таври умумӣ таъмири пурра нагардида буд.

Ду сол инҷониб дар солҳои 2015-2016 бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар Э. Раҳмон ва инчунин бо дастгиии роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Қасри фарҳанги ноҳияи мо таъмир ва азнавбарқароркунонӣ қарор гирифт.  

Қасри мазкур ба сатҳи хушсифат бо маблағи  беш  аз 960 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд. Пас аз он, тамоми ҳуҷраҳои корӣ ва толори интизорӣ бо дастгирии Рустам Ҷӯразода, раиси ноҳияи Деваштич ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ, таъмин карда шуд.

2

- Дар асоси барномаҳои давлатӣ «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» чӣ чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанги ноҳия гузаронида шуданд ва дар оянда дида мешаванд?

Бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич диққати асосиро баҳри иҷроиши талаботҳои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг нигаронидааст.  

Бояд қайд кард, ки дар ноҳия айни ҳол 24 китобхона дорои аҳамияти деҳотӣ, китобхонаи дорои аҳамияти ноҳиявӣ, 1 китобхонаи баччагонаи ноҳиявӣ, 4 Хонаи фарҳанги аҳамияти деҳотӣ ва  деҳот,  16 адад маҳфилҳо (клубҳо)-и деҳот арзи ҳастӣ доранд.

Айни замон чанд маҳфилҳо мавриди таъмир қарор доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд китобхонаҳо бо рафъҳо ва мизу курсиҳо таъмин шуданд. Ҳамаи ин баҳри ободӣ дар соҳаи фарҳанг аст. 

Боз бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаю маҳорати касбии  кормандони соҳаи фарҳанг, кормандони соҳаи фарҳанг бо навбат аз курсҳои такмили ихтисос гузашта истодаанд. Ин курсҳо аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида шуда истодаанд.

- Соли 2011 “Соли ҷавонон дар Тоҷикистонэълон гардид. Дар ин ҷода Шумо чӣ гуфта метавонед? Ягон чорабинӣ ё маҳфилҳое бахшида ба ҷавонон дар ин сол ба нақша гирифтед ё гирифтаниед?

Мо қарор додем, ки ҳар моҳ ба шарафи “Соли ҷавонон”, “20-солагии Ваҳдати миллӣ”, “25-солагии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Тоҷикистон” шаби эҷодии кормандони фарҳанг, ҳофизон, санъаткорони ноҳияро баргузор намоем.

Ин ҳама баҳри ҳавасмандкунонии онҳо, бештар аз фарҳанги сарватманди ниёгони мо, баҳравар сохтани ҷавонону мардуми ноҳия нақши муҳим мебозад.

Ғайр аз ин, мо нақшаи гузаронидани озмунҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”-ро, ба монанди «Сарояндагони ҷавон», «Варзишгарони ҷавон», «Ровиёни ҷавон», «Fунчаҳои санъат», «Шукуфаҳои истиқлол», «Рақс бикун ҷоно»-ро дорем.

Дар доираи “Соли ҷавонон” қайд карданро зарур мешуморам, ки 2 нафар собиқ дастпарварони Мактаби санъати ноҳия Шералӣ Хазратқулов ва Бунёдҷон Неъматов дар риштаи най ва чанг дар озмуни байналхалқӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, дар байни 250 нафар иштирокчиён, ҷои сеюмро ишғол намуд.

3

- Дар охир Шумо ҳамчун як мутахассиси пешбар дар соҳаи фарҳанг, чи нақшаҳо доред?

Ман тӯли 5 сол аст, ки дар вазифаи ҷонишини мудири Бахши фарҳанги ноҳияи Деваштичро дар ӯҳда дорам.

Ман, албатта барои баланд бардоштани фарҳанги ноҳия, барои дастгирии кадрҳои ҷавон, рушду нумӯи санъати мусиқии ноҳия кӯшиш менамоям, ки ҳиссаи сазовори худро гузорам.

- Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати ҷолиб.

Муаллифи матн ва акс: Нурангез СУЛТОНОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh