Пурсиш: Барои чи имрӯз бештари наврасон ба омӯзиши забони англисӣ машғул ҳастанд?

english1

Имрӯзҳо наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бештар ба омӯзиши забони англисӣ машғул ҳастанд.

Хабарнигори Мактаби журналистикаи сабаби ин омилро аз наврасони пойтахт пурсон шуд, ки чаро онҳо маҳз ба омӯзиши ин забон онҳо машғул ҳастанд.

Беназир Содотова, 13 сола

- Ман забони аглисиро барои он аз худ карда истодаам, ки дар оняда мехоҳам муаллимаи забони англисӣ шавам ва бачаҳо дар мактаб дарс диҳам.

Ситора Ҳамзаева, 14 сола

- Айни замон, омӯзиши забони англисӣ барои мо аҳамияти калон дорад, чун ҳамаи одамон бо ин забон, ҳамчун забони дуюм ҳарф мезананд ва кору фаъолият мекунанд.

Барои ман омӯзиши забони англисӣ на танҳо барои шавқ, балки сӯҳбат шуда бо шахсони дигар давлатҳо лозим аст, чун дар оянда ман мехоҳам ба мамлакатҳои дигар сафар кунам, аз урфу одати онҳо бо хабар шавам.

Фикр мекунам, ки забон барои одамон хеле лозим аст, барои ояндаи худи онҳо.

Муйдин Шарипов, 14 сола

- Аз сабаби дар оянда ба мушкилии забон надонӣ дучор нашудан, ман забони англисиро омӯхта истодаам. Ман мехоҳам, ки калон шавам ва ба давлатҳои Аврупо сафар кунам. Дар ин давлатҳо барои ман донистани забони англисӣ зарур аст. 

Гулдаста Рузиева, 15 сола

- Омӯзиши забони англисиро хеле дӯст медорам  ва мехоҳам, ки тарҷумон шавам ва ба шаҳрҳои зиёде сафар кунам.

Аниса Абдуназарова, 15 сола

- Ман забони англисиро барои кори ояндаам хонда истодаам, чун агар ин забонро дони ба кори хуб ҳам меёвӣ. Ғайр аз ин, ин забон ба ман хеле маъқул аст.

Нодира Умарова, 13 сола

- Ман забони англисиро аз ҳозир хонданро оғоз намудам, ки то донишҷӯ шуданам ин забонро дар сатҳи олӣ бидонам, чун ман мехоҳам, ки дар оянда ба яке аз донишгоҳҳои ИМА дохил шавам ва таҳсили худро дар онҷо давом бидиҳам.

Ҷаъфар Мавлавиев, 16 сола

- Забони англисӣ ин забони компютер ва забони бизнес аст. Бо ин забон дар тамоми дунё гап мезананд. Ман ҳам мехоҳам дар қатори онҳо бошам.

Ислом Урунов, 15 сола

- Ман мехоҳам тарҷумон ва ҳунарманд шавам, барои ҳамин ман забони англисиро аз худ карда истодаам. Орзу дорам, ки ба шаҳри Ню-йорки ИМА сафар кунам, дар онҷо бошадодамон танҳо ба забони давлатии ИМА – забони англисӣ ҳарф мезананд.

Абдулло Абдушукуров, 14 сола

- Ба ман забони англисӣ шавқовар аст, бинобар ин забони англисиро омӯхта истодаам.

Шамсиддин Сафаров, 13 сола

Ман дар оянда мехоҳам, ки ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар факултаи забонҳои хориҷӣ (англисӣ) дохил шавам, барои ҳамин, ман аллакай ба омӯхтани ин забон машғул ҳастам, то ки дар донишкада бо ягон дониш биравам.

Муаллиф: Мубина МАҲМАДОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh