Пурсиш: Таътили зимистонаи соли 2017-ро хонандагони вилояти Хатлон чи гуна мегузаронанд?

zimniye kanikuli

Ҳар сол аз 1-ум то 31-уми январ хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба таътили зимистона мебароянд.

То чи андоза хонандагон, таътилро самаранок истифода мебаранд, дар ин давра чи мушкилот доштанд, оиди давомнокии мӯҳлати таътил чи андеша доранд? Дар таътили зимистона бо чӣ корҳо банд ҳастанд?

Оид ба ин саволҳо хабарнигори Мактаби журналистика пурсиши хурдеро байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Хатлон, анҷом дод.  

Инак, фишурдаи ҷавобҳои чанде аз онҳо:

Азизҷони Собир, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №9-и ш. Қӯрғон-теппа

- Дар таътил китоби «Гулистон»-и Саъдии Шерозиро мутолиа намудам. Дар ин китоб дар бораи ахлоқи дарвешон, заъфи пирӣ, одоби сӯҳбат, ахлоқи подшоҳон ва ғайра ҳикояҳои пурмазмун дарёфтам.         

Дар дарсҳои иловагии  забони англисӣ, русӣ ва математика ширкат намудам. Тӯли 20 рӯз ман қариб 200 калимаи нави забони англисӣ аз худ кардам.

Дар пайдо намудани омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фаннӣ (физика, кимиё) мушкилот доштам.

Дар бораи мӯҳлати таътили зимистона ҳаминро гуфтаниям, ки он каме тӯлонӣ аст. Дар ин фасли сол хуб мебуд, дарсҳои асосиро  хонем ва дар тобистон истироҳат кунем.

Маҳина Умарова, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №1-и н. Бохтар

- Таътили зимистона ба ман имкон дод, донишҳоямро аз фанни забони англисӣ такмил диҳам.

Хеле мехостам дар базаи сайёҳии «Сафед-дара» истироҳат кунам, лижатозӣ ва яхмолакбозӣ созам, вале нархаш гарон будааст.

Агар дар давраи таътил мактабҳои зимистонаи истироҳативу-омӯзишӣ ташкил мекарданд, ҷаҳонбинии хонандагон васеъ мешуд ва ба хондан рағбат пайдо мекарданд.

Одил Бобоев, хонандаи синфи 9-уми гимназияи хусусии «Аминҷон»ғи ш.  Қӯрғон-теппа

- Рӯзҳои аввали таътилро сарфи тайёрӣ ба озмуни вилоятӣ аз фанни химия кардам ва дар озмун сазовори ҷои аввал гаштам. Ин фирӯзӣ бар ивази заҳматҳои устодам Қобилҷон Тошев, сахтгириҳои маъмурияти гимназия ва дастгирии волидонам ба даст омад.

Ба фикри ман мушкилоти асосӣ дар таътили зимистона  мавҷуд набудани ҷойҳои дамгирӣ  ва ӯрдунгоҳҳои дастрас барои кӯдакони синни мактабӣ бо барномаҳои ҷолиби варзишӣ, омӯзишӣ ва тарбиявӣ мебошад.

Аз ин рӯ таътил он қадар шавқовар намегузарад. Ба ғайр аз хонандагон -иштирокчиёни озмунҳои фаннӣ ва толибилмони литсею гимназияҳои хусусӣ, дигар талабаҳо аксаран рӯзҳоро бемақсад сипарӣ месозанд.

Ҳусейн Муродов, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №9-и ш. Қӯрғон-теппа

- Ба ман таътил маъқул шуд. Ду ҳафта дар хонаи амакам дар шаҳри Душанбе меҳмон будам. Душанберо тамошо кардам, дар боғҳои ботаникӣ ва боғи ҳайвонот, бо гуногунии набототу ҳайвоноти Тоҷикистон шинос шуда, дар боғи пойтахт чархофалаку арғунчаксаворӣ кардам.

То саршавии дарсҳо ҳанӯз вақти бисёр аст. Дарсҳоямро такрор мекунам, дам мегирам ва бо дӯстонам саволу ҷавоб мекунам.

Парвина Мӯъминҷонова, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №12-и ш. Қӯрғон-теппа.

- Таътили ман асосан дар хона гузашт. Ҳар рӯз ба модарам дар корҳои хона ёрӣ мерасонам, ҳаво гармтар бошад ба кӯча баромада каме бозӣ мекунам.

Рӯзҳои хунукро бо тамошои силсилафилмҳои гуногун мегузаронам.

Дарсҳои иловагии мактаб он қадар шавқовар нестанд ва аксари ҳамсинфонам дар онҳо ширкат намекунанд.

Зулайхо Абдукамолзода, хонандаи синфи 3-уми МТМУ №1-и н. Бохтар

Духтарони деҳа таътили тобистонаву зимистонаашонро як хел дар хона мегузаронанд. Дар ин муддат ҳунарҳои дастӣ аз қабили ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ ва пухтупазро ёд мегиранд.

Ман дар компютер кор карданро меписандам, аз ин рӯ дар таътил кӯшиш кардам бо суръати баланд чоп кардан ва ҳуҷҷатсозиро омӯзам.

Фирдавс Бобоев, хонандаи синфи 8-уми МТМУ№9-и ш. Қӯрғон-теппа

Дар ин таътили зимистона дар муассисаи мо маҳфилҳо ташкил карда шудаанд, ки мо метавонем, боз ҳам дониши худро зиёд кунем.Ҳангоме, ки ягон устод бо сабаби гуногун ба дарс наоянд мо бо ҳамроҳии ҳамсинфонамон худамон бо якдигар дарс медиҳем.

Ҳамсинфи ман фанни физикаро хуб медонад вам ан бошам химияро. Ӯ ба ман тарзи ҳалли масъалаҳои физикиро нишон медод вам ан ба ӯ тарзи ҳалли масъалаҳои химиявмро.Ҳамин тавр ман таътили зимистонаи худро ба охир расонидам.

Муаллиф: Оқил БОБОЕВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh