Пурсиш оид ба омилҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон

judoshavii-oilahoi-javon

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бисёре оилаҳои навбунёду ҷавон бо омилҳои гуногун баъд аз чанд соли зиндагӣ, тез пош мехӯранд. Сабабҳои асосии ин дар чист? Хабарнигорони Мактаби журналистика ин масаъларо каме хостанд, рӯшан андозанд.

Мо ба чанде аз сокинони шаҳри Душанбе доир ба ин мавзӯъ саволҳои гунонун пешниҳод намудем, то ки фаҳмем, сабаби асосии ин масъала дар чи будааст.

Ба сокинони пойтахт чунин саволҳо пешниҳод шуданнд: Имрӯз дар ҷомеа барои чи оилаҳои ҷавон бештар ҷудо мешаванд? Ба фикри Шумо шахси сеюм, сабабгори вайроншавии оилаҳои ҷавон шуда метавонад? Оилаи намунав, чи гуна бояд шавад? Ба фикри Шумо барои нигоҳ доштани оилаи ҷавон зан ва ё мард чи кор бояд кунад? Нақши оила дар ҷомеа чи гуна аст?

- Чи гуна оиларо Шумо оилаи хушбахт меҳисобед?

Шаҳло Иброҳимова, 24 сола

- Оилаи хушбахт ба назари ман ин оилаест, ки ягдигаро мефаҳманд, ҳамавақт якдигарро дастгирӣ мекунанд, ба як дигар бовар намуда, якдигарро ҳурмату эҳтиром менамоянд.

Дар пастиву баланди дар канори худ ҳастанд, чунин оиларо ман оилаи хушбахт мехисобам.

- Имрӯз дар ҷомеа барои чи оилаҳои ҷавон тез пош мехӯранд?

Сироҷиддин Шодиев, 46 сола

- Ман фикр мекунам, ки зан ва шавҳар бисёр вақт якдигарро намефаҳманд, байни онҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд.

Камсаводӣ ҳам сабаб шуда метавонад, чун як масъаларо чуқур нофаҳмида онҳо ба хулосаҳои тез мебиёянд ва қарорҳои доруст қабул мекунанд, ки ба ҷудо шудани оила оварда мерасонад.

Сабаби дигар ин шабакаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Зану мардҳо бисёр вақти худро дар ин гуна шабакаҳо гузаронидани ба худ маъшуқаҳои навро пайдо мекунанд. Чандин борҳо ман огоҳӣ дорам, ки оилаҳои ҷавон аз қафои ҳамин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ пароканда шудаанд.

Мисол, меоварам, шавҳари зан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия мерава ва барои тавтиши зану худ бо у дар шабакаи иҷтимоӣ аз номи шахси дигар, гуфтугӯ мекунад. Сӯҳбати онҳо ҷолиб меравад, зан бошад, дар навбати худ бо ин шахс гуфтугӯ карданро бас намекунанд ва ғайраю ғайра. Натиҷаи ин сӯҳбатҳои “ҷолиб” ба чӣ меовард, ман фикр мекунам, ки Шумо аллакай манро фаҳмидед.

- Кадом омилҳо ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад?

Манзура Қобилҷонова, 34 сола

-  Ман фикр мекунам, ки бештари ин аз камсаводии шахсон аст. Агар ҳардуии онҳо саводи кофӣ надошта бошанд, масъалаи онҳо дучанд гарон мешавад.

Барои ҳамин, пеш аз оне, ки зан ба шавҳар мебарояд ва ё мард зан мегирад онҳо бояд аввал ба саводу дониши онҳо аҳамият диҳад.

Занҳо махсусан бояд ҳуқуқи худро дар оилаю ҷомеа бидонанд. Танҳо бо риоя кардани чунин тавсияҳо онҳо метавонанд оилаи солимро ташкил кунанд ва ҷомеаи моро устувор нигоҳ доранд.  

Ба фикри ман барои нигоҳ доштани оилаи ҷавон зан ва ё шавҳар бояд маълумотҳои худро сайқал диҳанд, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо оваранд, ба якдигар бовар кунанд, аз пайи рӯзгори оила шаванд, фарзандони солим ба дунё оваранд.

- Нақши оила дар ҷомеа  чи гуна аст?

Алишер Аҳмедов, 27 сола

- Нақши оила дар ҷомеа, нақши муҳимеро мебозад, чун оила набошад, ҷомеа нобуд мешавад. Нақши асосии ҷомеаро оила ташкил медиҳад. Боз ман фикр мекунам, ки рушду устувории ҷомеа аз оилаҳои солим-фарзанд вобастагии калон дорад. Ҳар як оила вазифадор аст, ки фарзанди бовиҷдону боақлро ба ҷомеа тарбия кунад.

- Чи сабабҳо оилаҳои ҷавонро ҷудо мекунад?

Зайниддин Маҳмадиев, 70 сола

- Якумаш тасодуфан оиладор мешаванд, дуюмаш, ин аст, ки падару модар. Пеш аз оила сохтан зану шавҳари оянда бояд якдигаро фаҳмад, шиносад, мақсаду фикри якдигарро бидонанд ва дар охир якдигарро бисанҷидан.

Як сабаби дигар ин никоҳи хешу таборӣ, нагузаштан аз назари тиббӣ ва шароитҳои моддӣ, мебошанд.

- Чи тавр метавон дар оила муносибатҳои хубу дӯстонора ба миён овард?

Фараҳноз Афзалова, 22 сола

- Якдигар фаҳмӣ, гӯш кардани сардори оила, яъне гӯш кардани қарори мард. Нағздидани оилаи худ. Пеш аз қарор қабул намудан, розигӣ, маслиҳат ва ё тавсия гирифтан аз сардори оила ва аъзоёни оила. Бовари намудан ба якдигар.

- Шахси сеюм сабабгори вайроншавии оилаҳои ҷавон шуда метавонад?

Мафтуна Абдуллоева, 41 сола

- Дар бисёре ҳолатҳо махсусан шахси сеюм сабабгори вайроншудани оилаҳои ҷавон мешавад. Ин гуна шахсон шуда метавонанд, волидайнҳо махсусан модарон, хешу табор – хоҳар ва ё апаҳо. Мисол онҳо аз пайи хабарҳо ночиз мешаванд, хабаркашӣ мекунанд, зану шаваҳарро бо ин кирдорҳои худ ба ҷарг меандозанд.   

Муаллиф: Фируза ПАҲЛАВОНОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh