Мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт: “Бо баҳс бақияамонро меситонем...”

pulchinak pulchinak2

Проблемаҳои асосие, ки имрӯз сокинони пойтахтро ба ташвиш овардааст, ин нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе мебошад, ки қариб ҳаррӯз мусофирони ин гуна нақлиёт ба мушкилиҳои зиёди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, рӯ ба рӯ мешаванд.

Сокинони пойтахт, ки ҳамзамон мусофирони доимо истифодабари нақлиёти ҷамъиятӣ мебошанд, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби журналистика иброз медоранд, ки аксар вақт ронандаҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш, нархи роҳҳокиро зиёд аз талаб намуда, ҳатто бақия онро намедиҳанд.

Имрӯзҳо натанҳо мушкилии гирифтани бақия, инчунин дигар проблемаву хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, қариб ҳамарӯза дар ВАО васеъ инъикос мегардад, аммо ин мушкили ҳамоно роҳи ҳалли худро то ҳанӯз наёфта истодааст.

Тибқи қарори Хадомоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе нархи роҳкиро дар хатсайри “экспресс”1,60 сомонӣ барои як нафар муайян шудааст, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ронандаҳо аз ҳар як мусофир 2 сомонӣ роҳкиро меситонанд, ки хилофи қарори мазкур мебошад.

Муҳаммадсодиқ Шарипов, як сокини пойтахт мегӯяд, ронандаҳои хатсайри №54 аз ӯ 2 сомонӣ мегиранд, вале бақияашро намедиҳанд.

“Дар ҳоле, ки аз соли 2011 барои як мусофир нархи роҳкиро дар хатсайрҳои экспресс 1 сомонию 60 дирам муқаррар карда шудааст”, - илова мекунад М. Шарипов.

Дираг сокини пойтахт, Азизаи Аҳмад иброз медорад, ки бештари вақт кондукторини нақлиёти ҷамъиятӣ бақияро намедиҳанд ва ҳатто бо мусофир ба баҳс мебароянд.

“Дар хатсайрҳо низому тартиб ҷой надорад, зан аст ё мард, солхӯрда аст ва ё ҷавон ба нақлиёт то пуршудани дохили нақлиёт мусофиронро савор мекунанд, ки аз меъёри техникии воситаи нақлиёт зиёд аст.

Ронандаю кондутукторони онҳо аслан калимаҳои маданияту фарҳангро намедонад, одоби муошират риоя намкунанд, танҳо дар бораи фоидаи худашон фикр мекунанд ва илова бар ин бақия намедиҳад”, - бо як ҳиссиёти бад ҷавоб медиҳад, сокини пойтахт Азизаи Аҳмад.

Дар ҳамин ҳол, ронандаи хатсайри №46, ки худро Ҷалолиддин муаррифи намуд зикр менамояд, ки ба ҳамаи мусофир бақия дода наметавонад.

“Мусофире, ки то охири хатсайр меравад аз вай 2 сомонӣ ва мусофире, ки то нисфи хатсайр меравад аз вай 1 сомонӣ мегирем. Рости гап ҳамин бақия ба мо каме мушкили рӯ меовард, чунки мо ба ҳама бақия дода наметованем, барои он ки тангаҳои лозима надорем. Мисол, ба мо субҳ бо танга мегирем, вале онҳо тез тамом мешаванд.

Бояд қайд намоям, ки мусорфирон ҳам дар навбати худ роҳкироро бо танга намедиҳанд ва пулҳои калон медиҳанд, ки то ки мо бақия наёвем ва маблағи додагии онҳоро бозпас бидиҳем”, - мегӯяд ӯ.

Ёдовам мешавем, ки айни ҳол дар Душанбе дар 93 хатсайр, дар ҳисоби миёна 197 автобус, 60 троллейбус, 50 адад микроавтобус ва зиёда аз 2 ҳазор воситаҳои нақлиёти воҳиди хусусӣ ба сокинони пойтахт хизмат расонида истодаанд.

Муаллиф: Алимшоҳ НАБИЕВ

акси: Dastbadast.tj

Муҳарри: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh