Ҷӯйбору каналҳои кӯчаҳои Душанбе дар интизории тозагӣ

kanali-bechora

То имрӯз метавон мушоҳида намуд, ки дар баъзе обгузарҳои ҷӯйбору каналҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт партовҳои зиёде солҳои зиёд ҷамъ шуданд, ки дар интизории тозагӣ, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ҳаст.  

Зимни мушоҳидаҳои бевосита маълум гардид, ки бархе аз ҷуйборҳои шаҳр ба тозагӣ ниёз доранд. Кормандони хоҷагии комуналӣ, ки ин вазифа бар дӯши онҳост, асосан ҷӯйборҳои қисми асосии роҳҳоро тоза нигоҳ медоранд, аммо таваҷҷӯҳи онҳо ба ҷӯйборҳои  кӯчаҳои дохилии шаҳр, кам ба назар мерасад.

Аз ҳамин сабаб аксарияти ҷӯйборҳои дохилии кӯчаҳову хиёбонҳо макони партовгоҳу ботлоқзор ва ё ҳавзи шиноварии зарфҳои пластикӣ табдил ёфтаанд.

Танҳо дар мавод як канали обгузарро инъикос намудем, ки ба тозагӣ солҳои тӯлони ниёз дорад. Чунин ҳолатҳо дар дигар ҷӯйбору каналҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба чашм мерасад.

Мо мехоҳем равшантар маводро ба Шумо инъикос кунем ва ба мақомотҳои дахлдор мушкилии ҷойдоштаро нишон диҳем. Шумо бонки “Агроинвестбонк”–ро ки дар назди Сирки давлатӣ мебошад дидаед? Оё аз тарафи поёни ӯ ҷӯйборе мегузарад, боре аҳамият додаед? Шояд баъзеҳо дида бошанд, шояд на, аммо ҳангоми гузаштан аз  гузаргоҳи назди ҷуйбор  тамошои партову зарфҳои пластикӣ, ки болои об шинокунон ба ҳар сӯ давр мезананд, диққати касро ба худ ҷалб месозад.

Аксарияти сокинон ба ин таҳамул карда мегузаранд ва аҳамияти зарурӣ ҳам ин ҳолат, намедиҳанд. Ин аз бемасъулият будани сокинон нисбат ба пойтахти азиз ва макони зисти худ, дарака медиҳаод.

Оё маданияти мо ҳаминро талаб мекунад? Албатта, ки на. Ҳама чиз бо тозагӣ зебост.

Тозагиву ободии кишвар, пойтахт, кӯча ва хона аз ҳар яки мост вобастагии калон дорад. Пас бояд кӯчаҳову ҷуйборҳоро низ тоза нигоҳ дорем.

Вале, бояд қайд намуд, ки барои ислоҳи ин камбудиҳо шахсони масъул ӯҳдадор карда шуданд, аммо аз чи сабабе бошад, ки онҳо ба вазифаи ба ӯҳдадошта хунукназарӣ мекунанд.

Зимни пайгирии ин масъала мо бо яке аз кормандони Шӯъбаи хоҷагии коммуналии ноҳияи Фирдавсӣ, ки нахост номашро ифшо кунад, гуфтугӯ намудем.

Чуноне ки ӯ иттилоъ дод, танҳо ҷӯйбору каналҳое, ки ба роҳи асосии автомобилгард наздик аст, корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии коммуналии н. Фирдавсӣ” бар зимаи худ дорад, дигар минтақаҳо ба онҳо вобастагӣ надорад.

“Мо барои нигоҳ доштани ҷӯйбору каналҳо, кӯчаву хиёбонҳо, роҳҳои пиёдагарду автомобилгард аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.

Асосан  вазифаи асосии мо тоза нигош доштани роҳҳову ҷӯйборҳои асосии шаҳр мебошад. Ба тозагии ҷӯйборҳву каналҳои дохили кӯчаҳо ва ё назди хонаҳои истиқоматӣ мо масъул  нестем.

Ин вазифаро худи сокинон ҳал карда метавонанд. Ҳар кас вобаста ба масъулияташ ҷӯйборҳои назди хонаи худро сари вақт бояд тоза намояд ва пешгирии касалиҳои гуногун барои худ бошанд”, - қайд намуд, корманди соҳаи коммуналии ноҳияи Фирдавсӣ.

Ақидаи сокинон низ дар ин мавзӯъ гуногун мебошад. Баъзеҳо мушкилии асосиро дар сари вақт тоза накардани ҷӯйборҳо мебинанд, вале нафарони дигар ба ин гуна ҳолатҳо худи сокинонро гунаҳкор меҳисобанд.

Ба ақидаи Зулфия Аҳадова, сокини пойтахт нигоҳ доштани тозагӣ дар назди хонаи худ, ҷӯйборҳое, ки аз назди хонаи худ мегузарад, бояд истиқоматкунандагон вазифадор ҳастанд.

Вале, ба гуфти ӯ ин он маъниро надорад, ки шахсони масъул ба ин гуна ҳолатҳо хунукназарӣ намоянд.

“Ҷӯйбору каналҳои калону дарозро бояд кормандони соҳаҳои коммуналӣ ва обёрӣ аз партовҳои гуногун тоза намоянд ва дар ҳолати тоза нигоҳ доранд, ҳатто агар ин гуна ҷӯйбору каналҳо аз дохили кӯчаву хиёбонҳо гузарад”, - илова мекунанд, сокини пойтахт З. Аҳадова.

Пас аз нашр намудани маводи мазкур, умед аз он дорем, ки масъалаҳои мазкур ҳалли худро меёбад.

БАРОИ ТАМОШО КАРДАНИ АКС-ГУЗОРИШ ОИД БА ИН МАВЗӮЪ, БО ГУЗАШТАНИ БА ИНҶО

Муаллиф: Мунавар ПИРОВ

акси: Миҷгона МИРЗОЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh