Пурсиш: Таътили зимистонаи худро Шумо чи тавр гузаронидед?

shkolniki-tajikistana

Ду рӯз пеш таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар аллакай ба дарсҳои худ оғоз карданд.

Хабарнигори Мактаби журналистика пурсиш гузаронд, ки тӯли як моҳ хонандагон ба чи корҳо машғул буданд.

Манижа Гадоева, 16 сола

- Дар таътили зимистона ман ба дарсҳои иловагии фанни математика машғул будам, барои он ки дониши ман дар ин фан каме суст мебошад. Боз ман ин фанро нағз аз худ карда истодаам, то ки ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳ ба ман мушкилӣ пеш наояд.

Абдулло Саидов, 15 сола

- Мо ҳавлии калон дорем ва корҳои ин ҳавли низ хеле зиёд мебошанд. Дар таътили зимистона ман ба корҳои ҳавлиамон банд будам.

Мавзуна Давлатбекова, 13 сола

- Ман забони англисиро бисёр нағз мебинам ва дар таътили зимистона пурра ба омӯзиши ин забон банд будам. Ба корҳои модарам ҳам, кӯмак мекардам. Вақт ёфта дар берун бо дугонаҳоям бозӣ мекардам, махсусан барфбозӣ.

Муҳаммад Холов, 14 сола

- Падару модарам ба ман тавсия доданд, ки ба Китобхонаи миллӣ раввам ва дарн онҷо китобҳои бадеӣ мутолиа намоям. Рости аввал ба ман ин машғулият ҷолиб набуд, вале баъд аз мутолиа намудани китобҳои бадеии тоҷикию англисӣ, ин шуғлият ба ман писанд омад.

Мубина Махмадова, 14 сола

- Дар ин давра ман ба омӯзиши курсҳои журналистикаи Мактаби журналистика машғул будам. Ҳангоми омӯзиш ман бисёр аз нозукиҳои касби журналистика бохабар шудам.

Гирифтани мусоҳиба, кор кардан бо дастгоҳҳои аксгирӣ, диктофон, компютер, шабакаҳои иҷтимоӣ, Интернет, кор бо одамон ва ғайраҳо. Ман ба ин курсҳо бениҳоят маъқул буданд.

Марҷонаи Файзалӣ, 14 сола

- Ман бисёртар ба омӯзиши забони русӣ машғул будам, чун дар оянда мехоҳам муаллимаи забони русӣ шавам ва ба талабагон дарс диҳам. Ба ман забони русӣ бенияҳоят зиёд маъқул аст.

Муллиф: Манижа ОДИЛОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh