Пурсиш: Дӯстории худро нисбат ба шаҳри Душанбе, Шумо чи гуна баён мекунед?

dushka

Имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои гуногуни кишварамон иқомату кору фаъолият мекунанд, вале на ҳамаи онҳо аз ҳамон шаҳр мебошанд. Мо пурсон шудем, то кадом дараҷа онҳо пойтахти ҷумҳуриро дӯст медоранд. 

Хабарнигори Мактаби журналистика сокинон ва меҳмоне, ки муваққатан ва ё аллакай доимо зиндагӣ мекардаи пойтахт пурсон шуданд, ки чи гуна онҳо дӯстории худро ба шаҳри азизамон – Душанбе онро баён мекунанд.

Азиз Муродов, 27 сола

- Ман аслан шаҳри Кӯлоб ҳастам ва дар онҷо таваллуд шудаам, давраи кӯдакиву ҷавониам дар онҷо гузаштааст, онҷоро ман дӯст медорам, вале аз ҳама беш ман айни ҳол шаҳри Душанберо бештар дӯст медорам.

Барои он ман дар инҷо кор мекунам, зиндагӣ мекунам, дар ин шаҳр ман оиладор шудам, шаҳр шаҳри зебо аст ва илова бар ин пойтахти ҷумҳуриамон мебошад.

Шаҳноза Ёрова, 32 сола

- Ман аз деҳот ҳастам, вале айни ҳол дар пойтахт зиндагӣ мекунам. Рости ба ман деҳот маъқул аст, назди падару модар, аммо шавҳарам хост, ки мо дар Душанбе зиндагӣ кунем.

Дар инҷо чи хуб аст – барқ, оби нӯшокӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳо, мактабу боғчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ. Ин гуна шароитҳо ба ман боис шуданд, ки ман ин шаҳрро дӯст дорам.

Адиба Аминова, 48 сола

- Ман душанбегии аслӣ мебошам. Тамоми хешу табори ман, падару модарам, бобою бибиам аз инҷо будам.

Ман шаҳри худамро бениҳоят дӯст медорам, чун тамоми хушиҳои зиндагӣ, ҳодисаҳои муҳими таърихӣ дар дар шаҳри азизи ман шуда гузаштааст.

Лайло Ҳусейнова, 52 сола

- Ман шаҳрро барои он дӯст медорам, ки ҳамсояҳои хуб дорам. Чун ба ҳама маълум аст, аз хешутабор ҳамсоя наздик аст.

Хуршед Одилов, 29 сола

- Ман пойтахтро барои он дӯст медорам, ки оилаи худро аз инҷо пайдо намудам ва имрӯз хушбахтона зингдагӣ дорам.

Ман худам дар инҷо таваллуд нашуда бошам ҳам, фарзанди аввали ман дар инҷо тавлид ёфтааст, ки ман аз ин бениҳоят хурсанд мебошам.

Сорбон Нуралиев, 47 сола

- Ман бо шартнома бо як корхонаи айни ҳол муваққатан дар пойтахт истиқомат карда истодаам, зодгоҳам бошад шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад.

Ман зодгоҳи худро бениҳоят зиёд дӯст медорам, вале Душанберо низ дӯст медорам, чун ӯ шаҳри дуюми ман мебошад, пойтахти азизи ҷумҳуриамон мебоад.

Шукур Шукуров, 34 сола

- Айни ҳол ман дар Душанбе меҳмон мебошам, худам бошам дар деҳот зигдагӣ мекунам.

Рости гап зодгоҳи ман Душанбе ҳисоб мешавад, чунки модари ман ҳангоме, ки ба Душанбе ба меҳмонӣ омаданд, манро дар ҳаминҷо таваллуд карданд.

Вале ман ин нигоҳ накарда ман ҳам деҳотро дӯст медорам ва Душанберо, чунки ин пойтахти кишвари мо мебошад.

Муаллиф: Абдулҳафиз АЛИМАРДОНОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh