Нархномаи моҳонаи муассисаҳои томактабӣ боло шуд

muassisai-tomaktabi

Баробари баланд шудани арзиши нишондодҳо, нархномаи моҳонаи нигоҳбинии як кӯдак дар муассисаҳои томактабии давлатӣ низ баланд шуд.

Раёсати маорифи ш. Душанбе хабар медиҳад, ки тибқи моддаи 23-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017” аз 1-уми январи соли 2017 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 40 ба 50 боло бардошта шуд, ки ин боиси баланд шудани нархи моҳонаи нигоҳбинии як кӯдак дар муассисаҳои давлатии томактабии ҷумҳурӣ, шуд.

Ба иттилои Раёсати маориф пойтахт бо мақсади амали намудани муқаррароти дар боло зикри карда шуда, пардохти маблағ барои нигоҳбинии кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳрии Душанбе аз 1 январи соли 2017 тибқи нишондиҳанда ду ҳадди ақал ба роҳ монда шудааст.

Тибки банди 2-и “Дастурамал оид ба ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағ” барои нигоҳбинии кӯдакон ва дигар манбаҳои даромад дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ, андозаи маблағи пардохт барои нигоҳбинии як кӯдак барои муассисаҳои давлатии томактабии шаҳри Душанбе, барои як моҳ ду нишондиҳада муайян карда шудааст.

Чуноне, ки ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби журналистка Соро Саъдуллоева, мудири кӯдакистони №127-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод: “Тибқи қарори нав нархи ҳар моҳа дар муассисаҳои томактабӣ 100 сомонӣ муқаррар шудааст.

Оид ба ин ҳамаи волидайн бо қарори нав шинос карда шуданд”, - иброз намуд С. Саъдуллоева.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки танҳо кӯдакаконе, ки бе падар ва ё бе модар ҳастанд аз нисфи маблағ озод карда мешавад, ки нархи он 50 сомониро ташкил медиҳад.

“Моро ба қарори нав шинос намуданд ва нархи навро барои як моҳи нигоҳбинии кӯдаконро эълон карданд.

Ҳарчанд пардохт намудани чунин маблаш, каме вазнин аст, лекин мо маҷбурем ин маблағро пардохт кунем, чунки барои кӯдак таълиму тарбия дар кӯдакистон хубтар аст”, қайд намуд, Мавлуда Асланова, модари яке аз кӯдакситони пойтахт.

Қайд мекунем, ки тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи буҷети Тоҷикистон барои соли 2017” нишондиҳанда барои ҳисобҳо 25% зиёд карда шуд. Аз соли 2015 шаҳрвандони барои пардохти ҷаримаҳо, андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои ҳар як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ пардохт мекарданд, акнун бошад, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2017, ин нарх ба 50 сомонӣ баробар карда шуд.

Муаллиф: Симо ШАНБИЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh