Пурсиш: Оид ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии Душанбе?

hizmatrasonii tibbi_dushanbe

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ба солимии ҳар як аъзои ҷомеа масъул мебошанд.

Имрӯз хабарнигори Мактаби журналистика бо чанд саволҳо ба мизоҷону беморони муассисаҳои тиббии давлатӣ оид ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ, муомилаю муоширати духтурону ҳамширагон пурсише гузаронид, ки чунин саволҳоро дар бар мегирифт.

То чи андоза Шумо аз шароити имрӯзаи муассисаҳои тиббӣ қаноатбахш ҳастед? Муносибати духтурону ҳамшираҳо  нисбати беморон имрӯз чи гуна аст? Шумо ба фаъолияти имрӯзаи духтурону ҳамширогон чи гуна баҳогузорӣ менамоед? Тозагӣ дар ҳуҷраи беморон, толорҳои интизорӣ ва умуман дар беморхона ва ё муассисаи тиббӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва Шумо онро чи гуна баҳогузорӣ менамоед? Оё духтурон бар ивази хизматрасонии тибби пешниҳод кардан ба беморону шаҳрвандон маблағе талаб мекунанд? Имрӯз Шумо то чи андоза  ба духтурони тоҷик боварӣ доред?

- То чи андоза Шумо аз шароити имрӯзаи муассисаҳои тиббӣ қаноатбахш ҳастед?

Раъногул Ҳусайнова, 42 сола

- Ман имрӯз аз шароити имрӯзаи муассиси тиббии “Қарияи боло” розӣ мебошам, чунки духтурон ва ҳамширагон вазифаи худро сари вақт иҷро менамояд, бо мо муомилаи нағз доранд, сари вақт раванди сӯзандорую дорувориро ба анҷом мерасонанд, то ҳоло ман аз тарафи онҳо ягон камбудиро ошкор накардам.

Ман худ аз Душанбе нестам, вале ба ин нигоҳ накарда духтурон бо мо дар муомилаи нағз қарор доранд, ман нисбати худ ягон дағалиро ҳис нанамудам.

- Шумо ба фаъолияти имрӯзаи духтурону ҳамширогон чи гуна баҳогузорӣ менамоед?

Зарина Раҳимова, 36 сола

- Муносибати духтурон бо мо хеле хуб мебошад. Ман ба духтурону ҳамширагон баҳои хубу аъло доданиям, барои он ки камбудиҳо дида намешаванд.

Ҳар шабе, ки дар беморхонаи “Қарияи бол” будам, духтурону ҳамширагони навбатдор як чанд бор омада моро хабар мегирифтанд.

- Имрӯз Шумо то чи андоза  ба духтурони тоҷик боварӣ доред?

Убайдулло Зуҳуров, 57 сола

- Ман ба духтурони тоҷик боварии комил дорам, чун ки дили ман ҳозир сиҳату саломат мебошад, баъди гузаронида ҷарроҳӣ. Ман аллакай худамро каме хуб ҳис мекунам, ки ба духтурони тоҷик сипосгузори худамро баён мекунам.

- Тозагӣ дар ҳуҷраи беморон, толорҳои интизорӣ ва умуман дар беморхона ва ё муассисаи тиббӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва Шумо онро чи гуна баҳогузорӣ менамоед?

Азиз Валиев, 29 сола

- Ман баъди як чанд рӯз ҷавоб мешавам. То имрӯз ҳолати беморхонаи “Қарияи боло” бинои 2-юм ба ман бо ягон хотираи бад, боқӣ намондааст. Муносибати хуби духтурону ҳамширагон, риоя карани қоидаҳои санитарӣ ва тозагӣ дар ҳуҷраҳои беморон, ошхона ва ҳоҷатхона, толори интизории меҳмонон манро хурсанд намуд.  

- Оё духтурон бар ивази хизматрасонии тибби пешниҳод кардан ба беморону шаҳрвандон маблағе талаб мекунанд?

Парвиз Валиев, 45 сола

- Чи хели ки ба ман фаҳмондам, тибқи шартнома ман танҳо барои хизматрасониҳои пулакии тиббӣ маблағ додаду халос. Маблағҳоро ман танҳо дар хазинаи беморхона пардохт намудам.

Ғайр аз ин ман боз барои гузаштан аз назари техникӣ ва барои доруворӣ маблағ пардохт намудам, вале намедонам, то чи андоза ин маблағҳо қонуни мебошанд ва ё ғайриқонунӣ. Ҳангоми ки ба бемори гирифтор шуди, ба маблағи он, он қадар аҳамияти калон намедиҳӣ, чун дар интихоб саломатӣ мемонад.

- Шумо ба фаъолияти имрӯзаи духтурону ҳамширогон чи гуна баҳогузорӣ менамоед?

Дамирбек Олимов, 37 сола

- Ман ба духтурон ва ҳамширагон баҳогузошта наметавонам, чун ман мутахасси соҳаи тиббӣ нестам. Ҳамин қадар метавонам, бигӯям, ки рафтору муомилаи духтурон бо беморон дар сатҳи хуб қарор дорад.

Бисёре аз духтурону ҳамширагон ҷавонон мебошанд ва этикети кории онҳо ба назари ман хуб  мебошад. Онҳо пиронро ҳурмат мекунанд, ба беморон ҳамдардии худро баён намуда, кӯмак мерасонанд, ғамхорӣ мекунанд. Ин гуна кирдори онҳо манро ҳамчун як шаҳрванд, хеле шод мекунад.

- То чи андоза Шумо аз шароити имрӯзаи муассисаҳои тиббӣ қаноатбахш ҳастед?

Зебо Алиева, 48 сола

- Ман аз шароитҳои имрӯзаи муассисаҳои тиббӣ, розӣ ҳастам. Дар ин гуна муассисаҳо айни ҳол тамоми шароитҳо муҳайё сохта шудааст – техникаҳои замонавӣ, таъмирҳои асосӣ.

Дар ин кардиологияи Тоҷикистон ҳамаи таҷҳизотҳои навин будаст, дар инҷо  мо пештар мешунавидему он қадар маълумот надоштем.

Ҳамшираҳоям моро хуб пазируфтан. Пизишки инчо Шоди Назриевич табобат кунандаи ман аст. Он кас хеле бодиққат, чолок мебошанд ва муносибати хеле хуб доранд.

Ман дар инҷо Насиба Нодирова мебошад, ки ҳар даму лаҳза омада моро хабар мегиранду аҳвол пурсӣ мекунанд. 

Аз рӯзи 13 январи соли 2017, ки ман бистари шудам, мебинам, ки дар як рӯз се-чор бор омада ин ҳуҷраҳоро тозаву покиза карда мебароянд.

Дар ошёнаи 4-уми ҳамин бино тапиши диламонро месанҷем, онҷо ултро садо, допплерография, ки бо воситаи онҳо дарди моро мефаҳманд, вуҷуд доранд

Як чизро бояд қайд намоям, ки ман дар хориҷа набудам барои гирифтани хизматрасонии тиббӣ, лекин ҳангоме, ки ман дар бемористони “ибни Сино” тапиши диламро санҷидам дидам, ки кариб ки пизишкони мо аз онҳо  беҳтаран.

Дар оянда боварӣ дорам, ки аз ин ҳам хубтару беҳтар мешавад.

Муаллиф: Гулноза ПАҲЛАВОНОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh