Чист он низоми кредитӣ ва чӣ гуна он дар Тоҷикистон кор мекунад?

student021

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2005-ум нахуст дар ду макотиби таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) - ДТТ ва ДДТТ низоми кредитӣ ворид карда шуд, ки айни ҳол бошад ба ин гуна низоми тамоми МТОК ҷумҳурӣ, шомил карда шуданд. Вале то имрӯз аз фаъолияти чунин система бесёре аз шаҳрвандон маъумоти кофие надоранд, махсусан донишҷӯёни чунин муассисаҳо.

Низоми кредитии таҳсилот дар кишвар аз таҷрибаи ИМА ва Аврупо гирифта шудааст.

Ба иттилои масъулони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мақсади асосии ба низоми муосири таълимӣ, яъне низоми кредитии таҳсилот воридшавии МТОК воридшавӣ ба фазои ягонаи таълимоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба талаботҳои бозори байналмиллалии меҳнат ва омода намудани мутахассисон дар Тоҷикстон мебошад.

Мафҳуми кредит ба иқтисодиёт ягон алақамандӣ надошта, ченаки меҳнат талабии азхуднамоии ин ё он фанро муайян месозад.

Низоми кредитӣ ё ба ибораи дигар низоми 3 зинагии таҳсилот – бакалавр, магистр ва аспирант мебошад. Бо ин тартиб зинаи 1-ум чор соли таҳсил, зинаи 2-юм ду соли таҳсил ва зинаи 3-юм се соли таҳсилро ташкил медиҳад.

Зинаи якуми низоми кредитӣ, яъне бакалавр байни шаҳрвандон ҳамчун таҳсилоти олии нопурра машҳур аст, аммо ба гуфти Маҳмуд Тошматов, проректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технии Тоҷикистон ба номи академ. М.С.Осимӣ зинаи якум – маъумлоти бакалавриатӣ маълумоти пурраи олӣ ҳисобида мешавад.

“Дар ҷомеа ақидае мавҷуд аст, ки гӯё маълумоти бакалавр, маълумоти олӣ нест, аммо ин ақида нодуруст аст.

Зинаи бакалавр – маълумоти пурраи олӣ буда, хатмкунандагони ин зина дар тамоми соҳаҳо вобаста ба ихтисоси худ ҳуқуқи кор карданро доранд”, - гуфт М. Тошматов.

Зинаи дуюм – магистратура бошад, дар Тоҷикистон, чун бештари давлатҳое, ки низоми таҳсилоташ кредитӣ аст, ду солро фаро гирифта, барои донишҷӯё пешбинӣ шудааст, ки зинаи бакалаврро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, қобилияти бурдани тадқиқотҳои илмӣ ва ихтироотҳои ҷадидро доранд.

“Ба ин зина метавонанд 20%-и хатмкардагони зинаи бакалавр дохил шаванд, ки дар навбати худ муҳассилини ин зинаро мебояд, 120 кредитро дар ин зина омӯзанд”, - қайд намуд М. Тошматов, проректори ДТТ.

Номбурда дар давоми сӯҳбат ҳамчунин илова намуд, ки бартарии ин зина дар он ифода меёбад, ки бидуни хатми ин зина дар донишгоҳу донишкадаҳо ба сифати омӯзгор ё тадқиқотчӣ фаъолият намудан имконнопазир аст.

Зинаи сеюмро зинаи PHD (доктор) дар бар мегирад. Бояд зикр намуд, ки дар низоми анъанавӣ унвонҳои илмии  номзади илм ва доктори илм мавҷуд буд, ки айни ҳол ҳарду дар зери мафҳуми PHD (доктор) ифода меёбанд.

Диор ба ин зина ҳамсӯҳбат мо қайд намуд, ки зинаи аспирантура, ки яке аз зинаҳои таҳсил дар низоми анъанавӣ маҳсуб меёфт, дар Тоҷикистон то соли 2020 идома меёбад, баъдан тамоми МТОК пурра ба низоми сезинагии таҳсилот, яъне низоми кредитӣ мегузаранд.

Бояд қайд намуд, ки як кредит ба 24 соати академӣ баробар аст, ки дар навбати худ дар низоми кредитӣ як соати он ба 50 дақиқа дар бар мегирад.

“Дар навбати худ кредитҳо ба се қисм тақсим мешаванд: якум дарсҳои аудиторӣ, думю корҳои мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва сеюм корҳои мустақилона, ки донишҷӯ тибқи супоришҳои омӯзгорон онҳоро ба анҷом мерасонад ва ё омода мекунад.

Ин се қисми дар боло қайд шуда ба 24 соат тақсим, боз ба се қисм тақсим мешавад – ҳашт соатӣ барои дарсҳои дарсҳои аудиторӣ, корҳои мустақилона ва корҳои инфиродии донишҷӯ”, - шарҳ намуд, М. Тошев.

Маҳмуд Тошматов, проректори таълим ва идораи сифати таҳсилоти ДТТ бартарии низоми кредитиро аз низоми анъанавӣ, чунин шарҳ дод, ки низоми таҳсилоти низоми анъанавӣ аз ду семестр (нимсолаи зимистона ва баҳорона) иборат буд.

“Дар ин муддат донишҷӯён як маротиба, баробари оғозшавии сессия имтиҳонҳои худро месупориданд, ки дар ин давра баҳои ниҳоии донишҷӯ муайян мегардид, аммо фаъолияти донишҷӯ дар мӯҳлати чор моҳи то оғозшавии имтиҳон  назорат карда намешуд.

Дар муқоиса ба ин низом дар низоми кредитӣ, донишҷӯро мебояд, аз рӯзҳои аввали оғозшавии таҳсил дар дарсҳо фаъолона иштирок намуда, корҳои мустақилонаро зери роҳбарии омӯзгорон ва дар шакли инфиродӣ иҷро намояд”, - гуфт ӯ.

Ҳамчунин ҳамсӯҳбати мо, илова намуд, ки дар низоми мазкур ду имтиҳони фосилавӣ (пас аз ҳар ҳафтаи ҳафтум) ва як имтиҳони ниҳоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа балли N-и имконпазири донишҷӯ ба ҳосили ду имтиҳони фосилавӣ ва як имтиҳони ниҳоӣ баробар шуда, бояд аз 100 нагузарад. Ин низоми таҳсил худназоратӣ ва масъулият пазирии донишҷӯёнро баланд мебардорад.

“Дуюм он аст, ки  он ки дар низоми анъанавӣ донишҷӯ дар як нимсола то 13-14 фанро меомӯхт, ҳоло онки равоншиносон муайян намудаанд, ки пурра  азхуднамоӣ, аз 6-7 фан зиёд, дар муддати кӯтоҳи вақт, натиҷаи хуб ба бор намеорад.

Дар низоми кредитӣ бошад, омӯзиши 5-6 фан дар як нимсолаи таҳсил муайян шудаасу халос”, - илова намуд дар давоми сӯҳбат, М. Тошматов.

Гулноза Маҳмадова, донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки донишҷӯҳо дар донишкада дар як нимсола то 10 фанро омӯхта, аз ин миқдор фан имтиҳон месупоранд.

“Ман аз низоми кредитӣ хуб огаҳӣ дорам, вале, дар дар донишкадаи мо ин низомро пурра иҷро намекунанд.

Чун мо аз 10 фан зиёд фан дар як семестр мехонем, инҷо, пас маълум мегардад, ки ин паҳлӯи низоми кредитӣ дар баъзе МТОК пурра амал намекунад”, - мегӯяд ӯ.

Дар ин навбат, М. Тошматов, проректори ДТТ боз як бартарии дигари ин низомро чунин баён дошт.

“Агар дар низоми анъанавӣ тамоми фанҳои таълимӣ аз ҷониби Раёсати донишгоҳҳо, тибқи нақшаҳои таълимие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шуда қабул мешуд, дар низоми кредитӣ бошад, то 30%-и фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯ қабул мегардад”.

Аммо, дар ин маврид Сабрина Ғаффорова, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) қайд кард, ки интихоби ягон фанни таълимӣ аз ҷониби онҳо муайян намегардад ва устодон дар ин масъала назари донишҷӯёнро ба эътибор намегиранд.

Дигар донишҷӯи ДМТ, Дилором Каримова ибрози ақида намуда гуфт, ки низоми анъанавиро бартар аз низоми кредитии таҳсил мешуморад, чунки низоми кредитӣ ҷадид саводнокии донишҷӯро таъмин карда наметавонад.

“Дар дарсҳои лексионӣ дар як аудиторияи таълимӣ тақрибан 60-70 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ин имконияти бо ҳар яки онҳо машғулияти инфиродӣ гузаронидан ва назорат бурдани устодонро таъмин намекунад”, - мегӯяд донишҷӯ, Д. Ғаффорова.

Маҳмуд Тошматов, коршиноси ин соҳа доир ба ин масъала қайд намуд, ки ягон низом худ аз худ дар сурати дар амал татбиқ нашудан сифатро баланд намекунад.

Аз нуқсонҳои дигари ҳал талаб дар ин низом, дастрасии пурра надошатани волидайни донишҷӯён ва худи онҳо ба дафтарҳои синфии электронӣ, ки баҳои ҳаррӯзаи донишҷӯ дар шакли максималии 12 холл гузошта мешавад, мебошад.

Оид ба ин, кордони ин низом М. Тошматов гуфт, ки ҳоло ҳам дар МТОК пурра ин низом ҷорӣ нашудааст, ки яке аз сабабҳои асосии он бо базаи моддию техникӣ пурра таъмин набудани муассисаҳои олии кишвар аст.

“Камбудии дигар дар ин низом, ин хориҷ намудани донишҷӯ мебошад, ки тибқи низоми кредитӣ хориҷ намудани донишҷӯён мумкин набуда, донишҷӯ ҳуқуқ дорад, ки зинаи 4-солаи бакалаврро дар чор, панҷ  ва ё шаш сол хатм намояд, ки дар кишвари мо ҳанӯз татбиқ нашудааст”, - илова намуд ӯ.

Дар низоми кредитии таҳсилот барои аз як курс ба курси дигар гузаштан  донишҷӯро мебояд холи гузариши GPA (Grade Point Average)-ро ба даст орад, дар акси ҳол донишҷӯ аз фанни номбурда кредит қарздор мешавад, ки бо супоридани маблағи муайян ва аз нав супоридани имтиҳон онро ҷуброн месозад.

“Бартарии ин масъала  дар ислоҳи интизоми донишҷӯ аст, ки бо супоридани маблағи муайян донишҷӯ ба қадри заҳмати волидайн расида, кӯшиш мекунад, то минбаъд холи гузаришро ба даст орад”, мегӯяд М. Тошматов.

Бояд қайд намуд, ки низоми кредитии амрикоӣ аз низоми кредитии аврупоӣ тафовут дорад. Дар низоми кредитии амрикоӣ мустақилияти академии донишҷӯ 60% буда, 40%-и дигар бояд бо роҳбарии омӯзгор вобастигӣ карда шавад.

Дар низоми кредитии аврупоӣ бошад, мустақилияти академии донишҷӯ 35% буда, 65%-и дигар донишҷӯро мебояд, дар аудитория дарс омӯзад.

Айни ҳол, дар тамоми МТОК Тоҷикистон низоми кредитии аврупоӣ карда истодааст.

Муаллиф: Муҳиба АСОЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh