Донишҷӯёни минтақаи Кӯлоб дар интизории шароитҳои хуби хобгоҳҳои донишгоҳ

ddk

Донишҷӯёни макотибҳои таҳсилоти олии касбии минтақаи Кӯлоб аз шароитҳои бади хобгоҳҳои донишгоҳҳо, норозӣ баён намуда истодаанд, хабарнигори Мактаби журналистика тасмим гирифт, ки мавзӯро ошкоро намояд.  

Ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯён аз ноҳияиҳои дурдаст ба шаҳр барои таҳсил меоянд ва аз надоштани ҷойи зист танқисӣ мекашанд. Дар иҷора зиндагӣ кардан хароҷоти зиёдро талаб мекунад, аз ин рӯ аксари донишҷӯён хобгоҳро интихоб мекунанд.

Вале, мутаасифона, солҳои охир теъдоди зиёди донишҷӯён аз шароити хобгоҳҳои имрӯзаи донишгоҳҳои минтақаи Кӯлоб норизогӣ худро баён менамоянд, вале шикояти онҳоро масъулин қабул надоранд, баракс ба шароити бад оварда расонидани хобгоҳҳоро дар донишҷӯён мебинанд, чун донишҷӯён ба молияти шахсии донишгоҳ хунукназарӣ менамоянд.

Барои фаҳмидани ақидаҳо оид ба ин гуна вазъият хабарнигори Мактаби журналистика қарор дод, ки ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Кӯлоб, аниқтар ба хобгоҳи №3-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ (ДДК) ташриф оварад ва бо истиқоматкунандагони ин хобгоҳҳо сӯҳбат намояд.

Марҳабо Қаландарова, донишҷӯи факултаи филологияи хориҷии ДДК мегӯяд, ки тули панҷ моҳ инҷониб дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва аз шароити имрӯзаи хобгоҳ норозӣ ҳаст.

“Ҳуҷрае, ки зиндагӣ мекунем чаҳор тахти хоб дорад, шароиташ барои чахор нафар омода шудааст, вале дар иҷно мо ҳафт нафар зиндагӣ мекунем.

Пардохти солонаи хобгоҳ 250 сомонӣ муқаррар шудааст. Тӯли як сол аз ҳуҷраи чаҳорнафараи мо бояд 1,000 сомонӣ қабул кунанд, вале мо ки ҳафт нафарем 1,750 сомонӣ месупорем.

Дар ҳоле, ки аз меъёр зиёд донишҷӯро да хобгоҳ қабул мекунанд, нархашро бояд пасттар намоянд.

Ҷойи зистамон хеле тангу хурд аст. Дар ин гуна шароит зиндагӣ кардан барои 7 нафар хеле душвор аст.

Ду ҳамхонаамон дар рӯи фарши ҳуҷра зиндагӣ мекунанд. Ин мушкилӣ танҳо дарди ман нест, балки дарди аксари донишҷӯёне аст, ки дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунанд.

Бо ҳамсинфонамон, ки дар хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд телефонӣ сӯҳбат намудем, аз шароити хобгоҳ минадорӣ баён намуданд.

Чи мешавад, ки барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб як хобгоҳи замонавӣ, то ин мушкилӣ бартараф гардад ва ё хобгоҳҳои мазкур таъмири асосӣ намоянд”, - иброз намуд, истиқоматкунандаи хобгоҳи №3-и ДДК, М. Қаландарова.

Дигар донишҷӯ ва истиқоматкунандаи хобгоҳи мазкур Шаҳзода Тошматова, иброз медорад, ки қубурҳои обгузари аксари ҳуҷраҳо қариб корношоям гардидаанд.

Оби гарм як тараф, баъзе вақт оби хунук низ намеояд. Шустушӯй бароямон хеле душвор аст, соатҳои дароз дар навбат меистем.

Агар оби гарм бошад бароямон ҳеҷ монеае нест ва ё агар гӯем, ки барои ҳафт нафар як рӯзи ҷудо шавад боз мушкилӣ пайдо мешавад, ки чӣ тавр обро гарм кунем.

Дар як оташдон хӯрок пазем ва ё об барои шустушӯй ҷӯшонем”, - савол медиҳад донишҷӯ Ш. Тошматова.

Ҳамчунин, истиқоматкунандаи хобгоҳ Ш. Тошматов илова намуд, ки обу корез дар хобгоҳ корношоям шудаанд ва ин гуна шароит ба онҳо мушкилли калон ба бор меорад.

“Баъди шӯстушӯ намудани зарфҳои хӯрок ва ё дигар ҳарфҳо мо намедонем бо шӯстукӯ намудани онро ба куҷо партоем, чунки обу корези хобгоҳҳо қариб нашоям гардидаанд ва обро онҳо ба берун намебароранд.

Аксари вақтамон ба ин гуна мушкилиҳо мегузарад, ки каме ҳам бошад барои дарс хондан монеа мегардад”, - мегӯяд ӯ.

Боз як истиқоматкунан ва донишҷӯи ДДК Ширмогул Назарова мегӯяд, ки дар хобгоҳ ҳар як ошёна ошхонаи худро дорад, вале истифода онро ба мо иҷозат намедиҳанд.

“Дар ошёнаи ман дуюм зиндагӣ мекунам, вале боре ба мо иҷозати дар ошхона хӯрок пухтанро намедиҳанд”, - иброз намуд Ш. Назарова.

Муаллиф: Сарвиноз ШОДМОНОВА

акси: Радио "Озодӣ"

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh