Дар Душанбе «Муҳорибаи қаҳрамонҳо» баргузор гардид

muso2

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба якҳарбаи омехта (ММА) - "Муҳорибаи қаҳрамонҳо", ки дар Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он варзишгарони Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Дар байни варзишгарони мусобиқаи “Муҳорибаи қаҳрамонҳо”, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ шуда гузашт, байни худ рақобат намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ки аз онҳо ғолибони бисёркаратаи мусобиқоти байналхалқӣ ва қаҳрамонҳои Осиё буданд,

Варзигарони тоҷик Муҳаммад Олимов, Ҷомӣ Латифов ва Маҳмадуллои Искандар аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ғолиб шуданд ва сазовори номи "Муҳорибаи қаҳрамонҳо" шуданд.

Ба иттилои намояндаи Федератсияи ММА-и Тоҷикистон чунин мусобиқа ба “Соли ҷавонон” бахшида шудааст.

“Чунонки маълум аст, соли 2017-ро президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Э. Раҳмон Соли ҷавонон эълон кард.

Ба ин муносибат дар тамоми кишвар баргузории чорабиниҳои мухталиф бо ширкати ҷавонон, аз он ҷумла чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар гирифта шудааст.

Федератсияи мо яке аз аввалинҳо шуда ба ин иқдоми сарвари давлат ҳамовозӣ кард ва ин мусобиқаро ташкил намуд”, - иброз дошт намояндаи Федератсияи ММА-и Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур ҳамчунин, се варзишгари Афғонистон - Ҳайдари Исмоил, Нусратулло Охунзода ва Нисор Аҳмад, ду варзишгари Қирғизистон - Бакйит Тӯйчиев, Бекбулат Абдиш Улӣ ва як нафар аз Ӯзбекистон - Бобур Қурбонов – бар рақибони худ пирӯзиро ба даст оварданд.

Муаллиф: Мусо БОБОҲОҶИЕВ

акси: Радиои “Озодӣ”

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh