Офати табиӣ дар шоҳрои Душанбе-Хуҷанд боиси фавти 9 нафар шаҳрванд гардид

lavina

Дар моҳи январи соли  дар Тоҷикистон 244 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он беш аз 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бар асари офати табии зикршуда, 9 нафар шаҳрвандон дар ноҳияи Варзоб, 1 нафар шаҳрванд дар ноҳияи Тоҷикобод ва 3 нафар шаҳрвандон дар Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон ба ҳалок расида, даҳҳо шаҳрвандони дигари ҷумҳурӣ бо замхҳо ба бемористонҳо бистарӣ карда шууданд.

Чуноне, ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 224 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирфта шуд.

«Танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд», - иттилоъ дод манбаъ.

Ҳангоми ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Президенти кишвар, Пешвои миллат Э. Раҳмон изҳор намуд, ки таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим, ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ дар саросари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад.

“Ҷамъбасти маълумоти аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тасдиқгардида дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст”, - қайд кард сарвари давлат, Э. Раҳмон.

Ҳамчунин, Президент Э. Раҳмон илова намуд, ки аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд.

Аз ин сабаб роҳбари давлат, Э. Раҳмон дастур дод, ки солҳои наздик дар роҳи Душанбе-Хуҷанд иншооти нави муҳофизатӣ бунёд карда шавад.

Ҳамзамон, Президент Э. Раҳмон дар ҷаласа баргузор гардида ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур дод, ки ба мавсими гармо, ки эҳтимолияти ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ бештар мешавад, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои нисбатан хавфнок бо ҷалби иқтидору имконоти мавҷуда ва нерую тавони аҳолии маҳаллӣ бо роҳи гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ, ба миқдори зарурӣ нигоҳдорӣ ва захира намудани техникаҳои корӣ, сӯзишворию маводи ғизоӣ ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию ҳамарӯза огоҳ кардани аҳолӣ аз вазъи боду ҳаво ва эҳтимолияти ба вуқуъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода омодагии ҳамаҷониба дода шавад ва аз натиҷаи он тавассути ВАО ба шаҳрвандон иттлоъ дода шавад.

Муаллиф: Малика САФАРЗОДА

акси: "Спутник-Тоҷикистон"

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh