Нақли як духтаре, ки аз доми фиребгар раҳоӣ шудааст

ba-domi-durug

Манижаи Абдулло, яке аз хонандаи мактаби миёнаи пойтахт, ки моҳи феврали соли 2017 ҳангоми аз Китобхона миллӣ ба хона рафтан, ки аз доми фиребгар-мард раҳоӣ ёфтааст, дар мавриди чӣ гуна рух додани ҳодиса нақл кард.

Ман Манижаи Абдулло, 15-сола сокини ш. Душанбе дар синфи 9-ум мактаби миёнаи ноҳияи Синои пойтахт таҳсил мекунам.

Моҳи феврали соли равон ман бо дугонаам, ки Дилноза ном дорад, рӯзе баъд аз дарс ба мағозаи китобҳо рафта будем. Ба ман муаллимаам вазифаи тайёр намудани реферат дода буд.

Баъдан ман  бо ҳамроҳии дугонаам Дилноза ба мағозаи китобҳо ки дар рӯ ба рӯи Маркази савдои “Садбарг” қарор дорад, рафтем ва аз онҷо барои реферат ҷузгир ё ба истилоҳ папка харидем. Баъд ман ба дугонаи худ гуфтам, ки биё ба Китобхонаи миллӣ равем ва дар онҷо мавзӯи рефератро ҷустуҷӯ намоем ва онро омода созем, дугонаам розӣ шуд ва мо ҳамроҳ ба Китобхонаи миллӣ рафтем.

Дар китобхона каме китоб мутолиа намудем. Баъд аз китобхона берун шудем ва ба самти хона роҳсипор шудем. Вақте, ки ба хона баргаштани шудем дар роҳ, аниқтар дар “Боғи Наврӯзгоҳ” (назди Шаршара) бо дугонаам бозикунон омада истода будем, ки аз дури марде фарёдзанон дод мезад ва мо фикр кардем, ки ин мард ба дигар кас додзада истодааст.

Аммо мо ба он мард аҳамият надода сӯи хона рафтан гирефтем, ки боз овози ӯро шунидем, ки ӯ бо овози баланд гуфт: “Духтарҳо истед”. Мо истодем ва ӯ ба назди мо омад.

“Духтарҳо Шумо аз куҷо омада истодаед?”, - савол дод ба мо он мард. Мо гуфтем, ки аз Китобхонаи миллӣ ба хона рафта истодаем.

Баъд ман гуфтам, ки “чаро мепурсед?” У гуфт, ки “Шумо ҷиноят содир намудед”. Гуфтам, кӣ? Чӣ хел ҷиноят? “Мо танҳо аз китобхона баромадем, мо ҳеҷ коре накардем”, - гуфтам ман ба он мард.

Ӯ ба мо дод зада гуфт, ки: “Бисёр гап назанед. Ман Чамшеди Сафарзод дар Шӯъбаи корҳои дохилии н. Сино кор мекунам. Бояд Шумо ҳамроҳи ман ба ШКД равед”.

Ман гуфтам, ки мо ҳеҷ гуноҳе надорем чаро мо ҳамроҳи Шумо мерафтае? Ӯ ба мо гуфт, ки “чунки Шумо дар шаҳр бо либосҳои мактабӣ гашта истодаед, барои ҳамин”. Ман ба он мард гуфтам, ки Шумо шаҳодатномаи хизматиатонро ба мо нишон диҳед баъд мо ҳамроҳатон меравем.

Вале, он мард кисаи худро ҷустуҷӯ намуд, аммо шаҳодатномаи хизматиашро наёфт ва ба мо гуфт, ки онро дар корхона фаромӯш кардааст. “Шумо бояд ҳамроҳи ман равед”, - гуфт ӯ. Ӯ моро маҷбур сохт, ки мо ҳамроҳи ӯ равем ва мо дигар илоҷе наёфтем ва бо ӯ равтем. Ҳангоме, ки мо ҳамроҳи ӯ рафтаистода будем, ки ба телефонаш занг заданд ва ин мард ба занги худ ҷавоб дод ва гуфт:

“Ман ду духтарро аз роҳ доштам, метавони бо мошини худ биёӣ, онҳоро бибарӣ” ва дарҳол телефонашро хомуш кард. Ман ба ӯ гуфтам, ки акаҷон мумкин аст , ки аз телефонатон ба модарам занг занам.

Не. Вақте, ки ба ШКД омадем, баъд аз онҷо занг мезанед”, - гуфт ба мо дар ҷавоб.

Рости моро дарунамонро тарс фаро гирифту чӣ кор карданамонро надонистем. Мо ӯро гуфтем, ки ака биёед ба ин роҳ равем наздиктар аст.

Мо ӯро бо кӯчаи худ бурдем, дар ҳамин маврид як ҳамсояамон, ки чанд сол дар маҳбас буд ва ба озодӣ айни ҳол баромадааст, дар роҳ аз наздамон баромад ва бо ин мард салом кард.

Ман ки худ аз ин мард метарсидам, ҳеҷ чиз ба ҳамсояи худ нагуфтам. Баъд аз чанд лаҳзае наздамон апаам, ки Шаҳриниссо ном дорад, баромад ва ман ба назди ӯ гирякунон рафтам ва гуфтам, ки апаҷон ин мард моро ба куҷое бурда истодааст.

Ба ман апаам гуфт, ки ин мард кист кӣ Шуморо ба куҷое  мебурдааст? Апаам омада ба назди ин мард гуфт, ки “Шумо мебахшед кистед?

Ин мард худро шинос карда ба апаам гуфт, ки хоҳарат бо дугонааш ҷинояте содир намудаанд, зуд рафта шиносномаи худро биёр, ҳамроҳи мо ба ШКД меравем.

Баъдан апаам рафта шиносномаашро оварду гуфт, ки акачон биёед тез равем. Ин мард бояд моро ба ШКД мебурд, аммо ӯ моро бо роҳи “Наврӯзгоҳ бурду гуфт, ки ба Боғи “Кулли ҷавонон” равед дар онҷо ба Шумо камераҳои назоратиро нишон медиҳанд”, гуфта худаш бошад роҳи “Шаршара”-ро пеш гирифт.

- Апаи Шумо ба ӯ бовар карду ба хоҳари худ не, чаро?

Чунки он мард ба апаи ман суханҳое гуфт, ки аз гуфтани ин суханҳо ба забон намеояд. Ман ба апаам ҳамаи воқеаро фаҳмондам, вале ӯ ба ман бовар накарду ба он марди ношинос бовар карду моро ҳамроҳи худ ба Боғи “Кулли ҷавонон” бурд.

Дар Боғи “Кулли ҷавонон” баъд аз омадан раиси боғро апаам пурсон шуд. Баъд раиси боғ омаду апаам вазъиятро нақл кард, раиси онҷо ба апаам гуфт, ки “он марде, ки Шуморо ба инҷо равон кардааст чаро худаш ҳамроҳатон наомад? Он мард касе, ки буд Шуморо фиреб кардааст”. Боз раиси боғ ба апаам гуфт, ки: “наход ки ту ба хоҳари худ боварӣ надошта бошӣ? Хоҳарат кӯдак аст. Он марде, ки ин суханҳоро ба ту гуфта ҳам бошад, вале ту бояд ба хоҳари худ бовар мекардӣ”.

Соат аллакай ҳафти бегаҳ, торики ҳама ҷоро иҳота карда буд. Раиси боғ гуфт, боз дар охири сӯҳбат бо апаам илова намуд, ки “хоҳарҷон беҳуда ба суханҳои он мард бовар кардед, гуфта намешуд Шуморо ба ягон ҷои хатарнок мебурд. Ҳеҷ вақт ба ин гуна одамон бовар накунед. Ба хонаатон равед ягон фикри беҳуда накунед”.

Мо пасон ба хона омадем дар хона модарам хавотир буд. Модари дугонаам низ дар хонаи мо буд. Модарам ба мо  гуфт, ки  манро хавотир кардед. Шумо дар куҷо будед?

Мо ба модарам ҳамаашро, яъне ҳодисае, ки ба сарамон омад нақл кардем ва модари ману модари дугонаам ба назди ҳамон ҳамсояе, ки бо он марди бо ном Ҷамшед салом карда буд, ба назди ҳамсоя рафта он шахс, яъне Ҷамшедро пурсон шуданд.

Баъд ин ҳамсоя ба модарам гуфтааст, ки ӯ милитсия нест, вай дар рӯ ба рӯи бозори “Шоҳмансур” дар макони лото-бозӣ рафта бозӣ мекунад. Модарам кассам хурд ки уро бурда ба милитсия медихад.

Модарам аз назди ҳамсоя ба хона худ омад ва гуфт, ки субҳ барвақт ман ба назди ӯ меравам. Ҳамин тавр шаб ҳам рӯз шуду, субҳ модарам ба онҷо рафтанд ва ӯро наёфтанд, аз чанд нафар пурсон шуданд, дар ҷавоб маълум шуд, ки имрӯз он мард бо ном Ҷамшед наомадааст.

Модарам гуфтаанд, ки рақамҳои мобилиашро дошта бошед ба ман диҳед? Онҳо рақами он мардро доданду модарам ба ӯ занг зада гуфтааст, ки туро ба милитсия медиҳам. Рости намедонам, ки он мард ба модарам чӣ гуфтааст.

Баъд дар хона модари ман ба мо гуфтанд, ки дар куҷое, ки набошед худро  эҳтиёт кунед, зеро ба мисли ин мард садҳо мардони фиребгар ҳастанд ва ба онҳо бовар накунед. Ҳамин аст ҳодисаи ба сарамон омада.

Ман ба духтарон ҳаминро гуфтани ҳастам, ки бо шахсони ношинон сӯҳбати тулонӣ накунанд ва бо онҳо ба ягон ҷо нараванд, агар вазъияти хатарнок бошад аз онҷо гурезанд ва зуд ба аъзои оила дӯсту равиқон тариқи телефони дастӣ аз ин ҳолат хабар бидиҳанд. Ман мехоҳам, ки духтарони ҳозира ҳама вақт хушёру зирак бошанд.

Маводро омода намуд: Дилафруз БУРҲОНОВА

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh