Ҷиҳод ва фаҳмиш дар бораи он

ponyatiye jihad

Дар замони имрӯза бисёре аз ҷавонони мусалмон барои макон ёфтан дар Ҷаннат ба бисёр корҳои бад, аз ҷумла ба терроризму экстримизм даст мезананд, ки ба диди онҳо ин «ҷиҳод» аст. Ҳоло он, ки онҳо худ маънои аслии ҷиҳодро намедонанд.

Ҷиҳод калимаи арабӣ буда, маънои аслии он кӯшиш, ғайрат, ҷаҳд, ҷадал мебошад. Ин калима ҳам дар истилоҳи Шариат ва ҳам дар гуфтугӯй истифода бурда мешавад. Дар истилоҳи аввал, яъне дар Шариат он ба маънои покиза кардани ахлоқу рафтор, кирдору пиндори ҳар як мусалмон мебошад, то ки дигарон ахлоқу рафтори ҳамидаи инсониро дида хоҳиши мисли ӯ шуданро кунанд, омадааст, ки инро “Ҷиҳоди акбар” (ё “Чиҳоди бузург”) меноманд.

Дуюм истилоҳ, ба маънои мубориза барои ҳуқуқои худ, моли худ, сарзамини худ, ақидаи ростдинии худ мебошад, ки инро “Ҷиҳоди асгар” (ё “Ҷиҳоди хурд”) меноманд.

Аз сабаби надонистани маънои аслии ин калима, бисёре аз ҷавонон ба доми гурӯҳҳои терористӣ афтида, ба фиреби онҳо боварӣ ҳосил мекунанд ва намедонанд, ки мақсади асосии онҳо ин ҷанг кардан ба хотири ба даст овардан ҳокимият аст.

Ба ақидаи бисёре коршиносон ва ҷомеашиносон террористон он шахсонеро интихоб мекунанд, ки дар зери аксҳо, видеоҳои ифротгароӣ, норозигии худро нисбати ягон, масъала фикру ақидаи худро баён мекунанд.

“Онҳо аввал бо ту дӯст шуда ба ту маслиҳат медиҳанд, чизҳои ба ақидаи онҳо “хубу бадро” ба ту таълим медиҳанд ва ҳатто як – ду орзуи туро иҷро мекунанд, баъдан бошад ваъдахои бардурӯғ, ки яке аз чунин ваъдаи ба даст овардани маблағи калон аст, фиреб медиҳанд ва амали ифротгароии худро нисбати ту оғоз мекунанд.

Онҳо “ҷиҳод ин куштани кофирон аст” гуфта онҳоро фиреб медиҳанд. Онҳо бисёртар шахсонеро фиреб медиҳанд, ки аз кам будани савотнокии илмию динӣ, шароитҳои ками молиявӣ, оилавӣ, ҷамъиятӣ ва дигар омилҳои ҳайётӣ азият мекашанд”, - иброз коршиносони соҳа.  

Усмон Исматов, хонандаи гимназияи №74-и ш. Душанбе дар бораи фаҳмиши ҷиҳод чунин мегӯяд: “Ҷиҳод калимаи арабӣ буда, маънояш саъю кӯшиш аст. Аммо, ҳоло бисёре аз шаҳрвандон маънои асосии калимаи ҷиҳодро намедонанд ва онро ба маънои куштор барорбар мекунанд, ки ин тамоман нодуруст аст”.

Дар ҳамин маврид Нигина Сатторова, омӯзгори гимназияи №74-и пойтахт мегӯяд, ки ҳар як инсон ҳаррӯз ҷиҳод мекунад, вале на он “ҷиҳоде”, ки имрӯз ҷомеаро ба нооромӣ овардааст.

“Ҷиҳод ин саъю кӯшиш ба ягон кор аст ва ҳар як фард ҷиҳод шуда метавонад, аммо дар дунёи имрӯза калимаи ҷиҳодро бо маънои дигар истифода мебаранд, ки он куштор дар роҳи Ислом мебошад ва ин фикр ба ақидаи ман комилан ғалат аст”.

Аммо ҳастанд нафароне, ки маънои аслии калимаи ҷиҳодро қисман ё пурра намедонанд ва фиреб кардани ин гуна одамон на он қадар душвор мебошад, илова намуд дар бор омӯзгор Н. Сатторова.

Ба ақидаи Ҷумахон Холназарзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон МТ ҷиҳод ин саъю кӯшиш кардан, барои худро пок кардан аз гуноҳҳои дар гузашта карда мебошад.

Дигар ҳамсӯҳбати мо Амирҷон Мирзоҳуҷаев, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №76-и ш. Душанбе ҷиҳод ин мубориза барои молу мулк, ашё ва дигар ҷизҳое, ки ба ту таалук дошта, мебошад.

Вале, дар ҳамин ду нафар аз пурсиш шудагон маънои аслии ҷиҳодро нодуруст шарҳ доданд, мо шарҳи онҳоро бе истифодаи номи онҳо возеҳ менамоям.

“Ҷиҳод ин мубориза бар зидди кофирон аст, мубориза бо баҳс ва дигар роҳҳо, вале на ин ки куштор мебошад”, мегӯяд як нафар аз пурсиш шудагон.

Дигаре аз пурсиш шудагон чунин иброз менамояд: “Ҷиҳод ин куштор мебошад, ки дар Сурия дида мешавад”.

Бинобар ин фирефтаи ҳама гуна суханоне, ки шуморо ба роҳи бад мебаранд, нашавед ва аз шахсоне, ки ба шумо корҳои ғайри инсониро тавсия медиҳанд, аз онҳо худро дур нигаҳ доред ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарав аз ин воқеа хабар диҳед. Нагузоред, ки ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ, экстримизмӣ ва ифротгароӣ ҷомеаи моро ноором созанд ва Ватани азизи моро ба майдони ҷанг муббадал гардонанд.

Муаллифон: Муниса НАЗАРОВА, Шаҳром САФАРОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh